Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои Қарордоди амнияти дастаҷамъи, ки 10 сол пеш ба мувофиқ расид чӣ овард?



Соҷидаи Мирзо

Дар нишасти рӯзи сешанбе, ки ба 10 солагии имзои Қарордоди амнияти дастаҷамъи мувофиқ омад, раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Белорус ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Президенти Руссия Владимир Путин бо даъвати сарони панҷ кишвари собиқ шӯравӣ ва бо барномаи ташкили фармондеҳии муштарак дар чаҳорчӯби Созишномаи амнияти дастаҷамъи, барои афзоиши нақши коҳишёфтаи Маскав дар қаламравҳои таҳти нуфузи худ талош намуд. Дар нишасти рӯзи сешанбе, ки ба 10 солагии имзои Қарордоди амнияти дастаҷамъи мувофиқ омад, раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Белорус ва Қирғизистон иштирок намуданд. Владимир Путин дар оғози нишаст чунин гуфт:

"Шароити хубе даст дод, ки мо гурӯҳи хурди ҳамтоҳои худро дар Маскав сарҷамъ намоем. То ки натоиҷи фаъолияти чанд соли ахирро намоем, барномаҳои минбаъда, масъалаи амнияти шаҳрвандони худ ва баъзе бахшҳои масоили байналмилалироро баҳс кунем."

Як рӯз қабл аз мулоқоти сарони кишварҳои узви созишномаи Амнияти Дастаҷамъи, вазирони хориҷӣ ва дифоъи ин давлатҳо масъалаи ташкили фармондеҳии муштаракро таҳти назорати ситоди фармондеҳии Русия баҳс намуданд. Аҷалаи Маскав барои таҳкими нақши низомӣ, тирамоҳи гузашта ба думболи ҳузури низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ суръати тоза касб кард. Путин аз ҷанги Амрико алайҳи терроризм қотеъона пуштибонӣ намуд ва ҳузури Амрикоро дар минтақа ҳамчун амри зарурӣ пазируфт. Ин ҳамдигарфаҳмӣ равобити Маскаву Вашингтонро наздиктар ва ба гуфтаи таҳлилгарон роҳро барои расидан ба мувофиқаи коҳиши силоҳи ҳаставӣ ҳамвор намуд. Аммо ҳамзамон ташвишҳоеро аз афзоиши нуфузи Амрико ба истилоҳ дар ҳавелии берунии Русия ба миён овард. Агар таърихи 10 солаи Созишномаи амнияти дастҷамъиро варақ гардонем, мебинем, ки он ба ҷуз бозори гапфурӯшӣ чизи дигаре нест. Зеро ба ғайри Русия ҳеҷ кишвари дигар ба вежа давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз нирӯи зиёди низомӣ ва тавони молӣ бархӯрдор нестанд. Аз ин рӯ вақте аз боби ташкили ягон сохтори низомӣ дар чаҳорчӯби созишнома сухан меравад, манзур танҳо нирӯҳои Русия аст. Баъди як соли музокирот кишварҳои узви Созиномаи Амнияти Дастаҷамъи, билохира соли гузашта ба қароре расиданд, ки дар чаҳорчӯби ин қарордод нирӯи муштараки вокуниши сареъро таъсис диҳанд. Ин нирӯи ҳазорнафара, иборат аз низомиёни 6 давлати собиқ шӯравӣ нахустин тамрини худро дар минтақаи Нижний Новгороди Русия баргузор намуд. Машқҳои навбатӣ барои моҳи оянда дар Қазоқистон ва Қирғизистон барномарезӣ шудаанд. Созишномаи Амнияти Дастаҷамъи соли 1991 ба думболи футури Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳадафи густариши равобити низомӣ миёни давлатҳои тозаистиқлол арзи вуҷуд кард. Аммо аксар тасмиму қарордоҳои он дар рӯи коғаз боқӣ монданд. Зеро Русия бойтарин ва нирӯмандтарин кишвари узви созишнома, ба иллати мушкилоти иқтисодӣ тавони татбиқи ваъдаҳои низомиро надорад. Ин ҳол, якҷо бо рафтори тавсеъаталабонаи Русия, ки ба хотири ҳифзи нуфуз кишварҳои собиқ шӯравиро таҳти фишор мегирад ва ҳанӯз ҳам аз нақши бародари калонӣ даст накашидааст, баъзе давлатҳоро аз доираи нуфузи он дур намуд. Кишварҳои Қафғоз, Гурҷистон ва Озарбойҷон аз Созмшномаи Амнимяти Дастаҷамъи хориҷ шуданд, Ба думболи онҳо Узбакистон, як кишвари дигари Осиёи Марказӣ низ ба истилоҳ Маскавгурез шуд. Ин кишварҳо диданд, ки Русия наметавонад ва ё намехоҳад низоъҳои мавҷуд дар қаламрави онҳоро ҳал кунад. Созимшномаи амнияти дастаҷамъи ҳатто дар масъалаи маводи мухаддир, ки ба ҳама давлатҳои собиқ шӯравӣ таъсир дорад, нақши муҳим намебозад ва даъватҳои ба маротиби таҷаммуъи нирӯъ алайҳи қочоқи маҳоди мухаддир аз як нишаст то нишасти дигари кишварҳои узви созишнома дастнохӯрда боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG