Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг бар зидди боқимондаҳои Толибон давом дорад



Хоҷа Мирзода

Дар амалиёти низомии нерӯҳои ИМА дар вилояти Пактиёи Афғонистон сарбозони амрикоӣ дар як саф бо тахминан 500 сарбози паштунтабор ва наздик ба як ҳазор сарбози Иттиҳоди Шимол ё худ тоҷикони дараи Панҷшер бар зидди боқимондаҳои Толибон ва силоҳбадастони Созмони Ал -Қоида ҷанг мекунанд.

Дар амалиёти низомии нерӯҳои ИМА дар вилояти Пактиёи Афғонистон сарбозони амрикоӣ дар як саф бо тахминан 500 сарбози паштунтабор ва наздик ба як ҳазор сарбози Иттиҳоди Шимол ё худ тоҷикони дараи Панҷшер бар зидди боқимондаҳои Толибон ва силоҳбадастони Созмони Ал -Қоида ҷанг мекунанд. Ҳамоҳангсози фаъолиятҳои воҳидҳои низомии ИМА ва нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон афсари амрикоӣ Вилард Мур мегӯяд, ки эътилофи байналмилалии зидди терроризм ҳақ дорад, бо ҳар қувваи барояш мувофиқ ҳамкорӣ намояд. Ҳангоми сӯҳбат бо мухбири Радиои Озодӣ дар шаҳри Кобул Вилард Мур изҳор намуд: ба истиснои собиқ Толибон ва террористони ал Қоида ИМА метавонад дар татбиқи ҳадафҳои худ аз ҳар гурӯҳи дигари афғон кӯмак бигирад. Вале қарори мустақарсозии сарбозони Панҷшерӣ дар ҷанубу-шарқи Афғонистон: манотиқи паштуннишини ин кишвар таъсири дарозмуддати сиёсӣ хоҳад дошт. Дар шаҳри Гардез, маркази вилояти Пактиё, паштунҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳузури Панҷшериҳо боиси афзоиши ташаннуҷи қавмӣ гардидааст. Ин фикрро профессор Рой Алисон раҳбари барномаи Русия ва Авроосиёи Пажӯҳишгоҳи Салтанатии Умури Байналмилалӣ, воқеъ дар шаҳри Лондон дастгирӣ мекунад. Ба гуфти ӯ ҷомеаи паштунҳои Пактиё анъанаи қассоси хунин дорад. Ва агар дар ҷараёни бархӯрдҳои минтақаи Шоҳи Кот аз дасти тоҷикони Панҷшерӣ паштунҳои маҳаллӣ ба ҳалокат расанд, пешбинии аксуламал мушкил хоҳад буд. Ҳамзамон профессор Алисон таъкид мекунад, ки дар арафаи Лоя Ҷиргаи Изтирорӣ ва интихоби ҳукумати давраи гузариш гурӯҳҳои рақиби афғон кӯшиш доранд, ки ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам дар сатҳи умумиафғонӣ нуфузи бештар касб намоянд. Пажӯҳишгари Британиявӣ илова мекунад: " Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон, ки дар он тоҷикон мавқеи ҳалкунанда доранд, мехоҳад бо ҳар роҳу восита бозингари муҳими саҳнаи сиёсии Афғонистон боқӣ монад ва эҳтимолан қарор вазири мудофиа Муҳаммад Қасим Фаҳим дар мавриди ирсоли нерӯҳо ба Пактиё бо ҳамин мақсад амалӣ шудааст. Рой Алисон мегӯяд: " Вазорати мудофиа, бале, вазир тоҷик аст. Ҳамин гуна вазорати хориҷӣ ва дохилӣ, ки вазоратҳои калидӣ мебошанд, дар дасти тоҷикон ҳастанд. Агар онҳо дар амалиёти зери раҳбарии ИМА саъйу кӯшиши худро дареғ надоранд, ба онҳо муқовимат кардан ва аз мансаб барканор кардани онҳо душвор мешавад. Возеҳ аст, ки онҳо ин чизро дар ёд доранд."

Вале дар айни замон профессор Рой Алисон дарк мекунад, ки чаро низомиёни ИМА розӣ шудаанд, ки воҳидҳои низомии тоҷикони Панҷшерӣ ва паштунҳоро таҳти раҳбарии Почохон Задрон: фармондеҳи паштунтабор қарор диҳанд. "Ман эҳсос мекунам, ки нерӯҳои амрикоӣ ба Панҷшериҳо, яъне мардуми берун аз Пактиё эътимоди бештар доранд, зеро онҳо бо сокинони маҳаллии Пактиё равобити хешу таборӣ ва ё, шояд вобастагӣ, надоранд. Ҳамчунин тибқи баъзе тахминҳо як идда сокинони Пактиё на танҳо бо Толибон, балки бо аъзои Ал-Қоида ва арабҳои сокини минтақа доду гирифт доранд. Ва сабаби дигар ин аст, ки паштунҳои маҳаллӣ мавриди боварӣ нестанд, зеро бештар ба қаноат бо пора омодаанд."

Дар ин маврид шореҳон ба ёд меоранд, ки режими Толибон аксаран аз паштунҳо иборат буд ва дар давраи ҳукмронии онҳо қавмҳои дигари Афғонистон аз таъқибу фишори Толибон шикоят мекарданд. Ҳоло бошад, шикояти сокинони Кобул аз худсарии нерӯҳои вазорати умури дохилӣ зиёд шудааст. Паштунтаборони Кобул мегӯянд, ки баъзе афсарони полис дар латту кӯб ва ғоратгарӣ даст доранд. Дар ҳамин ҳол рӯзи сешанбе сухангӯи Ҳомиди Карзай раиси идораи муваққати Афғонистон гуфт, ки воситаҳои ахбори умуми байналмилалӣ дар мавриди кушторҳо, таҷовузи номусӣ ва ғорати паштунҳо дар Шимоли Афғонистон гузоришҳои муболиғаомез пахш мекунанд.

XS
SM
MD
LG