Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори вазирони умури хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай дар Маскав



Раҳматкарими Давлат

Ҳадафи аслӣ аз нишасти вазирони хориҷаи Русия, Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазокистон ва Ӯзбакистон таҳия намудани асноде буд, ки бояд зимни мулокоти сарони кишварҳои узв 7-уми июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба имзо бирасанд.



Вазирони хориҷаи шаш кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай дар Маскав мулоқот карданд. Ҳадафи аслӣ аз нишасти вазирони хориҷаи Русия, Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазокистон ва Ӯзбакистон таҳия намудани асноде буд, ки бояд зимни мулокоти сарони кишварҳои узв 7-уми июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба имзо бирасанд. Санади аслии мавриди баҳси вазирони хориҷа пешнависи ойиномаи Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай буд. Гуфта шуд, ки бо имзои ин санад дар қораи Осиё як иттиҳодияи нави байналмиллалӣ ба вуҷуд меояд. Вазирон хориҷаи узви созмони ШанҲай амнияти минтақа ва авзоъи Афгонистонро низ баррасӣ кардаанд. Дар ҳошияи мулокоти Маскав вазири хориҷаи Чин Тан Зянсуан бо ҳамтои Русии худ Игор Иванов дидор намуд. Ду тараф ба зарурати муассирсозии амалкарди маркази минтакавии мубориза бо терроризм таъкид намуданд.

XS
SM
MD
LG