Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонуи аввали Амрико дар аз тариқи Радиои Озодӣ ба мардуми Афғонистон хитоб кард



Хоҷа Мирзода

Мо бо шумо ҳастем, гуфт ба мардуми Афғонистон Лаура Буш.

Салом, Ман Лора Буш, бо Шумо аз Қароргоҳи марказии Радиои Аврупои Озод аз шаҳри Прага сӯҳбат мекунам. Ман хушҳолам, ки аз номи мардуми Амрико ба мардону занон ва бачагону духтарони Афғонистон дуруд мерасонам. Мо мехоҳем Шумо бидонед, ки Амрико бо шумо аст.

Ман, ки бо шумо мустақиман сӯҳбат мекунам. Ва шуморо огаҳ месозам, ки мардуми Амрико ба мардуми Афғонистон содиқ аст. Мо дар фикри Шумо ҳастем ва дар эҳёи кишвари шумо шарики Шумо хоҳем буд. Мо медонем, ки зиндагӣ дар Афғонистон фавқулодда мушкил аст. Солҳои ҷанг замини зебои Шуморо валангор кард. Қашшоқиву камғизоӣ тавсеа ёфтааст. Ҳамватанони зиёди Шумо кор ва ё ёрии тиббии зарурӣ дарёфт карда наметавонанд. Ниҳоди зиёди ҷамъиятии ШУмо, инфраструктураи Шумо, аз ҷумла роҳҳо, биноҳо, шабакаҳфои таъмини об ва мактабҳо харобу валангор мебошанд. Дар баробари ин мушкилиҳои бузург ҳоло дар Афғонистон замони умед ва ҳатто замони хурсандиву сурур фаро расидааст. Вақте мо мебинем, ки бачагону духтарони афғон ба мактабҳо бармегарданд, занон озодона берун аз хонаҳои худ ҳаракат мекунанд ва кишоварзон дар киштзорҳо аз нав зироат мекоранд, ҷаҳон табассум мекунад. Мо ҳеҷ гоҳ симоҳои мардону занон ва кӯдакони афғонро, ки ба мисли Амрикоиҳо баланд механданду, суруд мехонанд, фаромӯш нахоҳем кард. Иттифочиёни мо ва ҳамватанони Шумо барои раҳосозии Шумо аз зулми режими Толибон кӯмак расониданд. Амрико ва шарикони мо дар саросари олам талош меварзанд, то ниёзмандиҳои таъҷилии Шумо ба озуқа, об, паноҳгоҳ ва доруву дармон таъмин шаванд. Бо кӯмаки Барномаи Ҷаҳонии Озуқаи СММ дар як муддати рекордӣ барои таъмини ниёзмандии беш аз шаш миллион мардон, занон ва кӯдакон озуқа ба кишвар интиқол дода шуд.

Дар ҳоле, ки мо ба Шумо дар эҳёи кишвар ёрӣ мерасонем, Агентии Тараққии Байналмилалии ИМА се самти имтиёзнокро таъмини молӣ менамояд: кишоварзӣ, маориф ва беҳдошт. Кишоварзӣ калонтарину муҳимтарин бахши иқтисод ва роҳи зиндагии ҳафтод дар сади мардуми Афғонистон аст. Амрико бо ҳадафи боло бардоштани ҳосил ҳафт ҳазор тоннаи метрӣ тухмии гандум ва ба беш аз 40 ҳазор кишоварз кумаки техникӣ тақдим кард. Мо инчунин нуриҳои минералӣ тавзиъ намуда, дар барқарорсозии низоми обёрӣ кумак мерасонем. Ва кумаки бештар дар роҳ аст: Мо миқдори тухмиро барои кишти тирамоҳӣ то 14 ҳазор тоннаи метрӣ афзоиш медиҳем. Ба воситаи кумак ба кишоварзон дар оғози истеҳсоли дубора, мо ба онҳо василае медиҳем, ки онҳо рӯзгорашонро ба дасти худ бигиранд, иқтисоди кишварро беҳбуд бахшанд ва ғизои мардуми Афғонистонро таъмин намоянд. Аксари мактабҳои Афғонистон аз нав дарҳои худро боз намуданд. Ва Амрико бо забонҳои дариву пашту панҷ миллион нусха китоб интиқол дод. Барномаи дарсӣ аз тарафи афғонҳо тарҳрезӣ шуда, дар Донишгоҳи Амрикоӣ , Донишгоҳи Небраскаи аёлати Омаҳа таҳрир ва нашр шуд. Китобҳои дарсӣ фанҳои математика, алгебра, геометрия, забон, хонишу навиштан, улум ва беҳдошт, пажӯҳишҳои иҷтимоӣ, улуми ҷамъиятӣ, ҷуғрофия, физика, химия, маъданшиносӣ ва биологияро дар бар мегиранд. Салиби Сурхи Амрико ҳам барои кӯдакони афғон сомони таҳсил ҷамъ мекунад. Дар оғози соли хониш, шавҳари ман, Ҷорҷ Буш, аз мардуми Амрико хоҳиш кард, ки дар пур кардани се ҳазор қуттӣ бо қаламу коғаз, дафтар ва хаткашак ёрӣ расонанд. Ва Кумаки бештар боз ҳам дар роҳ аст. Қуттиҳои мактбаӣ такмил меёбанд, панҷ миллион нусха китоби дигар дар ҳоли нашр аст ва гурӯҳҳои ходимони соҳаи маориф бо ҳазорҳо нафар муаллимон курси тамрин мегузаранд. Мо ҳамчунин аз роҳи ташкили дарсҳои хониш хонданро тарҷеҳ дода, китобхонаҳои мардумиро бо китоб таъмин мекунем. Бо додани китобу сомони таълимӣ ба кӯдакон мо ба онҳо порчаи умедеро медиҳем, ки онҳо дар даст дошта бошанд ва имконе пайдо кунанд, ки барои худ ояндаи беҳтаре бунёд намоянд. Бо яке аз баландтарин сатҳи фавти кӯдакон дар олам, низоми ҳифзи тандурустӣ аз авлавиятҳои таъҷилии Афғонистон ба шумор меравад. Яке аз фоҷеаҳои калонтарини кишвари Шумо ин аст, ки аз ҳар чор кӯдаки ба дунё омадаи афғон як нафар то синни панҷсолагӣ ҳаёти худро аз даст медиҳад. Ҳангоми таваллуди кӯдак аз ҳар ҳазор зани афғон 17 нафар ба ҳалокат мерасад. Ин оморест, ки дар масъалаи маргу мири занон ҳангоми таваллуд Афғонистонро баъди кишвари Сера Леоне ба ҷои дуюм дар ҷаҳон мегузорад. Амрико барои тавсеаи шумораи ходимони соҳаи беҳдошти ҷомеа миллионҳо доллар тахсис дод, хадамоти аввалияи ҳифзи тандурустӣ дар бисёре аз ҷамоаҳо ташкил кард, таъмини обро беҳбуд бахшид, емгузаронии кӯдакони ба дунё омадаро танзим намуда, беҳдошти занони ҳомиларо ба роҳ монд. Беш аз ду миллион кӯдак аз бемории сурхак вакцин гирифт ва барои дастрасӣ ба маълумот оиди масъалаҳои баеҳдоштии занон марказҳои захоири занон ташкил ва омӯзонида шуданд. Кӯдакони кишвари ман нисбати кӯдакони Шумо ғамхории хос доранд. Шумо аз мо нимҷаҳон дуртар бошед ҳам, кӯдакони Амрико дар бораи ШУмо дар мактабҳову хонаҳояшон маълумот мегиранд. Президент Буш аз ҳар писару духтари Амрикоӣ дархост намуд, ки як долларро барои кумак дар харидани озуқаву доруворӣ ба кӯдакони афғон фиристад. Ва кӯдакони Амрико посухи мусбат дода, беш аз чор миллион доллар барои кумак дар хариди озуқа, паноҳгоҳ, либос, доруворӣ ва бозича ҷамъ карданд. Ва вақте ки ба воситаи почта мактубҳо меомаданд, дар дохили онҳо низ пул буд. Мактубҳо саршор аз орзуву омоли нект кӯдакони Амрико ба кӯдакони Афғонистон буданд. Кӯдаки даҳсола бо номи Ҷованӣ навишт: "Ман ин долларро аз муаллимамон баъди поккории синфхона гирифтам. Умедворам, ки ин доллар ба кӯдакон кумак карда, он чизеро, ки барои наҷот зарур аст, таъмин хоҳад кард." Духтараки хурд бо номи Грейс мегӯяд: "Ман барои кумак ба кӯдакони бегуноҳи афғон як доллар мефиристам.... Ман орзу дорам, ки он ба ҳаёти як кӯдак ёрӣ расонад. " Дар номаи дигар омадааст: Кӯдакони азизи Афғонистон ! Мо ғами шуморо мехӯрем! Мо мехоҳем шумо озуқа, об ва доруворӣ дошта бошед. Бо эҳтиром Гарри Кпернел, Кӯдак аз ИМА." Кӯдаки дигаре навиштааст: "Ман умедворам, ҳар долларе, ки мо мефиристем, кумак хоҳад кард, ки кӯдакони Афғонистон сиҳат ба воя расанд ва ҳаёти хуб дошта бошанд."

Ин садоҳои Амрико ҳастанд. Ҳамаи мо мехоҳем, ки ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон сиҳату саломат бошанду ҳаёти онҳо хуб бошад. Субҳи имрӯз ман бо гурӯҳе аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, ки баҳри беҳбуди ҳаёт дар Афғонистон фаъолият пеш мебаранд, вохӯрдам. Беш аз 25 муассисаи ҳамсони амрикоӣ аллакай дар кишвари Шумо ҳузур доранд ва бисёри дигарон аз саросари олам ба онҳо ҳамроҳ хоҳанд шуд. Ин гурӯҳҳо дар эҳёи маориф, тамрини кишоварзон, муаллимон , ходимони соҳаи беҳдошт ёрӣ мерасонанд. Онҳо ҳамчунин дар ташкили соҳибкории хурд, ки аз он тамоми ҷомеа нафъ мебардорад, саҳм мегиранд. Дар чорчӯби яке аз ин гуна лоиҳаҳо занони афғон аз роҳи дӯхтани либоси мактабӣ ба духтарони афғон маблағе ба даст меоранд. Ин барнома замоне оғоз ёфт, ки вазири умури занони Афғонистон хонум Симо Самар аз ИМА кумак хост, то занон ба кор ва духтарони ба мактаб бозгрардонида шаванд. Хонум Самар мошинҳои дарздӯзӣ ва матоъ талаб кард. Аллакай 200 мошини дарздӯзӣ ва 50 ҳазор ярд матоъ интиқол дода шуд. Боз 550 ҳазор ярд матоъ, 144 миллион тӯгма, 30 ҳазор ҷуфт пойафзол, 10 ҳазор ҷуфт ҷӯроб ва ашёи дигар аз номи ширкатҳои мухталиф ва шаҳрвандони оддии саросари олам дар роҳ ба Афғонистон мебошанд. Ин давра барои Афғонистон вазнин, вале умедворкунанда мебошад. Ба ҳайси собиқ муаллим ва китобхоначӣ , ман ба вижа хушҳолам, ки ҳозир мактабҳои Афғонистон боз ҳастанд ва писарону духтарон имкон доранд, ки таҳсил намоянд. Таълим ниҳоят муҳим аст. Яке аз чизҳои муҳимтарине, ки модарону падарони Афғонистонӣ баҳри беҳбуди ояндаи кишвари худ карда метавонанд, ин фиристодани кӯдакони Шумо ба мактаб аст, то онҳо хонданро омӯхта, донишеро аз худ кунанд, ки дар зистани ҳаёти пурсамар ба онҳо ёрӣ расонад. Масъалаи дигари муҳим, ки ҳар шаҳрванд иҷро карда метавонад, ширкат дар вохӯриҳои минтақавиест, ки бар пояи созиши Бонн бо ҳадафи интихоби раҳбарони ҷадид доир мешаванд. Ман аз қароргоҳи Радиои Аврупои Озод, Радиои Озодӣ ба Шумо муроҷиат мекунам. Ин радио баҳри таъмини Шумо бо иттилоъи зарурӣ ташкил шуда, имкон медиҳад, ки Шумо огоҳона ба нафъи оилаву кишвари худ қарор қабул кунед. Умедворам, ки занони афғон ҳангоми қабули ин қарорҳо барканор нахоҳанд буд. Шумо имкони бузург доред ва чизи зиёд дар миён гузошта шудааст. Ман мефаҳмам, ки ҳаёти занон дар Амрико аз ҳаёти занон дар Афғонистон фарқи калон дорад. Ва Ман ин фарқро эҳтиром менамоям. Ба ҳар ҳол, мехоҳам Шумо бидонед, ки он барканорие, ки режими Толибон болои Шумо бор кард, на бо меъёрҳои байналмилалӣ, на бо меъёрҳои Исломӣ ва на бо меъёрҳои худи Афғонистон мутобиқ нест. Қабл аз Толибон занон вакили Парламенти Афғонистон интихоб мешуданд, ба ҳайси муаллим, табиб, ва мутахассиси ҳирфаӣ кор мекарданд, занон бо маълумот буда, як бахши муҳими ҳаёти Афғонистон ҳисоб мешуданд. Умедворам, ин чиз бармегардад, зеро ҷомеа аз ширкати ҳамаи аъзои он фақат бурд мекунад. Дар тӯли соҳои зиёд дар Афғонистон ҷанг роҳи зиндагӣ буд. Мардуми бисёре бо сарсупурдагӣ дар паи бунёди сулҳи дарозмуддат ҳастанд ва Шумо худатон бояд аз ин имкон истифода баред. Умедворам, шумо аз фаъолияти мактабҳо пуштибонӣ намуда, фарзадони худро барои таҳсил мефиристед. Умедворам, шумо аз фоидаи тамрине, ки муассисаҳои зиёд барои шурӯи соҳибкорӣ ва ё омӯзиши касб тақдим менамоянд, баҳраманд хоҳед шуд. Умедворам, Шумо дар интихоби ҳукумате, ки тавонад кишварро ба ояндаи осоиштаву комёб раҳбарӣ намояд, ширкат мекунед. Ман медонам, феълан шояд ин орзӯи норӯшан ба назар расад. Аммо ман бахши бузурги ҳафтаи гузаштаро дар ду кишвари Аврупои Марказӣ: Маҷористон ва Ҷумҳурии Чех, ки каме бештар аз даҳ сол пеш аз истибдод озод шудаанд, сипарӣ намудам. Имрӯз ин кишварҳои озод ва сертаҳаввул мебошанд. Ман итминон дорам, ки Афғонистон ояндаи осоиштаву озод бунёд хоҳад кард. Ва Амрико дар расидани ба он дӯст ва шарики Шумо хоҳад буд. Мо бо шумо ҳастем.

Ташаккур аз Шумо ва ташаккур аз РАО-РО, Радиои Афғонистони Озод ва Садои Амрико, ки маро имрӯз меҳмондорӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG