Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳри Веймари Олмон намоишгоҳи нигораҳои қаламкашони ҷавони Осиёи Марказӣ баргузор шуд



Хиромони Бақозода

Вале нафаре ҳам ҳунари рассомии тоҷикиро муаррифӣ накард. Намоишгоҳи бо номи "Самтгирии дубораи санъати Осиёи Марказӣ", ки имрӯзҳо дар шаҳраки Веймар пиёда шудааст, бори дигар ҳамойиши фарҳангҳои шарқу ғарбро дар замони нав таъкид мекунад.

Веймар, шаҳраки ороми Олмон, 60 ҳазор аҳолӣ дорад. Ва аммо маҳз ҳамин шаҳрак манзили донишмандону нависандагони барҷастаи ҷаҳонӣ, ба мисли Волфганг Ҳете, Фредерих Шиллер ва Фредерих Нитсше будааст. Мегӯянд, Ҳете тариқи "Девони шарқиву ғарбӣ" ва Нитсше бо асари фалсафиаш "Чунин гуфт Зардушт" фарҳанги шарқиву форсиро ба олмониён ошно карданд. Имрӯз дар Веймар муҷассамаҳои Ҳете ва Ҳофизи Шерозӣ душодуши ҳамдигар қомат афрохта мисли ин ки хомушона баҳси фалсафии шарқу ғарбро таҷассум мекунанд. Намоишгоҳи бо номи "Самтгирии дубораи санъати Осиёи Марказӣ", ки имрӯзҳо дар шаҳраки Веймар пиёда шудааст, бори дигар ҳамойиши фарҳангҳои шарқу ғарбро дар замони нав таъкид мекунад. Аҳли санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маърази тамошои мардуми Аврупо на фақат нигораҳои рассомиву аккосиро пешниҳод кардаанд. Фарҳанги имрӯзаи осиёйӣ тариқи наворҳои видеойӣ низ муаррифӣ шудааст. Френк Мотс, раҳбар ва ташаббускори аслии намоишгоҳи мазкур ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, кулли ширкаткунандагон ҷавон буда, синнашон аз 38 боло нест. Вай гуфт:

"Он чизе, ки дар ин кишварҳо сурат мегирад, як навъ таҷдиди моҳиятест, ки аз низоми шуравӣ берун шуда ғояҳои исломӣ ва дини исломро таҷдиди назар кардааст. Ва ин ҳам як эъмори ҷаҳонбинии ҷавонон аст, ба вижа қаламкашони ҷавон, ки дар пайи дарёфти роҳи комилан нави ҳаёти худ, муҳаррири моҳияти зиндагӣ ҳастанд. Ва ин ҳам барои рушд ва бунёди санъат нигаронида шудааст".

Санаъатшиносони сатҳи ҷаҳонӣ, ки эҷодиёти қаламкашони осиёиро мушоҳида мекарданд, мегӯянд, дар осори рассомони ҷавон хотираҳои замони гузашта эҳсос мешавад. Френк Мотс дар ин робита мегӯяд, баъзе нигораҳо ба таври рушан вазъи феълии сиёсии кишварро ишора кардаанд, ба мисли Узбакистон. Дар нигораҳои аккосии Ёрбосин Мелдибоков аз Қазоқистон тамаркуз ба вазъи имрӯзаи иҷтимойии кишварҳои минтақа равона шудааст. Дар силсилааксҳои Елена ва Витор Воробёв мавзӯи оиладорӣ дар пасманзари тағйироти солиёни ахир ифода шудааст. Қаламкаши олмонӣ Андреа Дитрих, як ширкаткунандаи ин намоишгоҳ мегӯяд, нигораҳо на танҳо ҷавобгӯи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ҳастанд, онҳо таҳаввулоти фарҳангиву суннатии мардуми минтақаро ҳам бозгӯӣ мекунанд:

"Ба назари ман ин минтақа доройи тафовутҳои зиёдест. Фарқи миёни фарҳанги куҳан ва атиқа, ва дар баробари ин маданияти имрӯзаи кишварҳо, баъди пошхурии Шӯравӣ ба назар мерасад. Тафовути миёни ҳаёти бодиявӣ ва мулкии замонавӣ дар кишварҳои собиқи социалистӣ. Ҳамчунин шумо дар баробари фарҳанги шаманӣ таҳрирҳои ҷадиди исломиро соҳибед. Ва ҳамаи ин чизҳо гӯё дар як дег омехта шудааст".

Ҳамин вижагиҳои умдаи махлутияти фарҳангу ҷаҳонбиниҳои мухталиф дар намоишгоҳи олмонии "Самтгирии дубораи санъати Осиёи Марказӣ" ба андешаи санъатшиноси ғарбӣ Франк Мотс намунаи кучаки сиёсати байнулмилалро таҷассум кардааст. Дар шумули рассомони шинохтаи кишварҳои минтақа, Абдусайид Отабеков аз Узбакистон, Ёрбоссин Мелдибеков аз Қазоқистон, ҳатто як оилаи рустабори Туркманистон Елена ва Виктор Воробёв низ ҳузур доранд. Ва аммо тавре аз Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи олмонии ҳунарҳои Осиёи Марказӣ нафаре ҳам санъати нигоришии тоҷиконро муаррифӣ накардааст. Ҷонишини раҳбари ин ниҳод Юсуф Сангов изҳори ташвиш кард, ки вақтҳои ахир рассомони Тоҷикистонро ба чунин маъракаҳои байнулмилал даъват намекунанд. "Ва худи мо ҳам пул надорем, ки мустақиман намояндагони худро ба Олмон ва ё ҷои дигаре равон кунем", гуфт вай.

XS
SM
MD
LG