Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Акмал Бобоев собиқ раиси ноҳияи Шаҳринав рӯзҳои наздик дар додгоҳи олии Тоҷикистон шурӯъ мешавад



Тоҳири Сафар



Додситонии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноии собиқ раиси ноҳияи Шаҳринав Акмал Бобоевро, ки ба ҷурми сӯиқасд ба ҷони шаҳрвандон ва сӯистифода аз мансаб муттаҳам мешавад анҷом дода ба додгоҳи олии кишвар пешниҳод кардааст. Акмал Бобоев қаблан кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард. Ба иттиллои намояндагони додситонии кулли кишвар Акмал Бобоев бо ҳадафҳои манфиатҷӯёна қатли се нафар аз афроди баландмартабаро аз як гурӯҳи ҷиноӣ дархост кардааст. Аммо ба ин ҳадафаш нарасидааст. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ зимни ҷустуҷӯ аз хонаи гумонбар миқдори зиёди аслиҳа дарёфт шудааст.

XS
SM
MD
LG