Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Гурӯҳи Байнулмилалии Омӯзиши Бӯҳронҳо дар бораи хатарҳои амниятии Осиёи Марказӣ



Салими Аюбзод

Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо менависад, бо вуҷуди гузоришҳо аз бомбаборон шудани марказҳои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, хабарҳое низ мавҷуданд, ки ин марказҳо дар шимоли Афғонистон зараре надидаанд, аммо аъзои ҳаракат пароканда шудааст. Ба баъзе маълумот гӯё қисме аз тарафдорони ҳаракат дар Покистон, Эрон ва Тоҷикистон панҳо бурдааст. Мақомоти Тоҷикистон ин хабарҳоро рад мекунанд.

Муаллифони гузориши нави Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо менависанд, бо вуҷуди шикасти бунёдгароии исломӣ дар Афғонистон ва хабарҳои эҳтимоли ҳалокати раҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбакистон Ҷумъаи Намангонӣ, хатари тундравии сиёсӣ бо истифода аз дин дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ба диди онҳо Тоҳир Юлдош, ҳамсафи дигари Намангонӣ ҳоло дар Афғонистон ва ё Покистон аст ва тавони инро дорад, ки боқимондаҳои мусаллаҳони исломии Ӯзбакистонро сарҷамъу сафарбар кунад. Вай дар Ховари Миёна, Покистон ва Эрон робитаҳои зиёд дорад ва метавонад, дастрасиро ба манбаъҳои пулӣ, силоҳ ва таълимгоҳҳо ҳифз кунад. Албатта, ӯ ҳунарии ҳарбии Намангониро молик нест, аммо ҳамчун фарди сиёсӣ метавонад аз ҳарду омили фишор ба ҳукумати перзидент Каримов, ҳам сиёсӣ ва ҳам ҳарбӣ баробар истифода намояд. Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо менависад, бо вуҷуди гузоришҳо аз бомбаборон шудани марказҳои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, хабарҳое низ мавҷуданд, ки ин марказҳо дар шимоли Афғонистон зараре надидаанд, аммо аъзои ҳаракат дар шаҳру рустои Афғонистон пароканда шудааст. Ба баъзе маълумоти дигар гӯё қисме аз тарафдорони ҳаракат дар Покистон, Эрон ва Тоҷикистон панҳо бурдааст. Мақомоти Тоҷикистон ин хабарҳоро рад мекунанд. Аммо агар дарвоқеъ Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар ҷараёни амалиёти зидди ваҳшатафканӣ дар Афғонистон зарбаи ҳалокатовар дида бошад, ин чунин маънӣ хоҳад дошт, ки бояд ҳукумати Ӯзбакистон сиёсати худро дар баробари ҳуқуқи инсонҳо тағйир диҳад, менависад Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо. Ҳабсу фишор ва мамнӯъияти ҳуқуқҳои сиёсии мардум, кӯчонидани садҳо хонавода ва дар урдугоҳи биёбонӣ нигаҳ доштани онҳо, шиканҷа дар маҳбасҳо идома кунад, Ҳизи таҳрир, тибқи натиҷагирии Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо, ҷойгузини Ҳаракати исломии Ӯзбакистон хоҳад шуд. Ҳизи таҳрир то ҳол сиёсати нобазӯриро пеш мебарад ва мехоҳад аз роҳи густариши пойгоҳи иҷтимоӣ ба ҳадафҳои худ расад. Ҳадафҳои он назар ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дарозмуддаттар мебошанд, аммо аз лиҳози андеша кам фарқ мекунанд. Ҳарчанд намояндагони Ҳизби таҳрир робитаҳои худро бо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ҳамшеа рад кардаанд, ба навиштаи Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо, чунин наздикӣ ва ҳамкорӣ вуҷуд доштааст. Бо назардошти парешонии феълӣ ва вазъи Афғонистон тахмин зада мешавад, ки боқимондаҳои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон бо Ҳизби таҳрир як хоҳанд шуд. Бартарии дигари ин гурӯҳ дар он аст, ки то ҳоло кӯшидааст, на танҳо дар Ӯзбакистон, балки Тоҷикистон ва Қирғизистон низ пойгоҳҳои ҷиддӣ пайдо кунад. Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо ба ҳукуматҳои минтақа тавсия медиҳад, ки бо чунин гурӯҳҳо роҳи муколама пеш гиранд ва ба озодии фаъолиятҳои динӣ густариши бештар диҳанд. Мудири барномаҳои осиёии Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо Роберт Темплер мегӯяд, дарки як ҳақиқат ҳаётан муҳим аст, ки пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мазкур дар заминаи дилсардии амиқи аҳолӣ аз амали ҳукумаит ва ҳокимон дар давраи баъди шӯравӣ ба миён омадааст. Аксари онҳо аз ришватхорӣ, нопокӣ, хешу маҳалбозӣ, дуздии ҳаққи мардум, бекорӣ ва бенавоӣ ҷон ба лаб омада, роҳи тундро интихоб мекунад. Танҳо сохтмони ҷомеъаҳои озоди шаҳрвандӣ ва беҳбуди кори ҳукумату ҳокимон метавонад аз хатари нооромиҳои нав дар ҳар кишвари Осиёи марказӣ пешгирӣ кунад, менависад Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо дар гузориши нави худ аз Бруссел.

XS
SM
MD
LG