Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли САҲА аз Тоҷикистон даъват кард, ислоҳотро идома диҳад



Салими Аюбзод

Имзои қарордоди сулҳу оштии миллиро дар моҳи июни соли 1997 аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмонов ва сарвари мухолифон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ Ян Кубиш "қадами таърихӣ ва бошуҷоат" номид.

Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Ян Кубиш дар маҳфилҳои бахшида ба панҷумин соли имзои созиши сулҳи Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намуд, аз ҷодаи ислоҳот суботкорона пеш равад. Вай гуфт, раванди демократиконӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозор дар ҳамоҳангӣ ба давлатдории хуб барои Тоҷикистон фарояндҳои ҳаётан муҳим мебошанд. Имзои қарордоди сулҳу оштии миллиро дар моҳи июни соли 1997 аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмонов ва сарвари мухолифон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ Ян Кубиш "қадами таърихӣ ва бошуҷоат" номид. Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар сафари дурӯзааш ба Душанбе бо мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ҳизбу созмонҳои сиёсии кишвар дидору гуфтушунид дошт.

XS
SM
MD
LG