Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони шӯравизоди Ӯзбакистон Русияро аз ҳофизаи таърихӣ ва худшиносии миллӣ мезудоянд



Тарас Кузио (Евразиянет)

Раҳбари феълии Ӯзбакистон, собиқ сарвари Ҳизби коммунист, Ислом Каримов баъди суқути Шуравӣ қудратро бетанаффус дар даст дорад ва талош мекунад, ки қонунияти ҳукумати худро бо роҳи бунёди ҷомеъаи миллӣ таъмин намояд. Дар тӯли солҳои истиқлолият ҳукумати Ӯзбакистон эҳсоси ифтихор аз кишвари бузурги минтақавиро дар замири шаҳрвандонаш бедор намуд ва рақобати минтақавиро бо Қазоқистон суръат бахшид.

Дар Ӯзбакистон аз соли 1992 ба ин тараф ҳукумат бо кӯшишҳои эҳтиёткорона эҳсоси худшиносии шаҳрвандонро, бидуни зарар ба салоҳияту ҳокимияти худ афзойиш медиҳад, то як давлати мустақили миллӣ бунёд намояд. Ӯзбакистон чун кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ оппозитсиюн ва озодандешони муташаккил надорад. Раҳбари феълии Узбакистон, собиқ сарвари Ҳизби коммунист, Ислом Каримов баъди суқути Шуравӣ қудратро бетанаффус дар даст дорад ва талош мекунад, ки қонунияти ҳукумати худро бо роҳи бунёди ҷомеъаи миллӣ таъмин намояд. Ба назари ҳукумат андешаи якпорчагии миллӣ масоили қабилавию этникиро аз байн мебарад ва низоми ҳалли мушкилоти марзиро муҳайё месозад. Дар тӯли солҳои истиқлолият ҳукумати Ӯзбакистон эҳсоси ифтихор аз кишвари бузурги минтақавиро дар замири шаҳрвандонаш бедор намуд ва рақобати минтақавиро бо Қазоқистон суръат бахшид. Соли 1999 он аз Созишномаи амнияти дастаҷамии Муштаракулманофеъ хориҷ ва ба ташкилоте бо номи ГУУАМ ворид гардид, ки дар он давлатҳои ба истилоҳ Маскавгурез узвият доштанд. Ин ҳаракатҳо бо ҳамкории Ӯзбакистон дар барномаи сулҳи НАТО мувофиқ омад ва робитаи онро бо Амрико, баъди таҳаввулоти 11 сентябр ҳамвор намуд. Оё кадом бахши ин барномаи Ӯзбакистони кунунӣ дар роҳи муайян намудани худшиносии миллӣ кумак намуд ва оё дар татбиқи он аз кадом шеваҳо истифода шуд? Гуфта мешавад, ки ин барнома қабл аз озодиҳои сиёсӣ масъалаи эътидоли сиёсӣ ва ғаридавлатӣ намудани моликиятро матраҳ мекард. Ба масъалаи таҳкими истиқлолият ва якпорчагии Ӯзбакистон бартарӣ медод ва барои коҳиши нақши низомии Руссия, лағви вобастагии иртиботу нақлиёти аз он иқдомоти ҷиддӣ пиёда намуд. Аз соли 1990 ба ин тараф аз се ду ҳиссаи афсарони артишро ӯзбакҳои этникӣ фаро гирифтанд, ки рӯҳияи тунди миллӣ доранд. Ин стартегия дар муайян намудани сиёсати давлатӣ ва хориҷии Ӯзбакистон низ таъсир дошт. Барномаи густариши забони узбакӣ ба рушди забони англисӣ ва олмонӣ, ҳамчун ҷойгузини забони русӣ дар ин кишвар мувофиқат кард. Густариши забони ӯзбакӣ асосан барои рушди фарҳанги миллӣ ва лағви таъсири Руссия дар ҳаёти шаҳрвандон ба кор бурда шуд. Ин сиёсат истифодаи каломи русиро дар Ӯзбакистон коҳиш дод ва ба ӯзбакҳо нақши пешбаранда бахшид. Забони русӣ, ки дар давраи шуравӣ забони давлатии ӯзбакҳо номбар мешуд, акнун дар қатори забонҳои ақалиятҳои миллии Ӯзбакистон як кунҷакеро соҳиб шудааст. Дар ҳоле, ки забони русӣ дар ҳамсоякишварҳои Ӯзбакистон Қазоқистон ва Қирғизистон аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор аст, қонугузорони забони Ӯзбакистон, бо ҳассосияти хоси худ пайи забони русиро аз ҳаёти ҷомеъа мерӯбанд, бо шумули маҳсулоти нашриётӣ ва китобҳои дарсӣ. Ин гуна ҳаракатҳо албатта, ба русҳое,ки дар Ӯзбакистон ба сар мебаранд ва хоҳиши омӯзиши забони давлатиро надоранд таъсир мекунад. Бо таъкиди забони узбакӣ ҳамчун забони давлатдории Ӯзбакистон саромадони ҳукмрон бо пархошгарӣ ба нуқоти муҳими таърихӣ таъкид меварзанд ва ба бознависии таърих рӯй овардаанд. Бо таъкид ба нукоте, ки истиқлолияти таърихии Ӯзбакистонро собит мекунанд. Ин барнома таваҷҷӯҳи Қазоқистон ва Туркманистонро ба худ ҷалб намуд. Ин кишварҳо низ ҳамчун Ӯзбакистон мехоҳанд, мифи баъди шуравӣ, ё ақоидеро, ки давлатҳои минтақа гуё ҳавелии берунии Руссия мебошанд, аз байн бубаранд. Бо кофтукови решаҳои таърихӣ ӯзбакҳо Темурлангро падари нави миллат муайян намуданд, ки гӯё иттиҳоди ӯзбакҳоро дар асри 14 таъмин намудааст. Темурланг, ки дар Ғарбу Шарқ лашкаркаши шумурда, мешавад, дар Ӯзбакистон мояи ифтихори миллӣ ва омили ваҳдат гаштааст. Муҷассамаҳои ӯро метавон дар ҳама кунҷу канори Ӯзбакистон пайдо кард. Дар Тошканд музеи Темурланг бунёд ёфтааст, ки ҳамчун мақабараи Ленин дар Маскав макони зиёрати аскарону талабаҳост. Мақомоти Ӯзбакистон роҳи раҳоӣ аз Маскав ва гузаштаи Шӯравиро дар таҳкими худшиносии миллӣ дарёфтаанд. Ба назари коршиносон эътилофи нави Ӯзбакистону Амрико тавони президент Каримовро барои фирори бештар аз Руссия ва АвруОсиё тақвият медиҳад.

(Баргардони Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG