Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар саросари ҷумҳурии Қирғизистон идома доранд



Хоҷа Мирзода

Субҳи панҷшанбе 16 май Полиси таъйиноти махсуси Қирғизистон эътирозгаронро аз назди бинои Парламенти ин кишвар хориҷ намуд.

Субҳи панҷшанбе 16 май Полиси таъйиноти махсуси Қирғизистон эътирозгаронро аз назди бинои Парламенти ин кишвар хориҷ намуд, вале раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар саросари ин ҷумҳурии собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ идома доранд. Фаъолони мухолифин шоҳроҳи Бишкек-Ошро, ки Шимоли Қирғизистонро бо Ҷануби ин кишвар мепайвандад, баста, дар тӯли ҳафтаи равон дар назди Бинои Парламенти Қирғизистон гирдиҳамоиҳои эътирозӣ доир менамуданд. Онҳо талаб мекунанд, ки парвандаи ҷиноӣ бар зидди вакили Парламент Азимбек Бекназаров лағв гардад, пешвоҳои дигари мухолфин аз маҳбасҳо раҳо шаванд ва масъулони куштори эътирозгарон дар моҳи март ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Субҳи панҷшанбе тахминан дусад нафар мухолифини ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бешкек дар назди бинои Парламенти ин кишвар ҷамъ шуда, ба нишони эътироз аз мувофиқати тақдими қаламрави Қирғизистон ба Ҷумҳурии Халқии Чин истеъфои президент Аскар Ақаевро дархост намуданд. Аскар Ақаев мебоист рӯзи панҷшанбе дар Иҷлосияи Парламент бахшида ба арзёбии нооромиҳои ахири ин ҷумҳурӣ ширкат намояд. Дар лаҳзаи охир ӯ аз ҳузур дар ин Иҷлосия худдорӣ варзид. Абдусапар Баялинов аз Ҳизби Ор Номуси Қирғизистон гуфт, ки субҳи панҷшанбе полис ба зудӣ эътирозгаронро иҳота намуда, аз майдон берун ва сипас бо истифода аз зӯр дар автобусҳо савор кард. Дар байни гирдомадагон занону кӯдакон кам набуданд. Ҳангоми кашмакаш бо полис аксари онҳо пойафзоли худро гум карданд. Акнун майдон таҳти муроқибати шадиди полис қарор дорад. Вазири умури дохилии Қирғизистон Темирбек Акматдалиев иттилоъ дод, ки 40 нафар боздошт шуд. Ӯ гуфт: Онҳо бар пояи қонунҳои Қирғизистон ҷазои одилона хоҳанд гирифт. Аммо Эдик Кулов бародари Феликс Кулов: яке аз пешвоёни ҳабсшудаи мухолифин таъкид кард, ки камаш 94 кас. Аз ҷумла рӯзноманигорон ба ҳабс гирифта шуданд ва онҳо эҳтимолан аз понздаҳ доллар то понздаҳ рӯзи маҳбас ҷарима бигиранд. Тибқи хабарҳо рӯзи панҷшанбе Азимбек Бекназаров ҳамроҳ бо эътирозгарон боздошт шуд. Дар ин миён беш аз севу ним ҳазор ҳаводорони ӯ таҳрими шоҳроҳи Бишкек-Ошро, ки Шимоли Қирғизистонро бо Ҷануби ин кишвар мепайвандад, идома медиҳанд. Соли гузашта Азимбек Бекназаров созиши тақдими як порча замини Қирғизистон ба Чинро поймолкунии Конституция унвон дода, истеъфои президент Аскар Ақаевро дар миён гузошт. Аммо мақомоти Қирғизистон худи ӯро бо сӯиистифода аз қудрат ҳабс карданд. Баъди эътирозҳои мардумӣ ва нооромиҳои моҳи март дар вилояти Ҷалолободи ин кишвар, ки ҳаёти камаш панҷ нафарро аз байн бурданд, Бекназаров аз зиндон озод шуд, вале парвандаи ҷиноии ӯ лағв нагардидааст. Ибтидои ҳафтаи равон ваклони Палатаи болоии Парламенти Қирғзистон созиши тақдими заминро ба тасвиб нарасониданд. Аммо Булот Ҷонузоқов мушовири президенти Қирғизистон мегӯяд, ки вакилон созишро рад накардаанд, онҳо тасвиби онро ба таъхир гузоштанд. Ӯ гуфт, ки депутатҳо ба зудӣ ба баррасии ин масъала бармегарданд. " Вакилон созишро рад накарданд. Онҳо қабули ин ҳуҷҷатро ба таъхир гузоштанд. Дар овоздиҳӣ се вакил зид буду 21 нафар тарафдор. Тибқи қонун пуштибонӣ ва ё радди 23 депутат лозим аст. Ҳамин тариқ ин овоздиҳӣ маънои радди созишро надорад."

Дар ҳамин ҳол қонунгузорони қирғиз аз вазъи амниятии ин кишвар изҳори нигаронии амиқ мекунанд. Раиси Кумитаи Маҷлиси Қонунгузори ин ҷумҳурӣ Мирзокон Субонов мегӯяд, ки агар чораҳои фавқулоддаи амниятӣ қабул нашаванд, Қирғизистон ба вартаи Ҷанги шаҳрванди фурӯ меравад. Муовини сарвазири Қирғизистон Николай Танаев бошад, ваъда дод, ки дар як ду рӯзи наздик Комиссияи Давлатӣ назари худро дар бораи сабабҳои нооромиҳои моҳи март ва куштори одамон дар вилояти Ҷалолобод эълон хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG