Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахнае дар равобити Тоҷикистону Русия



Тоҳири Сафар

Дар равобити миёни Тоҷикистон ва Русия ҳанӯз баъди он раҳна ба вуҷуд омад, ки ҳукумати Душанбе роҳи кишварро ба рӯи артиши Амрико боз намуд.

Дар равобити миёни Тоҷикистон ва Русия ҳанӯз баъди он раҳна ба вуҷуд омад, ки ҳукумати Душанбе роҳи кишварро ба рӯи артиши Амрико боз намуд. Кишвари собиқ шӯравии Тоҷикистон, тайи даҳ сол ба инҷониб ба Русия содиқ буд ва онро шарики стратегии худ меномид. Тоҷикистон ҳамчунин ягона кишвар дар Осиёи Марказист, ки Русия дар он пойгоҳи низомӣ дорад. Аммо моҳи гузашта моҷароҳои лафзии миёни ин ду кишвар дар муносибати онҳо шикасте ба вуҷуд овард ва нуфузи Русияро дар минтақа сахт коҳиш дод. Тоҷиконро беш аз ҳама суханони таҳқиромези сиёсатмадорони моҷароҷӯи Маскав ба хашм овард, ки тоҷиконро хавфе ба амнияти Русия номида буданд, навиштааст таҳлилгари Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ Владимир Давлатов. "Маскав пур аз тоҷикони гадо шудааст" гуфта буд Владимир Котенков намояндаи президенти Русия дар Думаи давлатии ин кишвар. Пас аз як ҳафтаи дигар муовини раиси Думаи Русия Владимир Лукин низ бо лаҳни ҳақоратбор гуфт "Тоҷикон хатари хазандае ҳастанд, ки ба амнияти Русия таҳдид мекунанд, онҳо касоне мебошанд, ки ҳамеша ошӯб ва бенизомиро ба вуҷуд овардаанд" Тибқи омори ғайрирасмӣ дар Русия дар ҳоли ҳозир беш аз 500 ҳазор тоҷикон ба сар мебаранд, аз ин ҳисоб 40 ҳазор нафар дар Маскав ҳастанд. Аксарияти онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки ба иллати адами ҷои кор дар Тоҷикистон рӯ ба Русия овардаанд. Мақомоти пойтахти Русия мегӯяд тоҷикон беш аз ҳама ба қочоқи маводи мухаддир машғул ҳастанд ва бо фарзандонашон дар хиёбону метроҳои Маскав садақаталабӣ мекунанд. Ҳамчунин сокинони Маскав аз он шикоят мекунанд, ки тоҷикон бархе аз бозорҳои пойтахтро ба дасти худ гирифта маводи ғизоиро бо қиммати гарон мефурӯшанд. Ҳарчанд, мақомоти Тоҷикистон ин гуфтаҳоро рад мекарданд, вале бори аввал баъди садо додани суханҳои таҳқиромези сиёсатмадорони рус ба таври расмӣ вокуниш нишон доданд. Дар қиболи баёнияҳои сиёсатмадорони рус вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт "Суханони Александр Котенков таҳқиромез ва бепоя аст". Аммо раҳбарияти парлумони Тоҷикистон, ки ба унвони президенти Русия Владимир Путин номаи эътирозӣ ирсол кард, иброз дошт, "Мо умедворем, ки ин гуна баёнияҳои таҳқиромез, ки ба равобити ҳар ду кишвар халал ворид мекунанд, такрор нахоҳанд шуд". Лаҳни матбуот ва зиёиёни тоҷик шадидтар аз баёниҳои мақомоти расмии кишвар буд. Ғулом Алиев донишманди тоҷик суханони сиёсатмадорони русро ғайри қобили таҳҳамул медонад. Ӯ мегуяд, Тоҷикистон дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, яке аз кишварҳои муҳими он ба шумор мерафт ва ба амнияти касе таҳдид накарда буд." Таҳлилгари сиёсии тоҷик Рашиди Ғанӣ ба хабарнигори Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ гуфтааст шояд мақомоти русӣ бо шурӯъи маъракаи зиддитоҷикӣ мехоҳанд, низоми раводидро миёни ҳар ду кишвар ҷорӣ намоянд. Ба андешаи таҳлилгари дигар ин маърака фақат нишондиҳандаи равобити ғайриқаноатбахши ҳар ду кишвар мебошад. Аммо ҳар ду ин коршинос мегӯянд дар ҳоли ҳозир равобити феълии Русия ва Тоҷикистон номуайян аст ва ба истилоҳ мекалавад. Таҳлилгари пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ меафзояд Душанбе бо вуҷуди ин, ки пойгоҳҳои ҳавоиашро дар ихтиёри амрикоиён қарор додааст, то ҳол ҳузури нерӯҳои онҳоро дар қаламрави кишвар тасдиқ накардааст. Тоҷикистон умед дорад, ки дар баробари ҳамкориаш бо Амрико дар заминаи амалиёти зиддитеррор кӯмакҳои молӣ ба даст меорад, кӯмакҳоеро ки Русия имкони пешниҳоди онҳоро надорад - навиштааст Владимир Давлатов. Аммо ба хотири нишон додани содиқии худ ба Русия Тоҷикистон иҷозаи ба муддати тулонӣ дар ҳудуди кишвар ҷойгир кардани нерӯҳои амрикоиро надодааст илова мекунад ӯ. Ба андешаи таҳлилгар дар сурати боз ҳам печидатар шудани равобити Русия ва Тоҷикистон, мақомоти Душанбе мисли раҳбарияти кишварҳои ҳамсояааш, яъне Ӯзбакистон ва Қирғизстон рафтор кунад. Яъне бо боз кардани тамоми дарвозаҳояш ба рӯи нерӯҳои низомии кишварҳои Созмони атлантики Шимолӣ, Русияро аз охирини минтақаи таҳти нуфузаш дар Осиёи Марказӣ маҳрум мекунад.

XS
SM
MD
LG