Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ фармондеҳи оппозисюни тоҷик Мулло Абдулло дар Афғонистон боздошт шуд



Гулбаҳори Муродӣ

Мулло Абдулло, фармондеҳи собиқи оппозисюни тоҷик, ки дар куштори чаҳор корманди Созмони Милали Муттаҳид дар тобистони соли 1998 айбдор дониста мешавад, тибқи хабарҳои расида, дар наздикии Қандаҳор ба ҳабс гирифта шуда, ахиран ба Толуқон, дар шимоли Афғонистон интиқол дода шуд.



Хабаргузориҳо мегӯянд, дар ин бора ба мақомоти Тоҷикистон намояндагони идораи муваққати Афғонистон иттилоъ додаанд. Ба қавли манобеъи Тоҷикистон Мулло Абдулло, баъди задухӯрдҳои ахир дар ноҳияи Дарбанд бо нирӯҳои ҳуукмати Тоҷикистон ба Афғонистон фирор кард ва муддате дар он ҷо бо нирӯҳои Ҷумъаи Намангонӣ ҳамкорӣ дошт. Бо шурӯъи амалиёти зидди террор дар Афғонистон дар куҷо будани Мулло Абдулло маълум набуд. Гуфта мешуд, вай бо тарафдоронаш дар шимоли Афғонистон аст. Аммо Ассошейтед пресс иттилоъ дод, ки Мулло Абдулло моҳе пеш дар наздикии Қандаҳор ба ҳасб гирифта шудааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ ӯ ҳоло дар маҳбаси Толуқон нигаҳдорӣ мешавад. Ба эҳтимоли қавӣ ҳукумати Тоҷикистон таслими Мулло Абдуллоро тақозо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG