Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, мусаллаҳони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро дар Покистон дидаанд



Ориф Ҷамол (Евразиянет)

Журналисти покистонӣ Ориф Ҷамол ба нақл аз шоҳидони айнӣ менависад, аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон моҳҳоим ахир дар қатори ҳамақидаҳои худ аз Ал Қойида ва толибҳо ба манотиқи қабоили озод дар Покистон паноҳ бурдаанд.

Бисёре аз ин фирориён Покистонро тарк кардаанд, аммо аксари мусаллаҳони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ҳанӯз дар ҷоянд, зеро ҷойи дигаре барои рафтан надоранд. Ба маълумоти ин манбаъ ҳузури мусаллаҳони фирорӣ замоне ошкор шуд, ки нирӯҳои интизомии Покистон дар Вазиристони Ҷанубӣ як амалиёти ҷустуҷӯӣ пеш бурданд. Онҳо шоми 26-уми июн дар ин вилоят бо гурӯҳи мусаллаҳе вориди даргирӣ шуданд, ки ба кофтукови як хона мухоифат нишон дод. Бар асари ин задухӯрд 10 сарбози покистонӣ кушта шуд. Ду узви гурӯҳи тундрав, ки гуфта мешавад, чечен буданд, низ кушта ва як нафари дигар захмӣ ва маҳбус гашт, ки низ хориҷӣ буд. Даргирии дуюм рӯзи сеюми июл рӯй дод. Полиси Покистон мошинеро боздошт, ки дар он чор хориҷии мусаллаҳ дар ҳоли ҳаракат аз манотиқи қабилаҳо ба самти Пешовар буд. Ҳамаи ин чор нафар ва ду корманди полиси Покистон бар асари задухӯрди мусаллаҳона кушта шуданд ва маълум гардид, ин чор нафар марбут ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон будаанд. Назорати ҳукумат ба манотиқи зисти қабилаҳои озод хеле маҳдуд аст ва аъзои гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар ин ҷо аз ҳимояти густардаи аҳолӣ бархӯрдоранд. Бо вуҷуди ин, баъди шурӯъи ҳамлаҳои ногаҳонии нирӯҳои покистонӣ ба ин мавзеъҳо фирориёни Ал Қойида, Толибон ва Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон кӯшидаанд, ба маҳал ва ё кишварҳои дигар раҳ ёбанд. Тибқи маълумоте ки журналисти покистонӣ Ориф Ҷамол дастрас кардааст, аксари арабҳо ба гурӯҳҳои хурди се-чорнафарӣ тақсим шуда, пинҳонӣ худро ба бандарҳои ҷанубии воқеъ дар Балучистон расондаанд, то аз ин ҷо бо заврақ ба кишварҳои Ховари Миёна сафар кунанд. Гурӯҳе ҳамчунон аз ин кӯшидааст, ба Эрон роҳ ёбад. Бархи дигар якҷо бо аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ба қаламрави таҳти назорати Покистон дар Кашмир паноҳ бурдааст. Дар ҳоле ки аксари арабҳо манотиқи қабилаҳои озоди Покистонро тарк намудаанд, тарафдорони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва ҳам чеченҳо дар ин ҷо боқӣ мемонанд, зеро мутмаъин нестанд, ки дар ҷои дигар метавонанд, пуштибонии аҳолиро ба даст оранд. Аммо шабехунҳои артиши Покистон онҳоро дар ташвиш нигаҳ медорад ва баъзе аз манбаъҳо ба хабарнигори покистонӣ гуфтаанд, ахиран чечен ва ӯзбакҳо ба самти марказҳои сераҳолии шаҳрӣ дар Синд ва Панҷоб, монанди Карочи ҳаракат мекунанд. Нирӯҳои амниятии Покистон аз моҳи декабри соли гузашта то ҳоло дастикам се мартаба бо гурӯҳҳои мазкур вориди даргирӣ шудаанд. Дар ин бархӯрдҳо 18 сарбози покистонӣ ва 17 мусаллаҳи эҳтимолии Ал Қойида ва Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ҷони худро бохтаанд. Баргардони Салими Аюбзод

XS
SM
MD
LG