Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири дифоъи Ҳиндустон Ҷорҷ Фернандес ба Тоҷикистон



Хиромони Бақозода

Дар ҷараёни мулоқоташ бо ҳамтои тоҷикистонии худ Шералӣ Хайруллоев ҷаноби Фернандес пешниҳод кард, ки Деҳлӣ метавонад дар таҳсили донишҷӯёни бахшҳои низомии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Ҳиндустон кӯмак намояд. Сафари мақоми баландпояи Деҳлӣ дар Душанбе тайи ду рӯз ҷараён хоҳад дошт.



Таҳким ва густариши равобити низомӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳадафи аслии сафари вазири дифоъи Ҳиндустон Ҷорҷ Фернандес ба Душанбе аст. Дар ҷараёни мулоқоташ бо ҳамтои тоҷикистонии худ Шералӣ Хайруллоев ҷаноби Фернандес пешниҳод кард, ки Деҳлӣ метавонад дар таҳсили донишҷӯёни бахшҳои низомии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Ҳиндустон кӯмак намояд. Сафари мақоми баландпояи Деҳлӣ дар Душанбе тайи ду рӯз ҷараён хоҳад дошт. Гуфта мешавад, дар наздиктарин фурсат вай ният дорад бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва нахуствазир Оқил Оқилов мулоқот намояд.

XS
SM
MD
LG