Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 53 кило ҳероини дигар дар марз бо Афғонистон



Мирзои Салимпур



Марзбонони рус аз як махфигоҳи ошкоршуда дар минтақаи Панҷи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 51 кило маводи сахттаъсири ҳероин мусодира кардаанд. Марзбонони рус ҳамчунин субҳи имрӯз дар як минтақаи дигари марзи Афғонистон бо як гурӯҳи қочоқбар вориди задухӯрд шуданд. Қочоқбарон дар пайи даргирӣ ба сӯи қаламрави Афғонистон паноҳ бурданд, вале баъдан аз ҷойи ҳодиса ду кило ҳероин, васоили мухобиротӣ ва силоҳу муҳимот мусодира шудааст. Александр Кондратйев сухангӯи гурӯҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон гуфт, аз аввали сол дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 30 қочоқбар кушта ва ду тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG