Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду зани тоҷик дар минаҳои марзи Ӯзбакистон ва моҷарои одамрабоӣ дар марз бо Қирғизистон



Салими Аюбзод

Боз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ин бор занони тоҷик аз таркиши минаҳои сарҳадии Ӯзбакистон ба ҳалокат расиданд ва гурӯҳи зудамали қирғиз таҳти сарварии Бакиш Асатов рӯзи ёздаҳуми август, марзи давлатии Тоҷикистонро гузашта, ба ноҳияи Исфара ворид шуда, се афсари Кумитаи гумруки Тоҷикистонро рабудааст.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАРТАСС иттилоъ доданд, ки боз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ин бор занони тоҷик аз таркиши минаҳои сарҳадии Ӯзбакистон ба ҳалокат расиданд. Тибқи ин хабар ду сокини шаҳри Қайроққуми вилояти Суғди Тоҷикистон хостанд, барои дидорбинӣ ба яке аз деҳаҳои наздимарзии Ӯзбакистон раванд. Аммо ин охирин сафари онҳо шуд. Нирӯҳои марзбонии Ӯзбакистон се сол пеш бо мақсади пешгирӣ аз вуруди мусаллаҳоним Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон марзҳои худро минагузорӣ карданд. Аммо дар ин минаҳо то ҳол мардуми осоиштаи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба ҳалокат расидаанд. Наздики 60 нафар аз аҳолии Тоҷикистон аз инфиҷори ин минаҳо куштаву захмӣ шуданд. Соли гузашта ду шаҳрванди Ӯзбакистон низ дар онҳо таркиданд. Эҳтимол меравад, ки шумораи шаҳрвандони Ӯзбакистон, ки ба минаҳо бархӯрдаанд, зиёдтар аст. Ҳамчунин чорвои мардуми ҳарду тарафи сарҳад дар ин таркишҳо нобуд мегардад. Додситониҳои навоҳии марзии Тоҷикистон дар ин робитабо ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда, мақомоти ҳарбии Ӯзбакистонро гунаҳкор кардаанд. Лекин ягон парванда то маҳкама расонда нашудааст. Дар мулоқоти ахири сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбакистон рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Тоҷикистон зарурати пок кардани марзи миёни ду кишвар аз минаҳо баррасӣ шуда бошад ҳам, дар роҳи ҳалли он тарафи Ӯзбакистон ба хулосаи ниҳоӣ нарасид. Аз марзи нисбатан ороми Тоҷикистону Қирғизистон низ хабари ташвишовар расид. Ба навиштаи Азия-Плюс, додситонии ноҳияи Исфара ба муқобили нирӯҳои зудамали Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Ба маълумоти ин манбаъ, гурӯҳи зудамали қирғиз таҳти сарварии Бакиш Асатов рӯзи ёздаҳуми август, марзи давлатии Тоҷикистонро гузашта, ба ноҳияи Исфара ворид шудааст ва се афсари кумитаи гумруки Тоҷикистонро рабудааст. Ин афсарон Набӣ Нурматов, Фарҳод Сулаймонов ва Аскар Шарифов озод шуда, ба Исфара баргаштанд, вале тарафи қирғиз рафтори нирӯҳои худро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG