Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозорҳои молии ИМА рӯ ба беҳбуд ниҳоданд



Хоҷа Мирзода

Кай пули сармоягузорони тоҷик аз сандуқи зери курпаҳо берун шуда, мисли Амрико ба тараққии кишвар масраф хоҳад шуд?

Ҳукумати ИМА дар муқобили раҳбарони фосиди ширкатҳои варшикаста, ки бо роҳҳои ҷиноӣ сарватманд шудаанд, мавқеи шадиде ихтиёр намуда, тасмим гирифтааст, ки эътимоди сармоягузоронро барқарор кунад.

Рӯзи чоршанбе мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи шаҳри Ню-Йорк панҷ раҳбари яке аз бузургтарин ширкатҳои телевизиони ИМА-ро боздошт намуданд. Чанде пеш ширкати "Аделфия комюникейшнс"-и зери раҳбарии онҳо худро муфлис эълон карда буд. Агар ҷурми панҷ раҳбар собит шавад, онҳо то сӣ сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд. Дар айни замон ҳукумати ИМА лоиҳаи қонуни нави тафтиши фаъолияти молии ширкатҳо ва мубориза бо ҷиноятҳои ба истилоҳ корпоративӣ, яъне соҳаи бизнесро баҳс дорад. Президенти ИМА Ҷорҷ Буш гуфт, ки лоиҳаи муштараки Сенат ва Маҷлиси Намояндагон: ду палатаи Конгрессро ба имзо хоҳад расонд. Бар пояи қонуни нав фиреб кардани сармоягузорон душвор мешавад, зеро тафтиши фаъолияти молӣ аз ҷониби як ниҳоди мустақил ба амал меояд. Сониян, раҳбарони фосид ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шуда, масъули бозгардони пулҳое мешаванд, ки аз роҳи ҷиноӣ ба даст овардаанд. Феълан аксари сармоягузорони амрикоӣ, ки нисфи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, шикоят доранд, ки ҷинояткорони куртасафед ва ё гиребонсафед, яъне соҳибкорон сарвати мардумиро ба яғмо бурда, ҷазои сабук мегиранд. Баъди муддати кӯтоҳи ҳабс онҳо, ба озодӣ баромада то охири умр аз ҳисоби пули дуздидаашон кайфу сафо мекунанд. Тавре ба назар мерасад, таҳаввулоти рӯзи чоршанбе ба эътимоди сармоягузорон таъсири мусбат гузошт. Аввалан, нархи саҳмияҳои ширкатҳои бузургтарини амрикоӣ бо суръат баланд шуданд. Ҳамчунин пастравии доллар низ қатъ шуда, қурби нақдинаи Амрико дар муқобили евро ва дигар асъори эътирофшуда боло рафт. Хонум Маргарет Блайр иқтисодшинос аз маркази Брукингси Вашингтон мегӯяд, ки тамошои ҳабси раҳбарони ширкати Аделфия ва иқдомҳои Конгресс аз ақлу ҳуши сармоягузорон берун намонд:

"Шояд ин болоравии нархҳо бе гирифтани итминони нерӯманд аз ҷониби Конгресс ва Президент, ки мехоҳад касби муҳосибро мустақилтар намояд, ба вуқӯъ намепайваст."

Маргарет Блайр илова мекунад, ки сармоягузорон ҳатман иқдомҳои баъдӣ ва иҷрои қонуни навро назорат хоҳанд кард ва идомаи барқароршавии бозорҳои молӣ аз он вобаста хоҳад буд. Аммо таҳаввулоти ахири бозорҳои молии ҷаҳонӣ ва пасту баланд шавии қурби пулҳои эътирофшуда дар Тоҷикистон тақрибан ҳеҷ осоре нагузоштааст. Доллар тахминан ба се сомонӣ баробар асту евро, ки ба як доллар наздик мебошад, дар нуқтаҳои табодули асъор ба чашм намехӯрад. Дарёфти сабаби ин ҳолат низ душвор нест. Сокинони Тоҷикистон аксарият пулҳои худро дар сандуқи зери курпаҳо пинҳон мекунанд, хона ва ё мошин мехаранд. Хуллас пул аз вазифаи асосии худ танзими табодули мол, яъне ҳаракат боз мемонад.

Дар арафаи сабти барнома бо як хонуми ҷавони тоҷик: ходими як муассисаи байналмилалӣ ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ чанд доллари ҳамон рӯз гирифтаашро ба сомонӣ табдил намуда, мехост барои рӯзи мабодо тилло харад. Аз ӯ пурсидам: Оё наметарсед, ки тиллоро дузд мебарад? Оё беҳтар нест, ки пул дар Бонк ба Шумо фоиз орад? Ӯ мегӯяд: "Ман пули худро тилло карда, захира мекунам ва дар ҷое мемонам, ки дузд назанад. Ман имрӯз пули худро табдил намудам. Вақтҳое мешаванд, ки доллар паст мешавад. Нисбати он тилло беҳтар аст. Ҳазор ҳодиса шуданаш мумкин. Пулам метавон сӯзад. Ҳастанд одамоне, ки доллар мехаранд, баъзеҳо хона, мошин мехаранд. Масалан, ман тилло гуфтам, ҳар кас ба чизе бовар дошта бошад, ҳамонро мехарад. Ҳастанд шахсоне, ки ҳатто ба Бонкҳо бовар доранд....."

Аз мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисоди назди вазорати Иқтисоду савдои Тоҷикистон профессор Нуриддин Қаюмов пурсидам, ки бо кадом роҳ эътимоди сармоягузорони дохилӣ: мардуми Тоҷикистонро метавон эҳё кард, то пул аз сандуқҳо берун шуда, ба тараққии ба иқтисод равона гардад?

Профессор Қаюмов: "Албатта дар тамоми ҷаҳон сармоягузории дохилӣ, ба истилоҳ пасандози мардум сармоягузории асосиро ташкил медиҳад, аммо мо дар хотир дорем, ки мақомот ба истилоҳ "деноминация", яъне аз ба ҳазор мартаба коҳиш додани рақами пулро ба амал бароварда, мардумро комилан қашшоқ карда буд. Аз ин рӯ боварӣ ба бонкҳо нест. ....."

Савол: Хуб ба шунавандаи мо чӣ маслиҳат медиҳед? Онҳо пули худро дар куҷо ҳифз намоянд? Профессор Қаюмов:

"Албатта дар бонкҳо. Вале Бонкҳо низ бояд фоизи муносиб диҳанд. Бар илова мо як барномаеро тарҳрезӣ карда истодаем, ки тараққии кишвар то соли 2015-ум унвон дорад. Яке аз бахшҳои муҳими ин барнома ба шаффофияти кори муассисаҳо тахсис дода мешавад. Мо бояд донем, ки пулҳо аз куҷо омадаанд, кӣ чӣ қадар қарз гирифтааст ва онро чӣ гуна масраф намуд? Чизе набояд пинҳон монад. ...."

Шояд ҳамон вақт хонуми ҷавони ҳамсӯҳбати мо тиллоҳои дар тули сездаҳ соли оянда харидаашро фурӯхта, маблағи онро дар бонк ҷой диҳад.

XS
SM
MD
LG