Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селоб дар деҳаи Дашти ноҳияи Рошткалъа 24 танро ба ҳалокат расонид



Абдуқаюми Қаюмзод

Беш аз 100 манзил, ду мактаб, чандин километр роҳ ва хатти барқ хароб шуданд.

24 тан аз сокинони деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъа бар асари тахриби сарбанди як кул ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон фоҷиа субҳи рузи чаҳоршанбе рух дод. Бар асари боронгариҳои ахир, оби кул боло рафт ва сарбанди камиқтидорро тахриб кард. Беш аз 100 манзил, ду мактаб, чандин километр роҳ ва хатти барқ хароб шуданд. Ба иттилоъи намояндаи ин вазорат, мардуми деҳот ба ҷойҳои бехабар кучонида шуда бо ғизо ва либоси гарм таъмин гаштанд. Сухангуи вазорати ҳолатҳои иЗтирорӣ Содиқ Шехов ба хабарнигори бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ гуфт, гуруҳҳои зудамали вазорат ба таври оҷил ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

XS
SM
MD
LG