Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои иҷроияи ББА аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, низому одоби ҳамкориро риоя намояд



Тоҳири Сафар

Шӯрои иҷроияи Бунёди Байналмилалии Асъор рӯзи панҷшанбе баён кард, ки масъалаи ихтисоси 31 миллион доллари ваъдашуда ба Тоҷикистон зери суол қарор гирифтааст.

Шӯрои иҷроияи Бунёди Байналмилалии Асъор рӯзи панҷшанбе баён кард, ки масъалаи ихтисоси 31 миллион доллари ваъдашуда ба Тоҷикистон зери суол қарор гирифтааст. Бунёди Байналмилалии Асъор барои Тоҷикистон дар баробари дигар созмонҳои молиявӣ барои барнома коҳиши фақр ва мусоидат ба рушди иқтисод қарзҳои имтиёзнок ҷудо мекунад. Маблағгузории барномаи сесолаи ислоҳотии Тоҷикистонро, ки баъдан ҳуҷҷати коҳиши фақр ном гирифт, Бунёди Байналмилалии Асъор соли 1998 оғоз карда буд ва дар давраи аввал ин созмон барои Тоҷикистон ҳудуди 120 миллион доллар, ваъда кард. Аз ин ҳисоб Тоҷикистон то имрӯз 90 миллион долларро дарёфт кардааст. Баъди натиҷагирии ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ду соли аввали барнома Шӯрои иҷроияи созмони мазкур гуфт, имкон дорад, қарзи 31 миллион долларе, ки барои идома додани ислоҳоти иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ ваъда шудааст, ҷудо карда нашавад. Дар гузориши Бунёди Байналмилалии Асъор гуфта мешавад, ки иллати таҳти суол қарор гирифтани ихтисоси қарз ба Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ин кишвар ба Бунёди Байналмилалии Асъор пешниҳод нашудани ҳисоботи пурра дар мавриди масрафи қарзҳо ва вазъи иқтисоди кишвар аст. Тоҷикистон омадааст, дар гузориши моҳи январи соли 2000-ум ва ҳамчунин моҳҳои апрел ва июли соли 2001-ум дар бораи масрафи қарзҳо ҳисоботи рӯякӣ ва нодурустро ба ББА ироа кардааст. Мақомот ҳаҷми қарзҳои берунии кишварро бардурӯғ нишон дода ва мухолифи тааҳудот бо ин созмон бо кафолати ҳукумат ду қарзи дигар дарёфт кардааст. Бунёди Байналмилалии Асъор бо назардошти қарзи берунии беш аз ҳади Тоҷикистон ба ин кишвар иҷоза намедаиҳад, ки дар як сол беш аз 10 миллион доллар қарзҳои тиҷоратӣ бигирад. Маҳз масрафи нодурусти қарзҳо ва махфӣ нигоҳ доштани рақамҳову ироаи маълумоти бардурӯғ ба созмонҳои молиявӣ боиси он шудааст, ки Шӯрои иҷроияи Бунёди Байналмилалии Асъор масъалаи дар оянда ихтисос додан ё надодани қарз ба Тоҷикистонро баррассӣ мекунанд. Эдуардо Анниат муовини мудири созмони мазкур дар робита ба ин гуфтааст, масрафи нодуруст ва пинҳон доштан ва ё таққалуб дар ҷараёни иҷрои барномаи коҳиши фақр масъалаи бисёр ҷиддӣ аст. Вале ман бисёр хурсандам, ки мақомоти Тоҷикистон ваъда доданд, ки ин норасоиҳоро бартараф ва дар ҳалли масъалаи қарзи беруни низ талош хоҳанд кард. Шӯрои иҷроия мегӯяд, Анинат ба мақомот ҳушдор додаанд, идораи қарзҳои тамдидшуда, ва бо кафолати ҳукумат дарёфтшударо дуруст ба роҳ монад. Аммо Шӯрои Иҷроия қайд мекунад, ки дигар гузаште нахоҳад кард, зеро риоя накардани меъерҳои истифодаи қарз ё нодуруст нишон додани ҳисобот чизи муввақатӣ ё хурд нест. Бори аввал нест, ки Тоҷикистон дар робита ба истифодаи қарзҳои хориҷи, мавриди интиқод қарор мегирад. Шикоятҳои созмонҳои молиявӣ ба ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора ва аризаҳои ширкатҳои хориҷӣ низ дар суди олии иқтисодии кишвар зиёд ҳастанд. Мақомоти кишвар низ ин гуфтаро таъйд мекунанд. Сухангӯи вазорати иқтисоди Тоҷикистон Гафурҷон Расулов мегӯяд. Дар ҷаласаи ҳукумати кишвар зимни натиҷагири аз соли молии 2001-ум низ ин масъала низ матраҳ шуда буд. Вале Бунёди Байналмилалии Асъор ин бор аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст этикети ҳамкори бо ин созмонро риоя кунад ва қарзҳои гирифтаашро бидуни таъхир бипардозад.

XS
SM
MD
LG