Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон мегӯянд, Русия дар пайи таҳкими сиёсати ҷуғрофиёии худ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст



Салими Аюбзод

Баёнияҳои ахири президенти Русия Владимир Путин дар бораи ба ҷанубтар "лағжондан"-и сарҳадҳои Русия ва эълони машқҳои ҳарбии густарда дар Баҳри Каспий аломатҳои таҳавул дар сиёсати хориҷии Русия мебошанд, мегӯянд таҳлилгарон.

Русия дар сиёсати ҷуғрофиёии худ дар самти Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба иқдоми ҷиддитаре омодагӣ мегирад. Дар ин бора таҳлилгари мустақили маскавӣ Сергей Благов изҳори ақида намуда, нишонаҳои таҳаввулоти мавқеъгирии Русияро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст. Сергей Благов дар маҷаллаи электронии Евразиянет навиштааст, дар мулоқоти ғайрирасмии сарони Осиёи Марказӣ ва Русия президент Путин як изҳороти тааҷҷубангез кард, ки ин ба самти ҷануб пеш бурдани марзҳои Русия мебошад. Манзури Путин як андоза номафҳум буд ва ба диди бисёриҳо раҳбари Русия марзҳои нуфузи иқтисодиро дар назар дошт, дар доираи созмони нави иқтисодии Авруосиё. Аммо бо ин ки ҷамоҳири собиқи шӯравӣ марзҳои таъиншуда дошта, сарҳади ҷанубии худи Русия чандон муайян нест ва ҳам мушкили Баҳри Каспий ҳамон ҳалношуда боқӣ мемонад, ин изҳороти президент Путин метавонад, маъниҳои гуногун ва барои ҳамсояҳои ҷанубии он ҳатто ташвишовар дошта бошад. Сергей Благов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли қавӣ самтгириҳои ахири сиёсати Маскав дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таҳти таъсири норозиёни ҳузури Ғарб дар ин манотиқ ба амал омадааст: "Эҳтимолан ин як вокуниши каме дерҳангоми Русия ба ҳузури таҳкимёфтаи Ғарб ва дар навбати аввал Амрико дар Осиёи Марказист. Кремлин бо танқид на, аммо назари мухолифи қисме аз раҳбарият рӯбарӯ шудааст, ки мегӯяд, ба Ғарб дар ин минтақа имкониятҳои аз ҳад зиёд дода шуд ва дар ин робита қувват гирифтани сиёсати Русия дар ин минтақа ба мушоҳида мерасад." Президент Путин баъди мулоқот бо президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Ақтоу рӯзи шашуми июл гуфт, Русия бояд муайян кунад, ки оё зарурат дорад, марзи худро бо Қазоқистон таҳким бахшад ва онро таҳти дидбонӣ қарор диҳад. Ба гуфтаи вай ин як харҷи беҳуда хоҳад буд, агар мо ҳадаф дорем, Ҷомеъаи Иқтисодии Авруосиёро густариш диҳем ва қаламрави ягонаи иқтисодӣ ба вуҷуд орем. Ҷомеъаи мазкур дар моҳи майи соли 2001 дар Минск аз тарафи Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис дода шуд ва Молдоваю Украин дар маҷлиси муассисони он ба сифати нозир ширкат доштанд. Аммо ончи Сергей Благов, коршиноси маскавӣ, аломати таҳаввули муҳим дар сиёсати Русия медонад, ин аст, ки ҳоло Русия дар сиёсати ҷуғрофиёии худ мехоҳад аз ҳамаи воситаҳои зердасташ истифода кунад. Ҳанӯз ҳамсояҳои ҷанубии Русия ба маънии гуфтаҳои Путин сарфаҳм нарафта, вазири дифоъи Русия хабар дод, ки кишвараш мехоҳад, дар Дарёи Хазар машқҳои ҳарбии густарда баргузор намояд. Қазоқистон ва Озарбойҷон ин хабарро бе ягон мушкил пазируфтанд, аммо Туркманистон ва Эрон аз баргузории тамринҳои ҳарбии Русия бо ширкати тамоми намудҳои силоҳ ва ҷузвутомҳои ҷангӣ изҳори нороҳатӣ карданд. Нисбати Ӯзбакистон, ки ба як мушкили ҷиддии Маскав табдил ёфтааст, низ аз Кремлин садое баланд шуд, мегӯяд Сергей Благов: "Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳори ташвиш кард, ки дар бархе аз кишварҳои минтақа ҳуқуқи русизабонҳо поймол мешавад. Ҳарчанд дар изҳорот ном бурда намешуд, Ӯзбакистон дарҳол вокуниш нишон дод ва гуфт, ин изҳорот беасос аст, ҳодисае дар ин маврид рӯй надодааст." Рӯзи 11-уми июл Владимир Рушайло, Дабири шӯрои амнияти Русия гуфт, ба 50 ҳазор нафар аз сокинони Абхозистон гузарномаи шаҳрванди Русияро хоҳад дод, зеро чун Абхозистон ба ҳайси давлати мустақил шинохта нашудааст, ин аҳолӣ гӯё мардуми бидуни шаҳрвандӣ мебошанд. Дар ин байн сафари намояндагони баландпояи Русия ба Қирғизистону Қазоқистон афзойиш ёфтааст ва ахиран Бишкек эълон кард, ки Русия ин кившарро бо шабакаи зиддимушакии пешрафтаи Эс-300 таъмин хоҳад кард. Шигифтангезии авзоъ дар ин аст, ки кӯшишҳои маҳдуд кардани истиқлолияти ин кишварҳо дар пасманзари ҳузури густарди Ғарб дар минтақа ва беҳбуди нисбии равобити Маскав бо Ғарб сурат мегиранд.

XS
SM
MD
LG