Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Тоҷикистон аз ҳар тараф зери фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад



Холидаи Қодир

Таҳлилгарон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки фазои маълумот дар Тоҷикистон маҳдуд аст ва ин холигоҳи иттилоотӣ ба рушди ҷомеа, демократия ва ҳатто ба амнияти кишвар хатар ба бор меоварад.

Таҳлилгарон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки фазои маълумот дар Тоҷикистон маҳдуд аст ва ин холигоҳи иттилоотӣ ба рушди ҷомеа, демократия ва ҳатто ба амнияти кишвар хатар ба бор меоварад. Дар солҳои аввали истиқлолият дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон матбуоти озод ва мустақил нисбатан рушд карда буд. Зимнан, Тоҷикистон дар ин минтақа ягона кишварест, ки дар саҳнаи сиёсати он ҳизби исломӣ нақш дорад. Вале фазои матбуоти озод дар Тоҷикистон тангтар мешавад ва дар ин масъала ҷумҳурӣ торафт шабеҳи кишварҳои ҳамсоя мегардад. Матбуоти Тоҷикистон аз ҳар тараф зери фишор аст: зери фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ. Аз як тараф, мақомоти расмӣ фаъолияти матбуот ва радиову телевизионро зери назорат доранд. Онҳо василаи кофиро дар даст доранд, ки кори матбуот ё радиову телевизиони озодро халалдор кунанд: аз тариқи хадамоти андоз, ё молиёт ва ё сабти ном накардани нашрия ва радиову телевизион. Аз тарафи дигар, худи журналистон маҷбуранд, ки аз танқид худдорӣ кунанд. Зеро баъди чопи мақолаи танқидӣ касе дар фикри амнияти хабарнигор намешавад ва борҳо иттифоқ афтодааст, ки қаҳрамонони мақолаҳои танқидӣ бо муаллифи мавод сахт ҳисобу китоб кардаанд, гоҳо ба шакли расмӣ, гоҳо ба шакли латукӯби хабарнигор. Созмони Ҳуқуқи башари ҲРВ дар гузориши солонаи худ дар ин бора аз тоҷикистон мисолҳои зиёд овардааст. Фишори дигар проблемаи иқтисодӣ, яъне нодории ҷумҳурӣ аст, ки дар шароити он соҳибони васоили ахбор на ҳамеша барои табъу нашр ва маоши кормандон маблағи кофӣ дастрас мекунанд. Заъфи қудрати харидории мардум мушкили дигари васоили ахбор мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳеҷ нашрияе нест, ки ба таври муназзам ҳафтае панҷ бор чоп шавад. Нашрияҳои Тоҷикистон маъмулан ҳафтавор мебошанд. Матбуоти давлатӣ асосан, бо маводи хушку расмӣ пур мешавад. Матбуоти ғайрирасмӣ ба маводи сабуке чун гороскопу қиссаву латифа таваҷҷӯҳ доранд, ки аксаран аз нашрияҳои русӣ нусхабардорӣ мешаванд. Тибқи маълумоти гурӯҳи Интернюз дар Тоҷикистон 16 телевизиони хусусиву ҷамъиятӣ сабти ном шудааст. Аксари онҳо рӯзе ду се соат барнома пахш мекунанд. Дар шаҳри Душанбе ҳеҷ телевизион ё радиои хусусӣ фаъолият намекунад. Ҳамин аст, ки дар фазои иттилооти Тоҷикистон холигоҳ эҳсос мешавад. Агар ҳукумат ба фаъолияти васоили ахбори озоду мустақил роҳро боз накунад, дар ин миён нируҳое пайдо хоҳанд шуд, ки бо камоли майл ин холигоҳро пур кунанд. нашрияи Евразия Нет як намуна овардааст, ки масалан, Ҳизубтаҳрир дар пайи он аст, ки аз тариқи саҳифаҳои интернет, пахши шабномаву таъсиси марказҳои таълимӣ ба афкори ҷомеа таъсмр гузорад.

XS
SM
MD
LG