Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон талош дорад, ки духтарони водии Рашт ба таҳсилоти олӣ дастрасии бештар пайдо кунанд



Холидаи Қодир

Намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ва шӯъбаи ин созмон дар ноҳияи Ғарм барномаеро пиёда мекунанд, ки тибқи он духтарони ноҳияҳои Ғарм ва Ҷиргатол ба маълумоти олӣ дар донишгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон дастрасии бештар меёбанд.



Намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ва шӯъбаи ин созмон дар ноҳияи Ғарм барномаеро пиёда мекунанд, ки тибқи он духтарони ноҳияҳои Ғарм ва Ҷиргатол ба маълумоти олӣ дар донишгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон дастрасии бештар меёбанд. Маъмулан, теъдоди духтарони водии Рашт дар мактабҳои олии пойтахт дар муқоиса бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ хеле камтар аст. Илова бар он, солҳои ахир шумори духтарон дар мактабҳои мутавассита низ коҳиш меёбад. Аксари онҳо баъди синфи 9 мактабро тарк мекунанд. Бо дар назардошти ин вазъият, раҳбарияти Тоҷикистон ба духтарони манотиқи кӯҳистон квотаи таҳсил дар донишгоҳҳои олиро додааст, ки тибқи он духтарони водии Рашт низ метавонанд, бе душворӣ ба мактабҳои олии пойтахт шомил шаванд. Вале тавре намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе изҳор дошт, духтарони ғармӣ аз ин квотаи худ пурра истифода накардаанд. Шӯъбаи созмони номбурда дар шаҳраки Ғарм талош дорад, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳи духтарони ғармӣ ба таҳсилоти олӣ дар пойтахт саҳм гирад. Гуфта мешавад, ҷомеаи Ғарм бештар муҳофизакор аст ва падару модарон ба осонӣ ризоият намедиҳанд, ки духтари худро барои таҳсил ба шаҳр фиристанд. Намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) барои шарҳи вазъият ба падару модарон ва духтарони синфҳои болоӣ, дар навоҳии Ғарму Ҷиргатол ду мизи гирд барпо кард. Ба ин мулоқот намояндагони вазоратҳои маориф ва иқтисод, мақомоти маҳаллӣ ва духтарони донишҷӯи мактабҳои олӣ даъват шуданд. Шӯъбаи САҲА дар Душанбе мегӯяд, яке аз сабабҳои пурра истифода нашудани квотаи таҳсили олӣ ин аст, ки падару модарон аслан аз мавҷудияти чунин имтиёз хабар надоранд. Имтиёзи мушаххаси квотаи духтарони кӯҳистон ин аст, ки онҳо аввалан, бе имтиҳони ҷиддӣ ба донишгоҳ шомил мешаванд, дар давоми таҳсил донишгоҳ ба онҳо хӯроки ройгон, яъне бепул ва дар сурати зарурат дарсҳои иловагӣ медиҳад. Пули рафтуомади онҳо ба ноҳия низ аз ҷониби донишгоҳ пардохта мешавад. Диана Исмоилова, яке аз кормандони намояндагии САҲА дар Душанбе дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки мизи гирд дар водии Рашт мавриди таваҷҷӯҳи духтарон ва волидони онҳо буд:

"Мо ба духтарон ва падару модарони онҳо дар бораи вазъи пойтахт баъди ҷанги шаҳрванди маълумот медиҳем. Мо ба онҳо шарҳ медиҳем, ки ҳоло зиндагӣ ва таҳсил дар Душанбе дигар бехатар аст. Падару модарон аз ин мулоқотҳо хушҳол буданд. Онҳо саволҳои зиёд медоданд. Онҳо имкон ёфтанд, ки бевосита бо кормандони вазоратҳои марбута сӯҳбат кунанд".

Соли гузашта тақрибан 20 духтар аз водии Рашт тибқи квота ба донишгоҳҳои пойтахт шомил шуданд. Диана Исмоилова меафзояд:

"Духтарон ба осонӣ ба зиндагиву таҳсил дар пойтахт одат мекунанд ва зоҳиран, мутобиқшавӣ ба зиндагии нав ба онҳо зиёд душоврӣ надорад. Духтарон дар ноҳияҳои худ ба шароити душвор ва нодориву камбағалӣ мувоҷеҳ буданд. Дар донишгоҳ онҳо мавриди пуштибониву кӯмак мебошанд, барояшон маош, ё стипендия дода мешавад, барои рафтуомад ба ноҳия пули иловагӣ мегиранд".

САҲА мегӯяд, ки дар мизи гирди онҳо дар Ғарму Ҷиргатол қариб 1800 духтар аз синфҳои 9 то 11 ширкат доштанд. Барои онҳое, ки ҳанӯз ҳам аз мавҷудияти квотаҳо итилоъ надоранд, бори дигар хотиррасон мекунем, ки тавзеъи квотаҳои таҳсил барои духтарони кӯҳистон моҳи июн шурӯъ ва аввалҳои сентябр ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG