Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Евро долларро пеш гузашт



Тоҳири Сафар

Оё поинравии қурби доллар ба иқтисоди Тоҷикистон низ таъсир хоҳад гузошт. Мусоҳиба бо масъули идораи назорати асъори Бонки миллии Тоҷикистон Мирзо Мавлонов.

Евро долларро пеш гузашт, рӯзи пурвоҳима дар кӯчаи Уолл Стрит ин унвони мақолаи нашрияи амри кои Ҳералд Трибюн аст, ки болоравии арзиши евро дар нисбати долларро ба баррасӣ гирифтааст. Баъди дуюним сол, рӯзи душанбе қурби пули ягонаи 12 кишвари аврупоӣ, яъне евро дар нисбати доллар боло рафта, воҳимаро дар бозорҳои саҳмияи ҷаҳонӣ барангехт. Дар бозори молиявии Аврупо, рӯзи сешанбе 1 евро ба 1 доллару тақрибан 1 сент харидорӣ мешуд, дар ҳоле ки ҳанӯз чанд моҳ пеш арзиши он баробар ба 90 сент буд. Ба думболи ин поинравоии қиммати доллар дар бозорҳои молиявии Осиёи ҷанубӣ мушоҳида шуд ва коҳиши қурби саҳмияҳо дар биржаҳои ҷаҳонии бурс ба назар расид. Қурби саҳмияҳои Доу Ҷонс дар Амрико якбора 400 пункт поин рафт, ҳарчанд то бегоҳ тиҷорат дар бозори бурс авҷ гирифта, болоравии қимати саҳмияҳо ба назар расид. Арзиши коғазҳои қимматнок дар биржаи Лондон низ ба таври қобили мулоҳиза поин рафт. Қиммати ЭФ Ти Си Ӣ, ки саҳмияҳои 100 ширкати бузургтарини Британияро дар бар мегирад, якбора 5,4 фисад поин омад, ки маънии ҳудуди 50 миллиард фунт стерлинг коҳиш ёфтани арзиши саҳмияҳои ин корхонаҳоро дорад. Аз ҳама зиёдтар саҳмияҳои бонкдорон дучори инқироз шуд, арзиши онҳо дар бозори бурси Бритониё 7 дар сад коҳиш ёфт. Молиётшиносон мегӯянд баробар шудани қурби евро ва доллар дар чанд рӯзи пеш ногузир буд, ҳарчанд сабабе мушаххасе барои болоравии ғайримунтазираи евро вуҷуд надошт. Ба андешаи коршиносон ягона иллати заъиф шудани доллар коҳиши эътимоди сармоягузорон ба иқтисоди Амрико шудааст. Ва сарчашмаи ин нобоварӣ шикасти ду ширкати бузурги кишвар яъне Энрон ва Ворлдком ва пайдо шудани дефицит дар буҷаи Амрико мебошад. Аммо таҳлилгарон мегӯянд болоравии арзиши евро дар нисбати доллар муввақатист, зеро иқтисоди Амрико ва Аврупо дар як сатҳ аст ва имкон дорад арзиши евро ҳар лаҳза поин ва боло равад. Аммо оё коҳиши қурби доллар ба иқтисоди Тоҷикистон, чӣ таъсир хоҳад дошт, дар ҳоле ки ин асъор ба истилоҳ индикатор ё шохиси арзиши коло ва маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвараст. Мирзо Мавлонов масъули идораи назорати асъори Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд коҳиши қурби доллар дар баробари евро нахуст ба захираҳои асъории Тоҷикистон зарба хоҳад зад. Мирзо Мавлонов мегӯяд: "Пеш аз ҳама ба арзиши захираҳои байналхалқӣ таъсир расонданаш мумкин, чунки қисми зиёди захираҳои байналхалқӣ мисли дигар мамлакатҳо бо доллар таҳия мешавад. Мо аслан тамоми қарордҳое, ки бо кишварҳои аврупоӣ дорем, аз ҷумла содироту воридотро бо евро мекунем, на бо доллар, чунки субъектҳои хоҷагидории мо ба евро боварӣ надоранд, ва аз рӯи ҳамон одати пешин бештар ба доллар такя мекунанд дар вақти бастани қарордодҳо.

Аммо ба қавли Мирзо Мавлонов поинравии қурби доллар дар нисбати евро таъсире ба тиҷорати дохилии Тоҷикистон нахоҳад дошт ва ба тағйири арзиши пули милли кишвар яъне болоравии қурби сомони нисбат ба доллар низ мусоидат намекунад. Дар пайи коҳиши қурби доллар низ арзиши сомонӣ дар баробари он тағйир наёфтааст.

Мирзо Мавлонов "Паст шудани арзиши доллар нисбати евро ва дигар асъори хориҷӣ ба ақидаи ман ба қурби доллар нисбати сомонӣ таъсир расонида наметавонад. Нисбати ин курс ҳамон вақте таъсираш зиёд мешавад, ки агар пешниҳоди асъори хориҷӣ доллар зиёд шавад. Ҳолате шуданаш мумкин, ки аз тарси он ки мардум чӣ хел аст аксарияти мардум ҳоло захираҳои худаша бо доллар мекунад ва вақте ки агар овозаҳои паст шудани қурби доллар дар бозорҳои ҷаҳонӣ нисбати ин паҳн шавад мардум яку якбора долларҳои дар захира будагии худашро бозорба пешниҳод кунад агар, дар натиҷаи харидани мол аз ҳамин асъори хориҷӣ халос шавам гуфта он вақт қурби сомонӣ нисбати доллар баланд шуданаш мумкин, лекин эҳтимолияти ин хеле кам аст." Аммо ин суол матраҳ аст, ки оё бо назардошти коҳиши қурби доллар созмонҳои молиявӣ лоиҳаҳои сармоягузории худро, бозрасӣ хоҳанд кард ва ҳаҷми маблағҳои онҳоро хоҳанд афзуд. Мирзо Мавлонов масъули Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд қарордоди бастаи ин созмонҳо бо кишвар таносуби доллар ва евроро дар назар надорад ва эҳтимол онҳо бетағйир хоҳанд монд. Аммо таъсири рӯшани катаклизмҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ки ҳанӯз аз ҳамоиш ба он фарсахҳо дур аст, то чанд рӯзи дигар ба гуфтаи Мирзо Мавлонов пас аз расидани овозаҳо ба мардум дар бораи тағйироти арзиши доллар ба чашм хоҳанд расид.

Евро долларро пеш гузашт, рӯзи пурвоҳима дар кӯчаи Уолл Стрит ин унвони мақолаи нашрияи амри кои Ҳералд Трибюн аст, ки болоравии арзиши евро дар нисбати долларро ба баррасӣ гирифтааст. Баъди дуюним сол, рӯзи душанбе қурби пули ягонаи 12 кишвари аврупоӣ, яъне евро дар нисбати доллар боло рафта, воҳимаро дар бозорҳои саҳмияи ҷаҳонӣ барангехт. Дар бозори молиявии Аврупо, рӯзи сешанбе 1 евро ба 1 доллару тақрибан 1 сент харидорӣ мешуд, дар ҳоле ки ҳанӯз чанд моҳ пеш арзиши он баробар ба 90 сент буд. Ба думболи ин поинравоии қиммати доллар дар бозорҳои молиявии Осиёи ҷанубӣ мушоҳида шуд ва коҳиши қурби саҳмияҳо дар биржаҳои ҷаҳонии бурс ба назар расид. Қурби саҳмияҳои Доу Ҷонс дар Амрико якбора 400 пункт поин рафт, ҳарчанд то бегоҳ тиҷорат дар бозори бурс авҷ гирифта, болоравии қимати саҳмияҳо ба назар расид. Арзиши коғазҳои қимматнок дар биржаи Лондон низ ба таври қобили мулоҳиза поин рафт. Қиммати ЭФ Ти Си Ӣ, ки саҳмияҳои 100 ширкати бузургтарини Британияро дар бар мегирад, якбора 5,4 фисад поин омад, ки маънии ҳудуди 50 миллиард фунт стерлинг коҳиш ёфтани арзиши саҳмияҳои ин корхонаҳоро дорад. Аз ҳама зиёдтар саҳмияҳои бонкдорон дучори инқироз шуд, арзиши онҳо дар бозори бурси Бритониё 7 дар сад коҳиш ёфт.



XS
SM
MD
LG