Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши худкушӣ дар байни занони Узбакистон



Соҷидаи Мирзо



Созмонҳои ҳуқуқи башар аз афзоиши худкушӣ дар байни занони Узбакистон бонги изтироб мезананд ва иллати аслии онро ба хунат ҷомеъа ба сатҳи пасти зиндагии ҷомеъа бастагӣ медиҳанд. Тибқи маълумоти расмӣ танҳо дар чаҳор моҳи аввали соли 2002ум 322 зан аз баҳри зиндагӣ гузаштанд. 20 ҳодисаи худкушӣ ба вилояти Самрқанд рост меояд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар бештар аст. Ҳамчунин ҳодисаҳоле ба мушоҳида расиданд, ки модарони аз зиндаги дилгазон қабл аз худкушӣ фарзанони худро низ ба ҳалокат мерасонанд. Моҳи феврали соли гузашта Сурайё Холиқова, сокини вилояти Самрқанд ду тифлаки яксола ва дусолаи худро ба дор кашид ва сипас ба сари худ даст бардошт. Падари Сурайё мегӯяд, ки духтараш дигар таҳаммули зиндагии даҳшатбори хонаи шавҳар ва дидани азияти кӯдакони бегуноҳи худро надошт. Мақомоти Узбакистон афзоиши худкуширо дар байни занон ба ҳолати равонӣ ва ё психологии онҳо бастагӣ медиҳанд. Ба маъное, ки ин занҳо нуқси ақлонӣ доштанд ва наметавонистанд эҳсоси худро назорат кунанд. Ҳукумат эътироф мекунад, ки теъдоде аз занҳо бар асри хушунати хонаводагӣ худкушӣ кардаанд. Аз дасти азиятҳои шавҳари бераҳм ва ё падару модари бешавқати ӯ. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф намекунанд, ки сахтии рузгор, вазъи бади иқтисодӣ ва ноумедии занҳо ба оянда низ аз сабабҳои аслии худкушӣ арзёбӣ мешаванд. Дилбар Ғуломова муовини нахуствазири Узбакистон моҳи гузашта дар як нишасти бахшида ба ҳифзи модару кӯдак баён дошт, ки 99 дарсади қурбониҳои худкушӣ аз вазъи носолими оилавӣ манша мегиранд. Ӯ афзуд, ҳеҷ зане то ҳол аз натоиҷи бӯҳрони иқтисодӣ даст ба худкушӣ назадааст. Дар нишасти ҳифзи Модару кӯдак ноиби назхуствазир аз баррасии ошкори масъалаи худкушӣ ҷилавгирӣ намуд. Хонум Ғуломова гуфт, масъалаи худкушии занон кори дохилии Узбакистон аст на мавзуъи баҳс дар матубот. Ӯ аз хабарнигороне, ки дастгоҳҳои сабти худро хомуш накарданд талаб намуд, ки толорро тарк намоянд. Созмонҳои байналмилаии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки решаи ҳама гуна хушанти оилавии Узбакистон дар фишори ҳукумат ва сохторҳои он нуҳуфтааст. Дар гузориши Созмони Ҳюман Райтс Вотч, як ташкилоти байналмилалӣ, ки солҳо боз вазъи ҳуқуқи башарро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ аз наздик меомӯзад, омадааст, ба хотири ҳифзи арзишҳои оилавӣ бюрократҳо занҳоро маҷбур мекунанд, ки даҳшати зӯровариро дар хонаводаи шавҳар таҳаммул ва дар фазои носолими хусумат зиндагӣ кунанд. Чунин занҳо ба истилоҳ дар миёни чаҳор дарё тахтабанд мешаванд. Аз як тараф душмании оилавӣ, аз тарафи дигар хушунати шавҳар, аз сӯе ҳам ҷабри падару модари ӯ ва ниҳоят бетафовутии ҳукумат, ки масъалаи ҳимояи ҳуқуқи занҳо аз паси панҷа менигарад. Занҳои ноумед ягона роҳи раҳоии худро аз ин даҳшатҳо дар худкушӣ мебинанд. Дар фарҳанги узбакҳо издивоҷ занҳоро бо мақоми махсус таъмин мекунад ва талоқ ё бекор намудани никоҳ шармандагӣ арзёбӣ мешавад. Тарс дар баробари хатари ба истилоҳ ради маърака шудан, занҳоро ба он водор мекунанд, ки ҳама гуна таҳқиру зӯроварии шавҳарро таҳаммул кунанд. Агар як зани узбак аз болои шавҳвари худ ба идораи давлатӣ шикоят барад ва ё талаби талоқ кунад, мақомот на шавҳари золим, балки худи занро гунакор мешуморанд. Кам андар кам рух медиҳад, ки як мард барои лату куби ҳамсари худ муҷозот шавад. Ба маъулоти кумитаи омори Узбакистон аз 322 парвандаи худкуши занон дар соли 2002ум 12 парванда то додгоҳ расида танҳо аз рӯи ду делои ҷинои ҳукм содир гардидааст. Дар пасманзари ин далелҳои даҳштбор изҳорот ва ташкилиҳои бошукуҳи мақомот бахшида бо "Соли Модару кӯдак", Соли Зан ва Соли Оила ба ҷуз гапфурӯшӣ ва шоуи арзон чизи дигаре нест.

XS
SM
MD
LG