Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон давлатдории замонавӣ ва пойбанд ба волоияти қонун сохта нашудааст, менависад таҳлилгари бритониёӣ



Салими Аюбзод

Ба вуҷуд оварда натавонистани ваҳдат ва таъмин карда натавонистани амнияти куллии дохилӣ ба Тоҷикистон имкон надодааст, давлати қавии миллӣ бунёд кунад ва ихтилофи манфиатҳои зиёду қавию гуногуни сиёсӣ ва иқтисодӣ метавонад сабаби тағйири нави харитаи қудрат дар кишвар шавад.



Ҳузури нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса дар Тоҷикистон, ба навиштаи Майкл Денисон дар маҷаллаи электронии Аналист, ба Душанбе як андоза симои нави геополитикӣ дода, ба ҷалби сармояҳои беруна ба кишвар мусоидат мекунад. Аммо бо вуҷуди ин ҳукумати Тоҷикистон ҳамоно заъиф, шадидан фосиду ришватхор ва номуттаҳид боқӣ мондааст. Интиқоли дуздонаи маводи мухаддир аз ҳудуди Тоҷикистон рӯ ба афзойиш дорад ва ба гуфтаи мақомоти Милали Муттаҳид қариб ними гардиши иқтисодии кишварро ташкил мекунад. Майкл Денисон менависад, назорати ҳукумати марказӣ ба бархе аз манотиқи берун аз Душанбе маҳдуд ба назар мерасад ва ҳукумат пурра ба ҳузури нирӯҳои рус дар ин ҷо такия дорад. Аммо муҳимтар аз ҳама чизи дигар, бисёре аз тоҷикҳо натавонистаанд, худшиносиҳои гуногуни худро дар атрофи ҳуввият ва ё як андешаи миллӣ муттаҳид кунанд. Гурӯҳҳои мушаххаси мусаллаҳ ва симоҳои шинохташуда, чи ворид дар созишномаи сулҳ ва чи берунмонда аз он, асосан фоидаҳои шахсии худро дар сафи аввал мегузоранд. Барои ҳамаи онҳо ғасби ин фойида, ҳатто бо роҳҳои ҷиноӣ, аз сохтмони давлатдорӣ ва эҳёи кишвар дида муҳимтар мебошад. Дар натиҷа Тоҷикистон дар вартаи нави бесуботӣ қарор мегирад.

Ба ақидаи таҳлилгари бритониёӣ Майкл Денисон, раҳбарони имрӯзаи Тоҷикистон натавонистанд, давлати замонавии амалкунанда таҳти шиори волоияти қонунро бунёд намоянд. Ва ин ҳолат ба гуфтаи муаллифи мақола, метавонад ба раванди давлатсозӣ дар Афғонистони ҳамсоя низ таъсири манфӣ ворид кунад. Дар Афғонистон ҳам судҷӯйиҳои иқтисодию тиҷоратӣ зери ниқоби шиорпароканиҳои сиёсӣ қарор дорад. Амалан, чунин ҳолат ба Ӯзбакистон низ робита мегирад. Баъзе аз таҳлилгарон, ба монанди Тамара Макаренко бар инанд, ки ҳамлаҳои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон бо қочоқи маводи мухаддир марбут буданд. Ва акнун Майкл Денисон менависад, ҳуҷуми полковники саркаш Маҳмуд Худойбердиев ба Хуҷанд, дар соли 1998 низ ҳадаф дошт, фармоиши мафияи маводи мухаддирро иҷро кунад. Денисон менависад, ҳам дар ҳукумати вилояти Суғд, ки мавриди ҳамлаи Худойбердиев қарор гирифт ва ҳам дар ҳукумати марказӣ, дар Душанбе, амалдорони баландпоя, ҳатто вазирони давлат дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд. Дар ин робита муаллиф аз парвандаи қатли ноиби аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон Ҳабиб Сангинов ёд мекунад, ки ба маълумоти расмии ҳукумати Тоҷикистон, барои надодани пули ҳероин кушта шудааст. Марзбонони рус, ки сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистонро таҳти дидбонӣ доранд, меафзояд Денисон, тибқи хабарҳо дар интиқоли дуздонаи маводи мухаддир ширкат мекунанд. Ба ин тартиб, ҳоло даромади азими тиҷорати ин мавод ҷангсолоронро тақвият медиҳад ва ё сарварони наверо ба майдон меорад, ки қаламрави муайянро таҳти назорат мегиранд. Одатан дар ин қаламрав аҳолӣ мавриди азият ва бераҳмӣ мебошад, аммо таъмини нисбии амният ва баъзе кӯмакҳои моддӣ онро аз чунин сарварон розӣ нигаҳ медорад. Чунин ҳолат сабаб мешавад, ки табиати ҳукумати марказии Тоҷикистон ҳамоно минтақавӣ боқӣ мемонад ва қобилият нахоҳад дошт, давлати замонавӣ ва пойбанд ба волоияти қонунро ба вуҷуд орад. Заъфи худшиносии миллӣ ва бартарӣ доштани рӯҳияи маҳал дар кишвар ин ҳолатро бадтар мекунад. Хулосаи Майкл Денисон дар шумораи имрӯзаи Аналист ин аст, ки ба вуҷуд оварда натавонистани ваҳдат ва таъмин карда натавонистани амнияти куллии дохилӣ ба Тоҷикистон имкон надодааст, давлати қавии миллӣ бунёд кунад ва ихтилофи манфиатҳои зиёду қавию гуногуни сиёсӣ ва иқтисодӣ метавонад сабаби тағйири нави харитаи қудрат дар кишвар шавад. Онки оромӣ нигоҳ дошта мешавад, ба ақидаи Денисон, на аз таъсири ҳукумати марказист, балки дар ҳоли ҳозир ин манфиатҳо вориди даргирӣ нашудаанд. Агар ҳамин ҳолат идома кунад, шабеҳ ба вазъияти Судон ва Сомалӣ, набуди сохтори ҳокимияти миллӣ на ҳатман ба низоми нисбатан пойдори иҷтимоӣ сабаб мегардад, баъзе кишварҳо, мумкин аст, умуман барои чунин пешрафту шукуфоӣ реша надошта бошанд, навиштааст таҳлилгари Бритониёӣ, аз Донишгоҳи Лидс Майл Денисон, дар маҷаллаи Аналист.

XS
SM
MD
LG