Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба як ширкати ғайридавлатӣ иҷозати пахши барномаҳои телевизионҳои хориҷӣ дар пойтахти Тоҷикистон дода шуд



Хоҷаи Мирзода

Акнун бо насби таҷҳизот ва пардохти ду доллар ҳаққи истифодаи моҳона аз хадамоти ширкати телевизионии "ТВ Сервис" сокинони шаҳри Душанбе метавонанд, ки барномаҳои 10 канали хориҷӣ ва ду канали маҳаллиро тамошо кунанд.

Дар паи ваъдаи пахши барномаҳои радиои мустақили Азия Плюс мақомоти Тоҷикистон ба як ширкати ғайридавлатии телевизионӣ иҷозати пахши барномаҳои телевизионҳои хориҷӣ дар қаламрави пойтахти Тоҷикистонро доданд. Акнун бо насби таҷҳизот ва пардохти ду доллар ҳаққи истифодаи моҳона аз хадамоти ширкати телевизионии "ТВ Сервис" сокинони шаҳри Душанбе метавонанд, ки барномаҳои 10 канали хориҷӣ ва ду канали маҳаллиро тамошо кунанд.

Мо аз Вадим Энгелгард маъмури молии ин ширкат хоҳиш кардем, ки ба шунавандагони РО дар бораи тарзи фаъолият ва ба истилоҳ "моли мавриди фурӯш": каналҳои хориҷие, ки дар ихтиёри муштариёни ТВ СЕРВИС хоҳанд шуд, иттилои бештар диҳад:

Вадим Энгелгард: "Феълан ширкати мо ба 12 канал дастрасӣ дорад ва раиси кулл кӯшиш мекунад, ки бо канали Фокс Кидс созишнома ба имзо расонад. Мо чизеро тарҷима намекунем.Тавре ки барномаҳоро қабул мекунем, ҳамон тавр пахш мешаванд. Ҳаққи нимсолаи истифода 10 долларро ташкил медиҳад, яъне ду доллар арзон мекунем. Истифодаи ҳар моҳа бошад, ба ду доллар баробар аст. Мо каналҳои Душанбе, Анимакс, Култура, ЭМСИЭМ,Арт-музика,ТВ-3, Арт-кино , 7-тв, канали варзишӣ, супер канал ва канали худи ТВ Сервисро дар ихтиёри муштариён мегузорем.Аз ин байн ҳашт канал русӣ мебошад. Мо корамонро ҳамин ҳозир оғоз намудаем ва ин рӯ тавсеа наёфтаем ва фоидае ҳам нагирифтаем."

Иҷозати пахши барномаҳои каналҳои телевизионии хориҷӣ аз ҷониби ТВ Сервис ва ваъдаи тақдими иҷозат барои пахши барномаҳои радиои Азия-Плюс як рӯйдоди наздик ба инқилоб дар бозори воситаҳои ахбори умуми Тоҷикистон шумурда мешавад. Аммо чанд рӯз пеш ҳуқуқшиноси тоҷик Ҷунайдуллоҳ Ибодов дар саҳифаҳои рӯзномаи "Народная Газета" чопи Душанбе тарзи тақдими иҷозатнома ё худ лицензияи пахши барномаҳо аз ҷониби Кумитаи Радиову Телевизиони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода, навишта буд, ки бар пояи дастури Кумитаи Радиову Телевизион аз 25 маи соли 2001-ум ин ниҳод худро бо салоҳиятҳои бемаҳдудият муҷаҳҳаз намуд. Акнун радиову телевизионҳои мустақил на рақиб, балки ғайримустақиман зердасти Кумитаи давлатӣ шудаанд. Ба қавли Ҷунайдуллоҳ Ибодов 3 июл дар зери аризаи Азия Плюс муовини раиси кумитаи радиову телевизион Муҳаммад Ғоибов хулоса кардааст, ки "дар ҳоли ҳозир мавҷудияти чунин барнома зарур нест." Ҳуқуқшиноси тоҷик суол кардааст, ки аз рӯи кадом меъёрҳо аъзои Комиссияи лицензионӣ беаҳамиятии радиои Азия Плюсро муайян кардаанд?

Ба Ҷунайдуллоҳ Ибодов хотирнишон сохтам , ки баъди мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар таърихи 29 июл раиси агентии Азия Плюс Умед Бобохонов ваъдаи пахши барномаҳо дар рӯзи истиқлоли Тоҷикистон 9 сентябрро ба даст овард. Аз Ҷунайдуллоҳ Ибодов пурсидам, ки агар мақоларо имрӯз менавиштед, оё хулосаҳои дигар мебаровардед ё фикри Шумо тағйир наёфтааст?

Ҷунайдуллоҳ Ибодов:"Маҷмӯи фаоълияти ташкилотҳои байналхалқӣ, худи муносибати президенти кишвар, ки на як бору ду бор муносибати позитивии худро гуфта буданд ва умуман муҳите, ки имрӯз ба ҳар ҳол пайдо шуда истодааст, ҳаминро мусоидат намуданд, ки ҳамин масъалаҳо ҳалли худро ёбанд. Вале ман фикр намекунам, ки ин шакли ситематикӣ мегираду боқимонда масъалаҳое, ки пайдо мешаванд, ҳамин гуна мусбат ҳал хоҳанд шуд. Ман, мутаассифона, ин хел фикр намекунам, чунки худи дахолати бевоситаи, фарз кардем, президенти мамлакат, ки ба Азия Плюс лицензия дода шавад, як истисност. Набояд ин хел бошад. Бояд қонун амал кунад, меъёрҳои ҳуқуқӣ амал кунанд, на танҳо як иродаи шахсии мақомоти баландпоя... Инро хуш омадед мегӯем! Аммо масъалаҳо дар давлате, ки иддаои давлати ҳуқуқбунёдро мекунад , мушкилиҳо набояд ин тавр ҳал шаванд."

Аммо Муҳаммад Ғоибов муовини Раиси Кумитаи Радиоиву Телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон ин гуфтаҳоро қатъиян рад мекунад: "Мақсади мо ин аст, ки дар тамоми ҷабҳаҳо як мусобиқа, як озмуне бошад, ки барои беҳтар шудани корҳо ва ояндаи ҳамон соҳа хидмат карда тавонад. Аз ҷумла Комиссияи лицензионии мо ҳам ҳамаи ҳуҷуатҳоеро, ки ворид мешаванд, дар як муддате ба навбат, паи ҳам мехонанд, меомӯзанд ва хулосаҳои худро мебароранд. Аз моҳи сентябр ба ин тараф чандин ҳуҷҷат , ки қариб як китоб ҳастанд, омӯхта шуданд, баъзеҳо, ки ҳатто бо сабабҳои объектививу субъективӣ кори худро қатъ карда буданд, мо лицензияашонро барқарор кардем. Масалан, мо шароити телевизиони "Сомониён"-ро ба инобат гирифтем ва барои барҳам нахӯрдани лицензияи онҳо илова махсус дохил намдуем. Ба ғайр аз он баъди омӯхтани ҳуҷҷатҳои ду телевизиони кабелӣ онҳо низ лицензия гирифтанд. Ғайри як "Азия-Плюс" ягон кас аз мо даъво надорад. Дар он ҷо ҳам, дар ҳуҷҷатнигориашон буд ё дар ҷои дигаре, аъзои комиссия ба як мувофиқа наомаданд ва мо ҷавоб додему ба онҳо вақти ислоҳи онро додем. Дар ин миён онҳо беиҷозат аз лицензияи дигарон истифода бурда, барномаи телевизионии худро пахш карданд, ки ин ҳам мумкин нест. Агар хӯрдагирӣ кунем, ҳар кас гуноҳи каси дигарро меёбад. Лекин ин ҳам ҳал мешавад. Дар мо ҳама эҷодкор аст. Ягон "чиновник" надорем. Эҷодкор нисбати эҷодкор назари танг надорад. Дар комиссияи мо намояндагон аз муассисаҳои гуногун: аз вазорати алоқа, дигар созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла телевизиони "Пойтахт" аъзо ҳастанд. Дар оянда мо мақсад дорем, ки беҳтарин барномаҳои телевизионҳои ғайридавлатиро дар телевизиони Тоҷикистон пахш карда мешаванд. "

Вале боз ҳам Ҷунайдуллоҳ Ибодов ин посухро қабул надорад. Ӯ мегӯяд: "Бояд як мақомоти махсуси ҷамъиятӣ-давлатӣ ташкил карда шавад, ки аз он ҷумла дар шароити конкурс тақдим намудани иҷозатномаро бар ӯҳда бигирад. Ин ташкилоти соф давлатӣ набошад ва махсус ҳам набошад. Кумитаи Радиоиву телевизион дар шароити ҳозира манфиатдор нест, ки ташкилотҳои ғайридавлатии радиову телевизион пайдо шаванд, чунки он гоҳ рақобат мешавад ва мо хоҳем дид, ки сифату маъниву мундариҷаи барномаҳои телевизиони давлатӣ ба рақобат тоб нахоҳанд овард. Ин тарс ҳам ҳаст. Тарси асосӣ боз аз даст рафтани ҳокимият аст. Онҳо албатта хеле муқовимат хоҳанд кард . Вале аз нуқтаи Конституцияи кишвар ва қонун дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ, ки он ҳам кӯҳна шудааст, ташкили як ниҳоди давлатӣ-ҷамъиятӣ ва бетараф зарур аст , ки бевосита бо ҳамин масъала машғул шуда, рақобати озодро дар бозори медиа ташкил кунад. Аз ин ҷиҳат ҳамон низомномаи тақдими лицензия, ки мо зери танқид гирифтем, на танҳо ба Конституция , балки ба ақли солим мутобиқат намекунад."



XS
SM
MD
LG