Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Федератсиони байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба навсозии шабакаи обёрӣ дар Тоҷикистон кӯмак мекунад



Холидаи Қодир

Баъди татбиқи чанд лоиҳа дар шимоли кишвар, ҳоло Ҳилоли Аҳмар мехоҳад, ки чунин барномаро дар вилояти Хатлон низ пиёда кунад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон якҷо Созмони Ҷаҳонии Озуқа ва Шӯъбаи Рушди Байналмилалии Британия барои навсозии шабакаҳои обёрӣ дар Тоҷикистон кӯмак мекунад. Баъди татбиқи чанд лоиҳа дар шимоли кишвар, ҳоло Ҳилоли Аҳмар мехоҳад, ки чунин барномаро дар вилояти Хатлон низ пиёда кунад. Яке аз нозирони барномаи мазкур Рита Плотникова дар сӯҳбат бо мо гуфт:

"Барномаи мо, барномаи Об ва Тандурустӣ дар Тоҷикистон дар якчанд самт кор мебарад. Аз ҷумла, ин барнома барои эҳёи шабакаи обёрӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад, ба мардум барои дастрасӣ ба об ва рӯёнидани ҳосил кӯмак менамояд. Соли ҷорӣ тибқи ин барнома дар 13 деҳаи вилояти Суғд насосҳо, ё худ пампҳои обкашӣ сохта ва ё тармим карда шуданд".

Таври маълум, масъалаи об дар Осиёи Марказӣ торафт амиқтар мешавад ва ба навиштаи Гурӯҳи Байналмилалии Омӯзиши Бӯҳронҳо мусобиқаи кишварҳои минтақа барои об метавонад вазъро дар Осиёи Марказӣ муташанниҷ кунад. Кӯҳҳои Тоҷикистон захираи фаровони об доранд. Вале дар айни ҳол мардум аз беобӣ наметавонанд ҳосили дуруст ба даст оваранд ва шумори бемориҳое, ки аз камбуди об пайдо мешавад, дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Мутахассисон мегӯянд, сабаби ин мушкилот бекифоятии шабакаҳои обёрӣ мебошад. Тоҷикистон, таври маълум, кишвари аграрӣ, яъне кишоварзӣ аст. Вале дар ҳеҷ яке аз навоҳии он сохтори дурусти обёрӣ, каналу пампҳои об вуҷуд надорад. Дар тӯли даҳ соли ахир сохтори обёрии ҷумҳурӣ ба ҳадде пӯсидааст, ки дигар қариб нисфи оби мавҷуда то ба киштзор намерасад. Хушксолҳои ахир мушкили обро ба ҳадди ниҳоӣ боло бурданд. Бо дар назардошти ин вазъият Федератсиони Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар тасмим гирифт, ки дар Тоҷикистон барномаи фаврии навсозии шабакаи обёриро пиёда кунад. Дар марҳилаи аввал барномаи мазкур танҳо чаҳор ноҳияи вилояти Суғдро фаро мегирифт. Вале тавре ҳамсӯҳбати мо Рита Плотникова мегӯяд, бо пуштибонии аҳолии маҳаллӣ Ҳилоли Аҳмар муваффақ шуд, ки барномаро дар минтақаҳои дигар низ густариш диҳад:

"Як нуқтаи ҷолиб ин аст, ки аввал мо мехостем, танҳо дар 5 ё 6 деҳа шабакаи обёриро тармим намоем. Вале аҳолии маҳаллӣ фаъолона ба ин барнома ҳамроҳ шуданд. Онҳо ба тармиму сохтмони пампҳо, поксозии каналҳо кӯмак карданд. Дар натиҷа пули зиёде иқтисод шуд ва мо тавонистем, ки ин барномаро дар деҳоти дигар низ татбиқ намоем. Таври маълум, дар ин барнома созмони ҷаҳонии озуқа низ ҳамкорӣ мекунад. Ин созмон ба онҳое, ки ба мо кӯмак мекарданд, дар ивази корашон маводи хӯрока медод. Аз ин сабаб, метавон гуфт, ки дар асл худи мардум барои худ шабакаи нави обёрӣ бунёд карданд".

Ба ин тариқ, барномаи Об ва Тандурустӣ на танҳо деҳоти Тоҷикистонро бо шабакаи нави обёрӣ таъмин намуд, балки чандин нафар ҷои кор пайдо карданд ва касби нав омӯхтанд. Рита Плотникова мегӯяд, ки мутахассисони хориҷӣ танҳо ба насб кардани васоили техникӣ машғул буданд, корҳои дигар ҳама тавассути аҳолии маҳаллӣ иҷро шуд. Ҳамоҳангсози барномаи Федератсиони байнламилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистос Ҷаксон Ндемена мегӯяд:

"Яке аз ҳадафҳои барномаи мо ин аст, ки мардум худро соҳиби ин моликият шуморанд ва эҳсоси масъулият кунанд. Ҳамкорони мо ҳамчунин ба аҳолии маҳаллӣ роҳҳои дуруст ва иқтисодии истифодаи захираи обро таълим медиҳанд".

Барномаи мазкур дар навоҳии Шаҳристон, Мастчоҳ ва Ғончии вилояти Суғд пиёда шуда ва тарҳҳои дигар ба зудӣ дар ҷануби кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Восеъ шурӯъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG