Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба яке аз пойгоҳҳои асосии эътилофи байнулмилал табдил меёбад



Салими Аюбзод

Маҷлиси қонунгузори Қирғизистон созишномаҳои ҳукумати президент Оқоевро бо ҳафт кишвари узви эътилофи байнулмилалӣ ба тасвиб расонд. Интизор меравад, боз 4 давлати дигар бо Бишкек дар мавриди истифодаи фурудгоҳи Манас санад ба имзо мерасонанд.

Қирғизистон бо ҳафт ҳампаймони Иёлоти Муттаҳида дар амалиёти зидди террор қарордод имзо карда, ба онҳо иҷоза дод, аз фурудгоҳи байнулмилалии Манас истифода кунанд. Ин созишнома заминаҳои ҳуқуқии ҳузури ҳарбии нирӯҳоро аз Фаронса, Канада, Испониё, Туркия, Дания, Итолиё ва Австралия таъмин мекунад. Санадҳои мазкурро палатаи болоии парламенти Қирғизистон бо аксарияти кулли овозҳо тасдиқ кард. Тибқи онҳо нирӯҳои мазкур ҳақ хоҳанд дошт ба муддати як сол дар фурудгоҳи Манас ҳузур дошта, аз имкониятҳои ин пойгоҳ истифода кунанд. Раиси кумитаи масъалаҳои амният дар парламенти Қирғизистон Исмоил Исҳоқов гуфт, мумкин аст, мӯҳлати амали санадҳои мазкур баъдан дароз карда шавад: "Ин масъалае нест, ки ба як сол тамом шавад. Вақте ки А гуфтем, бояд Беяшро ҳам бигӯем. Пеш миллиардҳо доллар дода, бо терроризм меҷангидем, ҳоло ба мо пул медиҳанду биҷангед мегӯянд, чаро бояд худро бенасиб гардонд." Қирғизистон амалан ба аввалин кишвари Осиёи Марказӣ табдил ёфт, ки ба ҳавопаймоҳои ҷангии кишварҳои номбаршуда, иҷоза медиҳад, дар қаламраваш пойгоҳ дошта бошанд. Аллакай шаш ҳавопаймои Миражи Фаронса ба фурудгоҳи Манас нишеман гирифтанд. Намояндаи баландрутбаи вазорати дифоъи Амрико гуфт, ба зудӣ якчанд ҳавопаймои Эф 18-и Иёлоти Муттаҳида дар Манас фуруд хоҳанд омад. Ҳоло дар Манас якуним ҳазор сарбози амрикоӣ ҷойгир карда шудаанд ва аммо интизор меравад, ки дар ояндаи наздик шумораи онҳо ба 5 ҳазор нафар хоҳад расид. Тибқи баъзе хабарҳо шумораи умумии ҳавопаймоҳо дар ин майдон то 50 адад хоҳад буд. Рӯзи ҷумъа парламенти Қирғизистон ҳамин гуна қарордодҳои ҳукуматро бо Лаҳистон, Норвегия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳолланд баррасӣ хоҳад кард ва интизор меравад, ки онҳо низ ба тасвиб хоҳанд расид. Вазири умури хориҷии Қирғизистон Муродбек Имоналиев гуфт, ин ҳамкориҳо ягон ҷойи тарсу шӯбҳа набояд дошта бошанд, зеро пурра ба манфиати миллати қирғиз мебошанд. Вай афзуд, дар мавриди тасмимҳои мазкур Қирғизистон бо Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон машварату созиш ҳосил кардааст.

XS
SM
MD
LG