Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро садҳо нафар дар Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи замин баромадаанд?



Салими Аюбзод

Тақими замин дар Тоҷикистон ҳазорон нафарро ба сафи бекорон пайваст. Дар шароите ки саноати кишвар гирифтори бӯҳрон аст, ин нирӯи азими кор бояд аз ду якеро интихоб кунад: Ё дар замини дигарон муздур шавад ва ё барои худ як порча замин ёбад.



Ҳиҷрати ноилоҷонаи намояндагони минтақаи Кӯлоб ба водии тасфони Бешкент, ки ин ҷо ба сифати намуна оварда шуд, баёнгари раванди наве дар сартосари ҷумҳурист, ки бар асари тақсими замин шурӯъ шудааст ва дар оянда густариш пайдо хоҳад кард. Сабаби аслии ин ҳодиса ба тақсими ноодилонаи замин бастагӣ дорад. Ин тақсим тибқи масали машҳури гурги зӯр соҳиби мол ба амал омадааст. Агар дар Кӯлоб ба истилоҳ, боевикҳои собиқ заминҳоро соҳиб шуда бошанд, дар вилояти Суғд, тоҷикҳои нав, сармоядорони нав соҳиби замин шудаанд. Мардум аз он шиква мекунад, ки ҳарчанд умри худро дар кори колхоз сӯхт, имрӯз безамин мондааст ва ин ҳам тибқи хости тоҷикони нав, онҳое ки дар умри худ каланд ба даст нагирифтаанд, акнун заминдор мебошанд. Ҳангоми сафар ба Тоҷикистон аз даҳҳо нафар шунидаам, ки дар кишвар бо тавсияи созмонҳои байнулмилалии молиявӣ аз нав сохти феодалӣ эҳё мешавад. Акнун деҳқони бесоҳиб ва бепул маҷбур аст дар замини феодалҳои навбаромад заҳмат кашад ва маълум нест, оё чӣ музде ба даст хоҳад овард. Баъзеҳо давраи чоряку панҷяккориро ба ёд меоарнд. Дар натиҷа ҷойи хурсандӣ аз нобудии колхозҳо ҳасрати бенадоза нисбати гузаштаи орому боадолат ба миён меояд. Ҳар як ба истилоҳ хоҷагии коллективӣ ва ё колхозӣ на танҳо замин, балки моликияти зиёди манқул ва ғайриманқул дошт. Монанди гову молхона, чарогоҳ, бошишгоҳҳои саҳроӣ, техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, анбор, обкашҳо, лӯлаҳо ва ғайра. Дар роҳи баҳам задани низоми колхозӣ ҳамаи моликияти колхозҳо ба сифати саҳме ки тайи солҳо ҷамъ шудааст, миёни аъзои колхоз тақсим шуд. Аммо аксаран ин моликият фурӯхта ва маблағи гирдомада нопадид гардида, аз ин тақсимот ба деҳқони оддӣ танҳо қарзҳо ногаҳон ба миллионҳо доллар баробаршудаи колхоз насиб гардид. Ҳоло дар бисёре аз хоҷагиҳои деҳқонӣ барои он кор мекунанд, ки қарзҳои нофаҳмо ва номаълум аз тарафи кӣ гирифташударо баргардонанд. Ба ҳисоби миёна аз ҳар сад нафари аъзои колхозҳо камтар аз 40 нафар соҳиби замин гардид. Ҳукми қонун ки муаллимону духтуроне, ки дар ҳудуди ин колхозҳо ба таълиму тарбия ва ё табобати аҳли он машғул буданд, низ бояд соҳиби саҳм бошанд, дар бисёрии мавридҳо риоя нашудааст. Гузашта аз ин собиқадорони сохти колхозӣ, онҳое ки аввалин хишти ин хоҷагиҳоро гузоштаанду акнун бознишаста мебошанд, аз саҳм ба замини ҳаққу ҳалоли худ маҳрум карда шуданд. Ҳамин тариқ дар деҳоти Тоҷикистон ҳолате ба амал омадааст, ки мардуми оддӣ ду роҳ дорад: ё бояд муздури зӯроварони нав шавад ва ё ҷалои ватан кунад. Деҳқонони Кӯлобу Конибодом роҳи Бешкентро пеш гирифтанд. Дар дохили ноҳияҳо низ муҳоҷирати густардаи аҳолӣ дар ҷустуҷӯйи як порча замини нондеҳ сар шудааст. Ҳукумат, ки бо барномаи нотайёри тақсими замин ва иҷрои ноодилона ва бесарусомони он чунин вазъиятро ба миён овардааст, акнун дар ҳиҷрати нирӯҳои бекормонда ба маҳалҳои нав тамошобини гӯшаӣ мебошад ва кӯшиш надорад, ин равандро таҳти назорат бигирад. Таърихан чунин кӯчбандиҳои дастҷамъона аксаран бойиси низоъҳои нав гардидаанд. Ҳоло Бешкент минтақаи камаҳолист, аммо кафолате нест, ки ба зудӣ кӯчокӯч ба маҳалҳои аҳолинишини ҳамсоя оғоз хоҳад гашт. Ин ҳолатест, ки дахолату назорати мақомоти ҳукуматро ба шарти асосии муҳоҷирати осойишта табдил хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG