Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд, дар саҳнаи байналмилал бо шарикони бештари қудратманд робита дошта бошанд



Хоҷа Мирзода

Гуфтугӯ бо Доктор Ҷон Шоберлайн - мудири баррасиҳои Осиёи Марказӣ дар донишгоҳи Ҳарвард.

Савол: Бисёриҳо мегӯянд, ки дар арафаи ҷанг бар зидди терроризм ИМА поймолшавиҳои ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказиро нодида гирифта, бо ҳукуматҳои яккатози минтақа ҳамкорӣ барқарор кард? Аз Ҷон Шоберлайн мудири Анҷумани Пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҳарварди ИМА хоҳиш кардам, ки назари худро дар ин бора иброз намояд.

Ҷавоб: Як чизро ҳар шахс бояд дар хотир дошта бошад, ки мақомоти тарҳрезикунандаи сиёсати Вашингтон меъёрҳои мухталиф доранд. Хеле ҳам возеҳ аст, ки Вазорати Мудофиа ҳеҷ хоҳиш надорад, поймолшавиҳои ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказиро танқид кунад. Ходимони ин ниҳод нерӯҳои мухолифинро хатарнок арзёбӣ намуда, баъзе методҳои пешгирифтаи ҳукуматҳои минтақаро ҷонибдорӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, департаменти давлатӣ, ки доимо пешсафи дастгирии масъалаи ҳуқуқи башар дар бахши иҷроияи ҳукумат мебошад, дар паи ҳодисаҳои 11 сентябр зарурате эҳсос кард, ки муддате танқидҳои худро коҳиш дода, ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намояд. Вале ҳатто онҳо ҳам масъалаи ҳуқуқи башарро пурра фаромӯш накарданд. Муддате пас аз баъди ҳодисаҳои моҳи сентябр ва оғози ҷанг бар зидди терроризм баъзе мансабдорони воломақом расман таъкид карданд, ки онҳо пайгирии вазъи ҳуқуқи башар ва ҷараёни демократиконии кишварҳои минтақаро идома медиҳанд. Дар Конгресс ҳам вазъ ҳамин аст. Баъзе намояндагони мардумӣ бо ишора ба аҳамияти ҷанг бо терроризм мехоҳанд масъалаи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ сарфи назар шавад. Аммо конгресменҳои дигар, баръакс талаб доранд, ки қабл аз таҳкими равобит бо Осиёи Марказӣ беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишварҳо пешшарт бошад. Ҳамин тариқ фишор болои маъмурияти Вашингтон боқист. Ва мансабдорони амрикоӣ маҷбуранд, ки доимо масъалаи ҳуқуқи башарро матраҳ намоянд. Хуллас, коҳиши танқид дар ҳақиқат мушоҳида мешавад, вале масъала ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш нашудааст. Дар ин робита ҷои ёдоварист: баъзе беҳбудҳое, ки дар Узбакистон ба назар мерасанд, маҳз ба шарофати ҳамкорӣ бо ИМА дастрас шудааст. Мақомоти Узбакистон мефаҳманд, ки агар онҳо мехоҳанд бо ҳамкорони амрикоӣ равобити хуб дошта бошанд ва ба гирифтани кӯмакҳо ноил гарданд, онҳо бояд а танқидҳо гӯш дода, шарикони Амрикоиро қаноат диҳанд.

Савол: Яъне мо метавонем, бигӯем, ки ҳузури ИМА мамолики Осиёи Марказиро ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар водор мекунад?

Ҷавоб: Ман фикр намекунам, ки ин сабаби асосии тараққии деморкатия шавад ва ҳадафи омадани онҳо ҳам ин набуд. Масъалаи наздикшавӣ бо мамолики Осиёи Марказӣ дар вазорати Мудофиа: Пентагон ба вуҷуд омадааст, ва ин мардум зиёд дар фикри таҳкими ҳуқуқи башар ва демократия намебошанд. Инак тахминан як сол аст, ки ИМА дар Осиёи Марказӣ ҷои по дорад. Хусусан ҳамкорӣ бо Узбакистон ҷолиби тазаккур аст. Аммо наметавон гуфт, ки Узбакистон ва ё дигар кишвари минтақа ба ҳадде вобастаи ИМА аст, ки сиёсати худро бо хости Амрико пеш барад. Яъне тавре ки онҳо дар гузашта ҳуқуқи башарро поймол мекарданд, метавонанд ҳамоно ин амалро идома диҳанд. Барои Мисол вазъи Қирғизистон гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳатто бо васфи ҳамкорӣ бо ИМА ва гузаштаи хуб дар масъалаи ҳуқуқи башар, мо ҳозир мебинем, ки вазъ мутшанниҷ мегардад: Чанде пеш гурӯҳе аз эътирозгарон кушта шуд. Чанде аз сиёсатмадорони мухолиф зиндонӣ шуданд ва ҳоказо .... Фикр намекунам, ки онҳо зиёд дар ғами он бошанд, ки ИМА онҳоро танқид мекунад.

Савол: Баъзеҳо мегӯянд, ки акнун кишварҳои минтақа мубориза бо терроризмро баҳона карда, мухолифини худро таҳти фишори шадидтарин қарор медиҳанд. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Ҷавоб: Ҳукуматҳои минтақа аксуамали мухталиф нишон дода метавонанд. Аз як тараф, Онҳо эҳтимол ба ҳуқуқи башар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд, зеро мефаҳманд, ки идомаи таъқибу фишор онҳоро аз кӯмакҳои ИМА ва ҳузузи низомии ин кишвар маҳрум хоҳад кард. Масъалаи дигари ташвишовар мусобиқаи кишварҳои минтақа барои меҳмондории ИМА мебошад. Ибтидо Узбакистон баъд дигар кишварҳо пойгоҳҳои худро барои истифодаи ИМА пешниҳод карданд. Ин ҷо масъала фақат бо фоидаи молӣ маҳдуд намешавад. Бар замми он кишварҳои минтақа худро муттафиқи ИМА дидан мехоҳанд. Идомаи ин мусобиқаи меҳмондорӣ метавонад боиси ташаннуҷ миёни кишварҳо шавад. Намунаи барҷастаи ин ташаннуҷ равобити Қазоқистону Узбакистон аст. То ҳамин авохир Узбакистон беш аз дигар мамолики минтақа буҷҷету хароҷоти низомӣ дошта худро ба истилоҳ лидери минтақа медид. Вале дар охирҳо Қазоқистон ба шарофати афзоиши даромад аз нефт имкон ёфт, ки хароҷоту сармоягузориҳои соҳаи низомиро бештар кунад. Идомаи ин раванд боиси ташаннуҷи минтақа шуда метавонад. Агар Қазоқистон ба нерӯмандтарин кишвари минтақа табдил ёфта, мувозинатро тағйир диҳад, эҳтимол Узбакистон худро хеле ҳам нороҳат ҳис карда, рафторҳои таҷовузкоронаашро афзоиш диҳад.

Савол: Ҷаноби Шоберлайн ! Дурнамои минтақаи Осиёи Марказиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Шояд рӯзе мушкилиҳои Афғонистон ҳал шаванду нерӯҳои ИМА низ аз Осиёи Марказӣ берун шаванд.

Ҷавоб: Ҳузури ИМА дар Осиёи Марказӣ, ки бо амалиёт дар Афғонистон иртибот дорад, ба ақидаи ман омили асосии амният баррасӣ шуда наметавонад. Он вобаста ба эҳсосе мебошад, ки нисбати ин минтақа вуҷуд дорад. Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи манфиатҳои фақат Русия ҳисоб мешуд. Ҳозир ба назар мерасад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳри таъмини амнияти худ мехоҳанд шарикон бештар ҳамкорӣ дошта бошанд, на танҳо Русияву халос. Маслан ИМА . Вале нақши амниятии ин гурӯҳҳо бузург буда наметавонад. Ман пешбинӣ намекунам, ки ИМА дар низоъҳои дохилии Осиёи Марказӣ баҳри ҳифзи қудрати ҳукуматҳо дохили ҷанг шавад. Ҳамин тариқ баъди рафтани амрикоиҳо тағйироти бузурге ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Эҳтимол баъди рафтани амрикоиҳо ҳамон мухолифтаҳои мавҷуда каме афзоиш ёбанд. Омили хеле ҳам назарраси амниятӣ барои амнияти тамоми минтақа ба фикри ман рафти ҳаводиси Афғонистон аст. Мушкили Афғонистон то ҳанӯз ҳал нашудааст. Ва ба ин зудиҳо таъсири худро аз даст намедиҳад. Мо тахмин карда метавонем, ки дар муддати миёна вазъи ин кишвар нооромтар шуда ҳам метавонад ва то ёфтани ҳалли ниҳоӣ муддате зарур шавад. Ин ҳол дар Осиёи Марказӣ ҳам муассир хоҳад буд. Масъалаи ифротгароҳои Исломӣ, ки дар гузашта Узбакистонро ҳадаф қарор дода буданд, ҳалли пурраи худро наёфтааст. Онҳо дар ҷараёни ҷанг бар зидди терроризм хасороти калон доданд, аммо эҳтимол онҳо дар Афғонистон дар симои нерӯҳои ғайри Толибон такягоҳ ёбанд, ва шӯришҳояшонро ба мамолики минтақа аз сар гиранд. Хулоса суолҳои беҷавоб зиёданд, ва ман фикр намекунам, ки ИМА ба дахолати васеъ дар ин минтақа ҳозир аст. Бубинед, ки феълан ИМА амалиёти кӯмаки амниятиро дар Афғонистон аз қаламрави шаҳри Кобул берун бурданӣ нест. Яъне то муддате масъалаҳои нигаронкунандаи минтақа боқӣ хоҳанд монд.

Ташаккур аз Шумо Ҷон Шоберлайн мудири Анҷумани Пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҳарварди ИМА

XS
SM
MD
LG