Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъғйири мавқеи мақомоти Эрон бар мавриди ҳузури Гулбуддини Ҳикматёр дар ин кишвар



Холидаи Қодир

Баъди шикасти ҳукумати коммунистии Афғонистон, Ҳикматёр нахуствазири ҳукумати президент Бурҳониддини Раббонӣ шуд. Вале ҳукумати муҷоҳидони афғон дер давом накард. Ба зудӣ онҳо Афғонистон ва ҳатто шаҳри Кобулро ба истилоҳ пора-пора карданд ва ҳар кадом як бахши кишварро зери назорат гирифт.

Дар замони ҷанги Афғонистон ва ҳузури нирӯҳои иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар, Гулбиддини Ҳикматёр яке аз фармондеҳони бонуфузтарини муҷоҳидин буд ва аксари кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳидаву Арабистони Саудӣ ба муҷоҳидони афғон, аз тариқи Покистон ба Гулбиддин мерасид. Баъди шикасти ҳукумати коммунистии Афғонистон, Ҳикматёр нахуствазири ҳукумати президент Бурҳониддини Раббонӣ шуд. Вале ҳукумати муҷоҳидони афғон дер давом накард. Ба зудӣ онҳо Афғонистон ва ҳатто шаҳри Кобулро ба истилоҳ пора-пора карданд ва ҳар кадом як бахши кишварро зери назорат гирифт. Собиқ сухангӯи Ҳикматёр ва ба истилоҳ, раиси дафтари матбуоти Ҳикматёр дар солҳои ҷиҳод, Ҳоҷӣ Мангал Ҳусейн ҳоло вазири обёрии ҳукумати нави Афғонистон аст. Мангал Ҳусейн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хавосу рафтори Гулбиддини Ҳикматёрро чунин тасвир кард: "Ба назари ман, Ҳикматёр як шахси бесубот аст. Ӯ шахсест, ки ҳамеша дар талаби мақому вазифа мебошад. Ӯ як сиёсати устувор ва доимӣ надорад. Ӯ мухолифи Иттиҳоди Шимол буд. Ӯ мухолифи ҳукумати муҷоҳидони Афғонистон буд. Ӯ аввал ба зидди он ҳукумат ҷанг кард, нисфи Кобулро хароб кард ва сипас, ба ҳамон ҳукумат ҳамроҳ шуд".

Дар соли 1996, баъди сард шудани робитаҳояш бо Покистон, Ҳикматёр роҳи Эронро пеш гирифт. Дар ин вақт Покистон пуштибонии толибонро шурӯъ карда буд. Ҳикматёр дар он солҳо ба Иттиҳоди Шимол мухолифат дошт. Ӯ ба гурӯҳи афғонҳо, ки бо ташаббуси Эрон таҳти номи Гурӯҳи Қибрис таъсис ёфт, ҳамроҳ гардид. Баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябр, вақте маълум шуд, ки масъалаи Афғонистон ба маркази таваҷҷӯҳи ҷаҳон мебарояд, садои Гулбиддини Ҳикматёр дубора боло гардид. Дар авоили октябр Ҳикматёр Теҳронро маҳкум кард, ки ба Иттиҳоди Шимол кӯмак мекунад. Ӯ Иттиҳоди Шимолро танқид менамуд, ки хоҳиши наздикӣ бо Амрико дорад. Ҳикматёр он вақт мегуфт, ки агар Амрико болои Афғонистон ҳамла карданист, вай ба Афғонистон меравад ва ба Толибон мепайвандад. Дар моҳи ноябр низ Ҳикматёр ин мавқеъи худро дигар накарда буд. Ӯ изҳор мекард, ки бо ҳамаи афғонҳо, ҳатто бо раҳбари Толибон Мулло Умар робита дорад. Сухангӯи собиқи вай Мангал Ҳусайн мегӯяд, ки иҳзороти Ҳикматёр парешону ҳамоҳангнашуда ба назар мерасиданд: Дар аввал, ӯ зидди Толибон буд. Ӯ толибонро офаридаи Иёлоти Муттаҳида, офаридаи Британия меномид. Боре вай ҳатто мегуфт, ки сафири Бритиния ҷаноби Николас Баррингтон офарандаи гурӯҳи Толибон буд. Вале дертар худи Ҳикматёр мехост ба Толибон ҳамроҳ шавад".

Баъдан, Ҳикматёр мулоқоти Боннро низ танқид мекард. Агарчи гурӯҳи Қибрис дар нишасти Бонн ширкат мекард ва мизбони Ҳикматёр, Эрон, ба ин мулоқот таваҷҷӯҳ дошт, Ҳикматёр аз мулоқоти Бонн хуш набуд. Сухангӯи собиқи вай Ҳоҷӣ Мангал Ҳусайн мегӯяд, ки Ҳикматёр ҳамоно орзуи раҳбарии Афғонистонро аз сари худ берун накардааст. Вале амалӣ кардани ин орзу барои Ҳикматёр дигар ба осонӣ даст нахоҳад дод. Тавре гуфтем, Эрон шӯъбаҳои кори вайро дар ҷумҳурӣ баст ва талаб мекунад, ки Гулбуддини Ҳикматёр аз Эрон хориҷ шавад.

XS
SM
MD
LG