Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномае наве бо номи ТРАСЕКА ё роҳрави Нақлиётии Аврупо-Қавқоз ва Осиё ба кишварҳои ин минтақа чӣ медиҳад?



Хоҷа Мирзода

Мушкилоти рафтуомад баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ пешбинӣ мешуд ва дар соли 1993 Иттиҳодияи Аврупо барномаеро бо номи ТРАСЕКА: ДОЛОН ё роҳрави НАҚЛИЁТИИ АВРУПО-ҚАФҚОЗ ВА ОСИЁ матраҳ ва сармоягузорӣ намуд.

Мушкилоти рафтуомад баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ пешбинӣ мешуд ва дар соли 1993 Иттиҳодияи Аврупо барномаеро бо номи ТРАСЕКА: ДОЛОН ё роҳрави НАҚЛИЁТИИ АВРУПО-ҚАФҚОЗ ВА ОСИЁ матраҳ ва сармоягузорӣ намуд. Бар пояи он ҳашт ҷумҳурии собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бояд ба роҳҳои алтернативии рафтуомад ва интиқоли бор ба Аврупо имкон ёбанд. Дар сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Боку аз дабири кулли барномаи ТРАСЕКА Звиад Квачантирадзе пурсидам, ки иҷрои барнома ба кишварҳои минтақа чӣ медиҳад? Оё он сармоягузориҳо боз хоҳанд гашт? Охир ба гуфти баъзе соҳибкорон интиқоли бор аз роҳи баҳрӣ аз бандари Шанҳай ба Аврупо хеле арзонтар аз он аст, ки бор бо роҳи заминӣ аз Осиёи Марказӣ гузарад? Звиад Квачантирадзе дабри кулли барномаи ТРАСЕКА гуфт: "Ин ҷо масъала рӯи он нест, ки мо тавонем бо роҳҳои баҳрӣ рақобат ташкил намоем. Ин ҷо сухан дар бораи он меравад, ки ба кишварҳои шарики барномаи ТРАСЕКА роҳҳои алтернативии рафтуомад дастрас шавад. Ягон ба истилоҳ "коридор ва ё роҳрав" бо роҳи обӣ рақобат карда наметавонад, зеро он хеле арзон аст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки роҳи обӣ тӯлонист. Хуллас, дар ниҳояти амр интихоби тарзу тариқи интиқоли бор ба иҷрокунандаи фармоиш ва соҳиби бор иртибот дорад. Ман фикр намекунам, ки интиқоли бори кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Аврупо ба воситаи бандари Шанҳайи Чин нисбат ба истифода аз бандари Оқтауи Қазоқистон ва ё бандари Туркманбошии Туркманистон арзонтар бошад. Фаромӯш накунед, ки дар ҳамлу нақли байналмилалӣ се нишондиҳанда муҳим аст: Тариф ё таоруфа, хадамот ваё сервис ва вақт."

Бо ишора ба мушкилиҳои нақлиётии Тоҷикистон аз дабири кулли Барномаи Трасека пурсидам, ки вазъи ин ҷумҳурӣ, ширкати он дар лоиҳаҳои муштарак чӣ гуна аст? Чӣ бояд кард? Звиад Квачантирадзе мегӯяд, ки қабл аз ҳама ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон боиси таъхири иҷрои лоиҳаҳои ТРАСЕКА дар ин ҷумҳурӣ шуд. Аммо сар аз соли 2000ум Тоҷикистон фаъолона дар Ҷаласаҳои ТРАСЕКА иштирок намуда, дар ташкили базаи муштараки ҳуқуқӣ барои ширкаткунандагони ин барнома саҳм дорад. Ӯ меафзояд, ки соли равон як лоиҳаро ёдовар шудан мумкин аст: "Ин сохтмони роҳи мошингард аз шаҳри Термизи Узбакистон ба воситаи шаҳри Душанбе то ба шаҳри Сари Тоши Қирғизистон аст. Оғози кор ва ҳисобу китоби техникии он дар соли равон мадди назар гирифта шудааст. Ин сохтмон роҳи дорои аҳамияти байналмилалмиро, ки бо ҳамсоякишварҳо пайваст хоҳад шуд, дар бар мегирад. Ба фикри мо роҳи мошингард ба тараққии саноати кӯҳӣ, барқ, кишоварзӣ содироту воридоти ашёи ин соҳа, сайёҳат ва ғайра кӯмак мекунад. Хотирнишон мекунам, ки ҳангоми шурӯи барномаи ТРАСЕКА борҳо таъкид шуд ва комиссияи байнидавлатӣ ҳам бар он асос фаъолият пеш мебарад, ки ҳадафи ТРАСЕКА на фақат интиқоли борҳо, балки ҳамчунин тараққии равобити байниҳамдигарӣ миёни кишварҳои минтақа ва Иттиҳодияи Аврупо, пешрафти иқтисоду тиҷорати ҷамоҳири ширкаткунанда ва дастрасӣ ба роҳҳоии алтернативии рафтуомад мебошад. "

Бо дар назар дошти таҳаввулоти ахири минтақа. Ман рӯйдодҳои ахири Афғонистонро дар назар дорам. Оё кадом иқдоме оиди қабули Афғонистон ҳам пешбинӣ шудааст? Ё ҳадди ақалл истифода аз имконоти ТРАСЕКА дар эҳёи баъдиҷангии Афғонистон ҷой хоҳад дошт? Звиад Квачантирадзе дабири кулли барномаи ТРАСЕКА қайд намуд: "Мо дар моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Тбилиси дар Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ бо иштироки вазирони нақлиёти кишварҳои шарик пешниҳод кардем, ки қарори хосе оиди таъмини шароити мусоид барои интиқоли борҳову кумаки башардӯстона ба Афғонистон ба тасвиб расад. Аллакай Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон нақши муҳимеро дар амалиёти башардӯстона дар Афғонистон касб намудаанд. Ба воситаи баҳри Сиёҳ бори зиёди СММ, Барномаи Ҷаҳонии Озуқа ва дигарон ба Афғонистон интиқол дода шуд ва ин раванд идома дорад. Барои оянда ҳам нақшаҳои бузурге тарҳрезӣ кардаем, аммо бояд бигӯям, ки мо пас аз шунидани сухан аз минбарҳои баланд оиди кӯмаки фавқулодда бузург ба Афғонистон интизороти хеле бештар аз миқдори ҳозираи кӯмакро доштем. Ташаккур аз Шумо Звиад Квачантирадзе дабири кулли барномаи Трасека: Долон Нақлиётии Аврупо, Қафқоз ва Осиё.



XS
SM
MD
LG