Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: қочоқи маводи мухаддир таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ



Мирзои Салимпур

Имконоти Русия хеле маҳдуданд, чунки Маскав тавони бастани марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва васоили таъсир ба вазъи дохили Афғонистонро надорад.

Русия густариши қочоқи маводи мухаддир ба сӯи ин кишварро таҳдиди фазоянда ва ҷиддӣ ба амнияти миллиаш арзёбӣ мекунад. Хабаргузории ЕйПи менависад, Русия ба як масири умдаи интиқоли маводи мухаддири афғонӣ ба бозорҳои Аврупо табдил ёфтааст. Ба Русия аз Украинаву Полша кӯкнор, аз Чин ефедрин ва аз Амрикои Лотинӣ кокаин низ ворид карда мешаванд, аммо миқёси тиҷорати ҳеҷ як аз ин анвоъи маводи мухаддир бо ҳероини афғонӣ баробар намеояд. Шумораи воқеъии мӯътодон дар Русияро бештар аз 3 милён нафар тахмин мезананд, ки аксаран истифодаи ҳероинро бар анвоъи дигари маводи мухаддир тарҷеҳ медиҳанд. Мақомоти Маскав мегӯянд, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон дар пайи маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор каме коҳиш ёфт, вале акнун ҳероини афғонӣ бо вусъати бесобиқае мавқеаш дар бозорҳои Русияро дубора барқарор мекунад. Тибқи омор, фақат дар соли ҷорӣ беш аз ним тонна ҳероин дар дохили Русия ва тақрибан 1 тонна аз сӯи марзбонони рус дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мусодира шудааст.

Олег Харичкин, муовини идораи вазорати умури дохилаи Русия дар риштаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мутмаин аст, ки бо расидани ҳосили нав дар нимсолаи дуввуми сол қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон боз ҳам меафзояд. Ба ҳисоби ӯ, феълан дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистони Афғонистон тақрибан 7 тонна афюн ва 2 тонна ҳероин барои интиқол ба бозорҳои Русияву Аврупо халта шудаанд. Аммо Русия дар танҳоӣ тавони ҷилавгирӣ аз ҳамлу нақли маводи мухаддири афғониро надорад ва афюну ҳероин ҳамарӯза дар дохили чормағзу карам, дар батни занони ҳомила ва бо роҳҳои дигари қочоқӣ вориди Русия мешаванд.

Мӯъмин Шокиров, хабарнигори Родиёи Озодӣ дар Маскав мегӯяд: "Имконоти Русия хеле маҳдуданд, чунки Маскав тавони бастани марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва васоили таъсир ба вазъи дохили Афғонистонро надорад. Ин ду кишвар дар ниҳояти фақр ба сар мебаранд ва азбаски қочоқи маводи мухаддир фоидаи зиёд меорад, нафақат мардуми оддӣ, балки сохторҳои ҷиддие дар Тоҷикистону Афғонистон ба тиҷорати он машғуланд. Аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чунки бе мусоидати онҳо ҳамлу нақли маводи мухаддири зиёд аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Русия номумкин аст."

Ниҳодҳои интизомии Русия мегӯянд, қочоқбарон дар интихоби бозори фурӯш дар Русия бар манотиқе бартарӣ медиҳанд, ки сатҳи зиндагии мардумаш хубтар бошад. Шаҳри Екатеринбург, маркази минтақаи санъатии Урал дар чанд соли охир ба як бозори бузурги тиҷорати маводи мухаддир ва масири ҳавоии Душанбе -- Екатеринбург ба як василаи умдаи интиқоли маводи мухаддири афғонӣ ба Уралу Сибир табдил ёфтааст. Фёдор Аникеев, корманди масъули идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар шаҳри Екатеринбург мегӯяд, занони фақири ҳомила дар ивази 500 доллар ҳероинро дар батни худ ҷой ва ба Екатеринбург интиқол медиҳанд.

Ба ақидаи Назир Салимов, раҳбари ин идора, даст доштани мақомоти интизомии Тоҷикистон низ як омили афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз роҳи ин кишвар шудааст. Ӯ мегӯяд, моҳи июн кормандонаш ду афсари вазорати дохилаи Тоҷикистонро дар шаҳри Екатеринбург ҳангоми фурӯши миқдори бузурги ҳероин боздошт кардаанд.

Мӯъмин Шокиров поин бурдани мизони фақр дар Тоҷикистону Афғонистон, тақвияти марзҳо ва вуруди режими визоӣ дар байни Тоҷикистону Русияро як роҳи ҳалли масъала меҳисобад: "Русия метавонад бо ҷорӣ кардани режими визоӣ бо Тоҷикистон вуруди қочоқбарони маводи мухаддир ба қаламравашро коҳиш диҳад, аммо Маскав ҳанӯз барои чунин иқдом дар муқобили ягона шарики стротежиаш дар Осиёи Марказӣ омода нест."

Анатолий Берестов, роҳиби православӣ ва муассиси як маркази табобати мӯътодони маводи мухаддир мегӯяд, мақомоти Русия умдатан на қочоқбарону фурӯшандагони маводи мухаддир, балки танҳо мӯътодонро ба масъулият мекашанд.

Омори расмӣ шумораи мӯътодон дар қаламрави Русияро 450 000 нафар ҳисоб мекунад. Тибқи ин омор, 70 дар сади мӯътодон ҷавонони то 25-сола буда, аксари онҳо истеъмоли маводи мухаддирро дар синни 14 ва 15 шурӯъ мекунанд. Ба маълумоти хушбинонаи мақомоти ҳифзи сиҳҳати Русия шумораи нашъамандон дар байни ҷавонони то 18сола дар соли ҷорӣ 30 дар сад коҳиш ёфтааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, воқеъият аз омори расмӣ хеле фарқ мекунад. Дар кишвар як барномаи фарогири табобати нашъамандон вуҷуд надорад ва онҳо дар рӯёрӯи ин хатар ба ҳоли худ гузошта шудаанд. Фақат дар се соли охир қимати 1 грамм ҳероин дар бозори сиёҳи шаҳри Маскав се маротиба боло рафт ва ба 30 доллар баробар шуд. Аммо бо ин вуҷуд, шумораи ҳар чӣ бештари ҷавонони рус дар ҷустуҷуи роҳи раҳоӣ аз мизони фақр, зиндагии ноосуда, бекорӣ ва соъири мушкилоти иҷтимоӣ пойбанди ҳероин мешаванд. Ва чунон ба назар мерасад, ки насли ҷавони Русия батадриҷ ба ҷойи пепси ҳероинро интихоб мекунад.

XS
SM
MD
LG