Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вошингтон Пост" дар бораи Тоҷикистон



Баргардони Нурмуҳаммади Холзода

"Дар беҳтарин ҳолат Тоҷикистон кишвари фақире метавонад бошад, ки хуб идора мешавад".

Роберт Кайзер-рузноманигори амрикоӣ дар рузномаи "Вошингтон Пост" дар бораи Тоҷикистон мақолаеро ба нашр расонда гуфтааст, ки дар ин кишвари беш аз шаш милён нафарӣ 80 дарсади аҳолӣ дар ҳолати фақр ба сар мебарад. Аз ҳар се кудак як нафар ба гуруснагӣ ру ба руст. Ба навиштаи "Вошингтон Пост", ҳудуди як милён нафар аз мардони тоҷик барои гузарони зиндагӣ дар ҷустуҷуи кор ба Руссия рафтаанд. Миқдори зиёди ҳероин, ки дар Аврупо истифода мешавад, аз қаламрави ин кишвар мегузарад ва шумораи муътодони маводди мухаддирро руз то руз афзоиш медиҳад. Ричард Кайзер дар мақолаи худ менависад, ришвахорӣ имкон намедиҳад, ки сармоягузорон ба иқтисоди ақибмондаи Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Тоҷикистон захоири ночизи табиъӣ дорад ва гозу нафт ҳам надорад.

Будҷаи давлатӣ барои соли 2002 танҳо 175 милён доллари амрикоиро ташкил мекунад, ки ду баробар камтар аз будҷаи як варзишгоҳи бейсболи Амрико мебошад. "Вошингтон Пост" менависад, бо вуҷуди ин, мардум дар кучаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар бораи пешрафти иқтисод, вазъи ороми сиёсӣ бо дилгармӣ суҳбат мекунанд. Баъд аз фурупошии Шуравии собиқ муборизаи нируҳои мухталиф барои бадаст даровардани қудрат ин кишварро ба ҷангҳои дохилӣ кашонд. Ба навиштаи рузнома, дар ин ҷангҳо аз 65 то 150 ҳазор нафар кушта ва беш аз як милён нафар муҳоҷир шуданд. Баъд аз панҷ соли ҷанг, дар соли 1997, яъне замоне ки бо кумаки нируҳои Руссия мустақар дар Тоҷикистон давлат мухолифони исломии худро шикаст дод, мувофиқатномаи сулҳ имзо шуд. Вале хатари ҷанг танҳо соли гузашта бартараф шуд. То он вақт давлати Тоҷикистон борҳо ба ҷаҳониён ҳушдор дода буд, ки ҷунбиши Толибон ба сулҳи байналмилалӣ таҳдид мекунад.

Баъд аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябр ба Амрико ва оғози мубориза алайҳи террорзм дар Афғонистон Тоҷикистон мехост бо ҳар роҳ ба Амрико кумак кунад ва пешниҳод кард, ки фурудгоҳҳои низомии худро барои чунин мубориза дар ихтиёри Амрико мегузорад. Вале дар лаҳзаҳои охир вақте, ки таҷҳизот барои ин пойгоҳҳои низомӣ ба роҳ баромад, Пентагон тасмим гирифт, ки фурудгоҳи Манаси Қирғизистонро интихоб мекунад. Рузномаи "Вошингтон Пост" меафзояд, Тоҷикистон мисли кишварҳои Осиёи Марказии Шуравии собиқ, истиқлолияти комил надорад ва то ҳол барои ёфтани роҳи худ мубориза мекунад. Як диплумоти ғарбӣ ба хабарнигори ин рузнома гуфтааст, ки давлати Тоҷикистон барои рушди иқтисод чорае надорад ва намедонад барои пешрафти он чӣ кор кунад. Умедаш ба кумакҳои хориҷист ва ба андозаи кофӣ ин кумакҳоро дарёфт кардааст. Вале дар иқтисод пешрафт дида намешавад. Ришвахорӣ, назорати беш аз ҳад, сиёсати бебанду бори андозситонӣ ва бефаъолиятӣ пешрафти бахши хусусии иқтисодро боздоштааст.

Рузномаи "Вошингтон Пост" навиштааст, ки ҳоло Афғонистон 90 дарсади ҳероини мавриди истифода дар Аврупоро тавлид мекунад ва ин мавод дар роҳи худ ба бозорҳои Аврупоӣ аз Тоҷикистон мегузарад. Бино ба гуфтаи як мақоми аршади Амрико, тоҷикҳо аз тиҷорати ин мавод соле 200 милён доллар ба даст меоранд. Як дипломати дигари ғарбӣ тахмин задааст, ки пули маводи мухаддир аз се як ҳиссаи даромади нохолиси тавлидоти дохилӣ дар Тоҷикистонро ташкил мекунад. "Вошингтон Пост" менависад, самараи ин тиҷорат, яъне мошинҳои Ягвар ва Мерседесро дар кучаҳои Душанбе дидан мумкин аст. Ғайр аз ин, дар паси деворҳои баланд виллаҳо қомат меафрозанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин кишвар тақрибан 20 ҳазор нафар муътод ба маводди мухаддир шудаанд. СММ барои мубориза бар зидди қочоқи ин мавод Ожонсии Назорат бар ин маводро таъсис дод ва акнун ба 350 афсар дастмузди хуб медиҳад, то онҳо аз қочоқчиён ришва нагиранд. Ҳоло дар майдони ҷаримавии Ожонсии Назорат бар маводди мухаддир мошини Мерседес, Крайсер ва амсоли онро метавон дид, ки кормандони он ҳангоми ҳамлу нақли маводи мухаддир боздошт кардаанд.

"Вошингтон Пост" дар мақолаи худ менависад, яке дигар аз манобеъи даромад барои Тоҷикистон дастмузди ночизи мардикорони тоҷик дар Руссия аст ва ин даромад сарчашмаи аслии ризқу рузии хонаводаҳои тоҷик мебошад. Вале ин мардикорон барои интиқоли пули худ аз Руссия ба Тоҷикистон мушкилиҳои зиёд доранд. Ба назари бисёре аз нозирони хориҷӣ поён додан ба фақр дар Тоҷикистон бисёр мушкил аст. Як амрикоӣ ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, ба абарнигори "Вошингтон Пост" гуфтааст: "Дар беҳтарин ҳолат Тоҷикистон кишвари фақире метавонад бошад, ки хуб идора мешавад".

XS
SM
MD
LG