Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр Худойназаров филми навашро ба кинофестивали Ветенсия пешбарӣ намекунад



Хиромон Бақозода

Мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо коргардони тоҷик оиди филми наваш "Шик."

Мухолифат бо сиёсати ҳукумати вақти Итолиё ба раҳбарии Силвио Берлусконӣ яке аз сабаҳои аслии пешбарӣ нагардидани филми нави коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров ба кинофестивали Ветенсия мебошад. Дар мусоҳиба ба радиои "Озодӣ" вай гуфт, ғайр аз ин қаблан ду филмаш бо номи "Қош ба қош" ва "Падари маҳтобӣ" дар ин озмун муваффақона ширкат доштанд. Дар бораи сарнавишти минбаъдаи филми наваш бо номи "Шик" худи коргардон мегуяд:

"Он ба ҳамин тарз дар кинотеатрҳо ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Эҳтимол дорад намоиши аввал дар Ню Йорк баргузор гардад. Вале мо ҳануз мутмайин нестем. Ҳама тасмим аз ширкати Ворлд Сейл бастагӣ дорад, ки он стратегияи филм ва дар куҷо баргузор шудани премераи онро муайян мекунад."

Дар бораи он ки оё филми навбатии коргардони тоҷик ба озмуни байнулмилали "Оскар" гузошта хоҳад шуд, Бахтиёр Хулдойназаров гуфт, ки ҳама чиз ба вокуниши тамошобин вобаста аст. Вай гуфт:

"Мебинем. Агар мо вокуниши хуби тамошобинро дидем, он гоҳ ба қароре мерасем. Ин филм барои мо хеле арзиши баланд дорад, вале мо намедонем, ки онро тамошобин чӣ гуна қабул хоҳад кард. Филм ба давраи кудакии ман ва дустонам бахшида шудааст. Он дар бораи 3 наврас ҳикоя мекунад. Ҳодисаҳо дар назди баҳри сиёҳ, дар шаҳраки тахайюлӣ мегузаранд. Ин шаҳр то андозае ватани ман Душанберо ба ёд меорад."

Ба саволи радиои "Озодӣ" оид ба он ки чаро Бахтиёр Худойназаров дар филмҳояш аз хизмати ҳунармандони тоҷик камтар истифода мекунад, вай гуфт, мутаассифона феълан вазъи сиёсиву иҷтимойии кишвар ба камолоти касбии актерони тоҷик низ таъсири манфӣ гузоштааст. Ва аммо афзуд, ки аз руи имкон ба ҳамкории чеҳраҳои саршиноси санъати тоҷик ба мисли Ато Муҳаммадҷонов омода аст.

XS
SM
MD
LG