Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Афғонистон таҳти пуштибонии кишварҳои бузург ба кор шурӯъ кард



Холидаи Қодир

Вале оё дар дохили Афғонистон фармондеҳон ва ҳокимони маҳаллӣ то чӣ андоза ба ҳукумати марказии Кобул итоат мекунанд?

Ҳоло ҳукумати нави Афғонистон ба ҳамон мушкиле рӯ ба рӯ аст, ки ҳукумати коммунистии Наҷибуллоҳ мувоҷеҳ буд, яъне саркашӣ, ё шояд мустақилияти аз ҳад зиёди фармондеҳону раҳбарони маҳалливу қабилавӣ. Тирамоҳи гузашта Амрико барои аз байн бурдани режими Толибон фармондеҳони мухолифро бо пулу силоҳ таъмин кард. Ҳоло, аксари ин ҷангсолорон зиёд ба ҳукумати марказӣ таваҷҷӯҳ нишон намедиҳанд. Мисоли равшани он ҳокими собиқи Қандаҳор Гулоғо Шерзай мебошад. Ба навиштаи нашрияи Вол Стрит Ҷорнал, Гулоғо барои озод кардани маркази муҳими Толибон шаҳри Қандаҳор аз Амрико силоҳ ва миллионҳо доллар ба даст овард. Вале ҳоло чун ҳокими нави Қандаҳор ӯ на хоҳиши итоат ба ҳукумати Кобулро дорад, на хоҳиши иҷрои дархости Амрикоро. Гулоғо се мақоми баландпояи толибонро боздошт карда буд. Амрико умед дошт, ки ин фармондеҳонро бозпурсӣ мекунад ва аз онҳо дар бораи макони будубоши Бин Лоден маълумот мегирад. Ҳукумати Кобул низ чунин ваъдаро ба Амрико дода буд. Вале Гулоғо ин се мақоми толибонро авф кард ва ба онҳо иҷозати зиндагии озод дар Қандаҳорро дод. Дар шимол, генерал Абдулрашиди Дустум, ки ҳамчунин аз амрикоиҳо силоҳ гирифтааст, мустақилияти зиёд дорад. Дустум низ рабҳарони собиқи толибонро таҳти ҳимоят гирифта ва фармондеҳони худро барои ғорату худсарӣ озод гузоштааст. Дар натиҷа, гурӯҳҳои хайрия наметавонанд, ки дар ин минтақа, дар гирду атрофи Мазори Шариф барномаҳои худро дуруст ба роҳ монанд. Вол Стрит Ҷорнал меафзояд: дар шарқи Афғонистон, дар Ҷалолобод вазъият беҳтар аз ин нест. Ҳокими Ҷалолобод Ҳоҷӣ Қадир аз Амрико пул гирифта буд, ки дар ин минтақа нирӯҳои паштунро муттаҳид карда, барои поксозии Ҷалолобод аз Алқоида ва барои суботи минтақа талош мекунад. Вале то ҳол Ҳоҷӣ Қадир, масалан, барои таъмини амнияти роҳи мошингарди Ҷалолобод - Кобул кӯшише накардааст. Ин роҳ барои интиқоли кӯмакҳои хайрия муҳим аст, вале ғоратгариву беамниятӣ имкон намедиҳад, ки бори башардӯстона аз ин тариқ интиқол дода шавад. Ҳамон тавре, ки ҷангсолорону ҳокимони маҳаллӣ мустақилият нишон медиҳанд, ҳамон тавр пуштибонҳои хориҷии онҳо низ кори ҳамешагии худро идома медиҳанд. Вол Стрит Ҷорнал аз қавли як дипломати ғарбӣ овардааст: Дустум аз Русияву Туркия пештибонӣ мешавад. Вале ин ду кишвар ба Дустум раҳнамоӣ намекунанд, ки ба ҳукумати Ҳомид Карзай итоат намояд. Ё, дар ғарби кишвар, фармондеҳ Исмоилхон ва раҳбарони дигари маҳалӣ аз Эрон пул, силоҳ ва кӯмаки хайрия мегиранд. Гуфта мешавад, ки Эрон мехоҳад барои Исмоилхон маркази телневизион ва радио низ бунёд кунад. Ҳеҷ яке аз ин ташаббусҳо бо ҳукумати марказӣ ва раҳбари он Ҳомид Карзай ҳамоҳанг намешаванд. Дар ҳамин ҳол, баъзе сокинони Қандаҳор бо ашк аз даврони Толибон ёд мекунанд. Ба навиштаи Вошингтон Пост, ҳатто баъзеҳо ба зиёрати қабри ҷанговарони кушташудаи Алқоида ва фаромндеоҳни Толибон мераванд. Онҳоро шаҳид меноманд. Қандаҳориҳо тартибу низоми замони толибонро ёд меоаварнд ва мегӯянд, ки барои амният ва бехатарии худ омода ҳастанд, ки аз баъзе озодиҳо, масъалан, аз шунидани мусиқӣ сарфи назар кунанд. Сокинони Қандаҳор ба хабарнигори Вошмингтон Пост гуфтаанд: на ҳамаи Толибон ҷинотякор буданд. Толибон ҳазорҳо нафар буданд, онҳо бахше аз мардум мебошанд. Бисёре аз сокинони шаҳр ба ҳокими нав Гулоғо эътимоди зиёд надоранд. Хабарнигори Вошингтон Пост менависад, баъзе қандаҳориҳо мегӯянд, нирӯҳои Амрико, ки дар Қандаҳор ҷойгир шудаанд, бояд бештар ба амният ва тартибу низоми шаҳр таваҷӯҳ диҳанд, на ба ҷустуӯи боқимондаҳои Алқоида.

XS
SM
MD
LG