Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзойиши таваҷҷӯҳ ба таърих ва арзишҳои ислом дар Иёлоти Муттаҳида



Салими Аюбзод

Бӯҳронҳои нав коршиносони навро ба дунё меоранд. Вақте дар додгоҳ мурофиаи пурсару садо ҷараён мегирад, додситонҳову вакилҳо вориди бархӯрд мешаванд. Дар авҷи маъаракаҳои интихоботӣ таҳлилгарони сиёсӣ имконияти ин ё он номзад ва ё ҳизбро мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Ҳамлаҳои 11-уми сентябри 2001 ва амалиёт дар Афғонистон исломшиносонро дар ду тарафи ҷабҳаи баҳс қарор доданд.

Рӯйдодҳои ёздаҳуми сентябр мавзӯъи расонаҳои гурӯҳиро ба куллӣ тағйир дод. Аз ҷумла дар Америка таваҷҷӯҳ ба ислом афзойиш ёфт. Ва ҷавобан даҳҳо чеҳраи нав ба ҳайси исломшинос дар оинаи телевизионҳо вориди баҳсҳои пуршӯр гашт. Бархе аз ин таҳлилгарон ба меҳмонони ҳаррӯзаи радиову телевизионҳо табдил ёфтанд. Аммо аз байни онҳо, ба навиштаи ҳафтаномаи Нюсуик, танҳо онҳое машҳур ва муваффақ шуданд, ки на имрӯз ба пажӯҳиши ислом пардохтанд, балки солҳо ин мавзӯъро таҳқиқ мекунанд. Чунончи Бернард Люис, устоди таърих дар Донишгоҳи Принстон муаллифи зиёда аз бист китоб аст. Вай мегӯяд, терроризм ҷузве аз муҳорибаи байни Ислом ва Ғарб аст. Дар як намоиши телевизонӣ Люйис гуфт, эҳтимол Усома бен Лодин ва гурӯҳи Қойида аз ислом намояндагӣ накунанд, аммо аъмоли онҳо аз батни тамуддуни исломӣ берун омадааст. Люйис аз китоби муқаддаси мусулмонҳо Қурони маҷид оятҳоеро нақл кард, ки дар онҳо аз истифодаи зӯр дар баробари куффор сухан меравад. Люйис гуфт, дар вожаи куффор ғарбиён ва яҳудиён дар назар дошта шудаанд. Аммо коршиноси дигар Эдвард Сайид, ки аслан фаластинист ва ҳоло дар Донишгоҳи Коламбия аз адабиёт дарс медиҳад, мегӯяд, моҳияти рӯйдодҳои мамолики исломиро онҳое дуруст дарк мекунанд, ки худ аз ин мамоликанд ва ба мушкил аз дохил менигаранд, на аз берун ва на аз баландиҳо. Сайид ва Люис бист сол боз ба муқобили ҳамдигар мақола менависанд. Соли 1978 Сайид китоби "Ориентализм"-ро нашр кард, ки гуфта мешавад, андешаҳои Люйисро титупит кардааст. Ба ақидаи Сайид, мафҳумҳое чун Ғарб ва Ислом аслан сунъиянд ва дар воқеъият вуҷуд надоранд. Ин мафҳумҳо, ба диди Эдвард Сайид, танҳо ба онҳое лозиманд, ки бояд аҳли башарро ба "мо" ва "онҳо" ҷудо кунад ва якеро бар дигаре ҳоким гардонад. Ва чунин афрод дар ҳар қавму ҳар дин мавҷуанд. Онҳое ки мегӯянд, Ислом бераҳм ва хунин аст, ба ҳамтоёни худ имконият медиҳанд, ки бигӯянд, Ғарб фосид ва бехудост. Агар, меафзояд Сайид, ҳукуматҳо ва ё гурӯҳҳо таблиғоти шадид набаранд, дар дунё ҳеҷ касе ёфт нахоҳад шуд, ки барои мафҳумҳои муаллақи Ғарб ва ё олами Ислом ҷони худро ба хатар андозад. Ихтилофи назарҳо дар масъалаи мавриди баҳс миёни коршиносон ҳамчунин аз вазъи Ховари Миёна илҳом мегирад. Аммо аксари таҳлилгарон дар ин маврид мавқеъи мӯътадил доранд ва аӯ ҷумла Фуъод Аҷамӣ аз пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Вашингтон мегӯяд, дунёи араб мушкили худро бояд дар қадами аввал дар ҷомеъаи худ ҷустуҷӯ кунад. Дар акси ҳол танҳо айбдор кардани бегонаҳо роҳи ҳаллеро боз нахоҳад кард. Таҳлилгари дигар, устоди Донишгоҳи Ҷорҷтаун Ҷон Эспозито низ ҷудо кардани Ғарбу Исломро сӯйиистифода аз вазъият меномад. Вай мегӯяд, олмаи ислом яксон нест ва ҳатто тундгароӣ ва ё фундаментализм, ки бо ислом рабт дода мешавад, чандин навъу намуд буда, аз шаройити муайяни сиёсӣ сарчашма гирифтааст. Аз нигоҳи Ҷон Эспозито, ақидаи ин ки демократия ва ислом пайванднашаванда мебошанд, нодуруст аст. Онки демократия дар давлатҳои мусулмон дучори мушкил аст, айби ислом нест, мегӯяд Эспозито, кишварҳои аврупоӣ бо душвориҳои зиёд ва тӯли садсолаҳо ба демократия расиданд. Кишварҳои мусулмон ҳам хоҳанд расид ва барои ин вақт зарур аст. Маҷаллаи Нюсуик бо баррасии ин бархӯрди коршиносон фақат аз як чиз изҳори ташвиш мекунад, ки оё зарур буд, рӯйдодҳои фоҷиаомез ба амал оянду баъд ин андешаҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор гиранд ва оё бо ором шудани вазъ оё ҳамаи ин аз нав фаромӯш нахоҳад гашт.

XS
SM
MD
LG