Раҳматкарими ДавлатҶаноби Круз ин масъалаҳоро дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва дигар ашхоси расмии ҳукумат баррасӣ намуд. Тибқи хабарҳо ҳамчунин вазъи Афғонистон ва узвияти эҳтимолии он дар САҲА, дар ин дидор мавриди сӯҳбат буд, бавижа ки зарурати ин узвиятро нахустин бор раҳбари Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Райиси даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо райиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, вазири корҳои берунаи Тоҷикистон Талбак Назаров ва райиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ дошт.
Раиси даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, вазири корҳои берунаи Португалия, Антониу Мартинс да Круз аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват кард, то кӯшишҳои густариши ҳокимияти мардумсолорӣ ва иқтисоди бозаргониро идома диҳад. Раиси САҲА зарурати таҳаввулоти ҷиддиро дар риояти ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, матбуотӣ ва инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, САҲА кӯмаки худро дар ин самт ба Тоҷикистон афзойиш хоҳад дод. Ҷаноби Круз ин масъалаҳоро дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва дигар ашхоси расмии ҳукумат баррасӣ намуд. Тибқи хабарҳо ҳамчунин вазъи Афғонистон ва узвияти эҳтимолии он дар САҲА, дар ин дидор мавриди сӯҳбат буд, бавижа ки зарурати ин узвиятро нахустин бор раҳбари Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Райиси даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, вазири корҳои берунаи Тоҷикистон Талбак Назаров ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ дошт.