Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси САҲА тағйири Қонуни интихоботро барои густариши демократия дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мекунад



Соҷидаи Мирзо

Сарвари дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо дар Тоҷикистон Марк Желберт зимни суханронӣ дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки Қонуни Тоҷикистон оиди Интихобот ва аҳзоби сиёсӣ ба тағйирот ниёз дорад.

Сарвари дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо дар Тоҷикистон Марк Желберт зимни суханронӣ дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки Қонуни Тоҷикистон оиди Интихобот ва аҳзоби сиёсӣ ба тағйирот ниёз дорад. Нишасти матбуотӣ дар остонаи интихоботи миёндаврагӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо иштироки намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва раиси Камиссиюни Марказии Интихобот сурат гирифт. Довталабон дар якчанд ноҳияи кишвар ба ҷойи намояндагони мардумӣ, ки ба корҳои давлатӣ гузаштаанд, вориди сабқат мешаванд. Интихобот 17 феврал дар ноҳияи Ашт, 10 март дар Колхозобод, ва 10уми апрел дар Кӯлобу Восеъ баргузор хоҳад шуд. Марк Жилберт ширкати якчанд довталабро дар ҳавзаи интихоботии Ашт ва Колхозобод аз нишонаҳои густариши демократия арзёбӣ намуд ва гуфт, ки Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо барномаеро барои рушди бештари Қонуни Интихоботи Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Ҳадафи аслии барнома иборат аст аз густариши демократия ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар. " Дар зери чатри Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гурӯҳҳое фаъолият хоҳанд кард, ки пешниҳоди худро барои тақвияти қонуни интхоботи Тоҷикистон ворид мекунанд." Пас аз як соли истиқлолият, ба думболи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он танҳо соли 1997 бо имзои сулҳи миёни тоҷикон ба итмом расид. Қонуни интихобот соли 1999 дар асоси созиши байни ҳукумату оппозитсиюни Тоҷик, аз ҷониби Камиссиюни Оштиии Миллӣ таҳия гардид. Интихоботи парлумонии соли 2000-ум бо иштироки шаш ҳизби сиёсӣ ва якчанд номзади мустақил ҷараён гирифт. Аммо ба гуфтаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо қонуни нави интихобот натавонист меъёрҳои ҳадди ақали демокартӣ, маъракаи одилона, озод ва шафофро таъмин кунад. Ҳизби президентии Халқӣ-Демократӣ 70 дар сади курсиҳоро дар маҷлдиси намояндагон соҳиб гардид. Ба гуфтаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дахолати ниҳодҳои давлатӣ ба раванди интихобот назаррас буд. Истифодаи номзадҳо аз матбуот нобаробар ва мувозинати баррасии барномаи номзадҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар телевизиони давлатӣ ноодилона буд. Соли 1999 созмони ҳуқуқи башари Ҳюман Райтс Вотч итихоботи президентиро бо маҳдудияти ҳизбҳои оппозитсиюнӣ аз ҷумла ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва монеъаҳо дар роҳи баррасии мавқеъи оппозитсиюн дар матбуот интиқод намуда ин маъракаро ноодилона ва танҳо ба фоидаи президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмонов арзёбӣ намуд. Ҳюман Райтс Вотч дар бораи тақаллубкорӣ дар интихоботи президентии соли 1994 низ ҳамин гуна назар дорад. Ҷон Шуберлин раиси форуми омузишҳои Осиёи марказӣ дар донишгоҳи Ҳарвард дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин гуфт: "Интихоботҳои қаблӣ на танҳо ноодилона буданд, балкӣ ҷараёни овоздиҳӣ низ дар онҳо бо қонуншиканӣ сурат гирифт. Гурӯҳҳои оппозитсиюнӣ майдони фаъолият надоштанд. Аксар гурӯҳҳои мухолифин, бо шумули Ҳизби наҳзати исломӣ аз дастрасӣ ба матбуот маҳрум буданд. Ин ҳамон нуқтаест, ки ҳам ба қонун ва ҳам ба татбиқи он зарурат дорад."

Ба гуфтаи Ҷон Шуберлин тақвияти қонуни интихоботи Тоҷикистон ба сари худ танҳо барои густариши демократия дар кишвар кофӣ нест.

"Ин ҷо тамоюле ба назар мерасад, ки созмонҳои байналмиллӣ гоҳо бояд ба тартиботи раванди интихобот тамаркуз диҳанд. Дар асл бисёр вақт иштибоҳ дар чӣ гунагии татбиқи онҳо ва фазои умумие сар мезананд, ки интихоботро фаро мегирад." Дар мавриди маъракаҳои интихоботии Қирғизистон раиси форуми омӯзишҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҳарвард Ҷон Шуберлин гуфт, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар масъалаи тақвияти Қонуни интихобот бо мақомоти Қирғизистон ҳамкории кофӣ дошт. Аммо афзуд, ин ҳамкорӣ самараи кучак дод ва мушкилоти аслӣ ҳамчунин татбиқи қонун боқӣ монд. Соли 1999 созмони Институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар якҷо бо ташкилотҳои дигари байналмилалӣ қонуни интихоботи Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Аммо интихоботи президентии соли 2000ум дар Қирғизистон бидуни меъёрҳои демократӣ яъне дур аз адолат, баробарӣ ва шаффофӣ ҷараён гирифт. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мутмаъин аст, ки тағйирот дар қонуни Интихоботи Тоҷикистон барои вуруди сармояи хориҷӣ ба кишвар роҳ мекушояд. Феълан ба назари таҳлилгарон набуди назорати ҷомеъа ба ҳукумат ва бемасъулиятии бахши худкомаи он самоягузоронро аз ширкат дар эҳёи иқтисоди Тоҷикистон меҳаросонад. Анна Волкер таҳлилгари маркази маълумотии Осиёи Маркази Лондон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар иқдом дар самти эътидоли сиёсӣ сармоягузорони хориҷиро ҷасур мекунад.

"Ба назари ман нигаронии асосии сармоягузорони хориҷӣ набуди амнияти минтақа аст. Таҳаввулоти сиёсӣ ва сатҳи баланди фасодкорӣ низ аз манбаҳои ташвиш аст. Ба назари ман сармоягузорон аз он меҳаросанд, ки зербинои Тоҷикистон то андозае мустаҳкам нест, ки барои самоягузории хориҷиён шароити мусоид муҳайё кунад." Мизқдори самоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон дар 10 соли ахир 175 миллон долларро ташкил дод. Ба гуфтаи Анна Волкер ин кимтарин сармогузорӣ дар тамоми қаламрави собиқ Шӯравӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG