Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ҳушдор медиҳад, ки эпидемияи бемории СПИД ҳанӯз дар марҳилаҳои ибтидоӣ аст



Холидаи Қодир

Суръати густариши ин беморӣ аз ҳамаи пешбиниҳои қаблӣ баландтар аст ва теъдоди бештари одамонро дар Африка, Осиё ва Аврупои Шарқӣ фаро мегирад.

Суръати густариши ин беморӣ аз ҳамаи пешбиниҳои қаблӣ баландтар аст ва теъдоди бештари одамонро дар Африка, Осиё ва Аврупои Шарқӣ фаро мегирад. Дар ҷаҳон тахминан 40 миллион нафар ё бемори СПИД ҳастанд, ё ба вируси он (Эйч Ай Ви) олуда шудаанд. Панҷ миллиони нафари онҳо танҳо дар соли гузашта бо ин вирус дар тамос шуданд. Соли гузашта се миллион нафар аз бемории СПИД вафот карданд. Дар гузориши барномаи мубориза зидди СПИД Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки агар барои пешригӣ ва табобати беморӣ чорае андешида нашавад, дар тӯли ду даҳсола 68 миллион нафар аз ин беморӣ вафот мекунанд. Маъмулан, вақте сухан аз густариши бемории СПИД меравад, бисёриҳо кишварҳои африқоиро ёдовар мешаванд, ки СПИД бештар аз ҳама он ҷо доман паҳн кардааст. Вале рақамҳои нав нишон медиҳанд, ки СПИД дар минтақаҳои дигар, дар Осиё ва Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла, дар кишварҳои собиқ шӯравӣ низ густариш меёбад. Дар гузориш омадааст: соли 2001 ум дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ тақрибан 200 ҳазор нафари дигар ба вируси СПИД олуда шуданд. Дар натиҷа, теъдоди умумии гирифторони СПИД дар ин минтақа ба як миллион расид. Вале танҳо ҳудуди як ҳазор нафари онҳо табобат мегиранд. СПИД дар Русия басуръат доман паҳн мекунад. Соли 1998 дар Русия наздик ба 11 ҳазор сирояткардагони вируси СПИД сабти ном шуданд. Соли 2001 вируси ин беморӣ ба 83 ҳазор нафари дигар сироят кард. Мутахассиси ин беморӣ аз Барномаи Мубориза Зидди СПИДи СМ Неф Уолкар мегӯяд:

"Як факти дигари тарснок дар мавриди густариши СПИД - Эйч Ай Ви ин аст, ки ахиран ин беморӣ дар минтақаҳое паҳн мешавад, ки то ду се соли гузашта эпидемияи СПИД дар он ҷо вуҷуд надошт. Масъалан, дар миёнаи солҳои навадум дар Русия, Украина ва кишварҳои дигари тозаистиқлол теъдоди гирифторони СПИД ангуштшумор буд. Ҳоло дар баъзе кишварҳои ин минтақа гирифторони СПИД қариб як дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд ва суръати афзоиши беморӣ шабеҳи баъзе кишварҳои африқоӣ аст".

Эпидемияи СПИД аз Русияву кишварҳои осиёӣ ба самти Тоҷикистону ҷамоҳири дигари Осиёи Марказӣ тавсеа меёбад. Дар Қазоқистон соли гузашта наздик ба 1200 нафар бо барангезандаи бемории СПИД дар тамос буданд. Барномаи мубориза зидди СПИДи СММ гузориш медиҳад, ки афзоиши беморӣ дар Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон низ мушоҳида мешавад. Дар даҳсолаи ахир дар ин минтақа роҳҳои сирояти барангезадаи СПИД низ тағйир ёфтанд. Дар гузашта дар ин ҷо асосан мӯътодони маводи мухаддира аз тариқи сӯзандору ба вируси СПИД олуда мешуданд. Ҳоло яке аз роҳҳои асосии паҳншавии он тамоси ҷинсӣ мебошад. Гузориши СММ нишон медиҳад, ки СПИД асосан дар кишварҳои дар ҳоли рушд афзоиши басуръат дорад. Дар ин ҷо мардум тавони табобат ва имкони харидории доруро надоранд. Аз ин сабаб, дар соли 2001 ум аз 6 миллион гирифтори вируси СПИД дар кишварҳои дар ҳоли рушд танҳо 230 ҳазор нафар, яъне танҳо чаҳор дар сад ба дорувор дастрасӣ доштанд.

XS
SM
MD
LG