Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қандаҳор 7 масъули ҳукумати Афғонистонро афв намуданд



Соҷидаи Мирзо

Коршиносон ин қарори бемашварат дар заминаи озодии намояндагони Толибонро барои ҳукумати нави Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида бонги изтироб арзёбӣ мекунанд.



Озодии ҳафт мақоми баландпояи Толибон бо шумули собиқ вазири адлия ва дифоъ, аз ҷониби мақомоти маҳалии Қандаҳор барои Иёлоти Муттаҳида, ки хоҳони боздошту мурофиъаи раҳбарони Толибон ва созмони террористии Ал Қоида мебошад, бонги изтироб аст. Қарори мустақилонаи мақомоти маҳаллӣ ҳамчунин заъфи ҳукумати нав ва манфиъатдории фармондеҳони маҳаллиро дар ҳифзи амнияти раҳбарони Толибон рушан мекунад. Ин ҳамчунин баёнгари ҳадафҳои мухталифи низомиёни Амрико ва сарварони қабилаҳои афғон аст, ки маъракаи зиддитерористиро аз он чӣ интизор мерафт тӯлонитар хоҳад кард. Мақомоти маъмурияти Қандаҳор ба озодии намояндагони баландпояи Толибон мустақилона мусоидат намуданд ва бо такя ба созиши афв баён доштанд, ки танҳо гуноҳи мулло Умар афв намешавад. Ҳукумати марказии Афғонистон, ки садоқати худро дар мубориза бар зидди терроризм пайваста таъкид мекунад, дар ҳоли ногувор монд. Дар ҳоле, ки фармондеҳони маҳаллии Қандаҳор намояндагони Толибонро ба ҷуз мулло Умар бародар мехонанд, раҳбари ҳукумати мувақатӣ Ҳомид Карзай боздошт ва таслими гумонбаршудаҳоро бори дигар ба Амрико ваъда кард ва чунин гуфт: "Онҳоеро, ки Иёлоти Муттаҳида ҷустуҷӯ дорад, таслим мекунем. Мо ваъда додем ва ба дар қавли худ устуворем. Онҳое, ки дар ҷустуҷӯ қарор надоранд, ҷиноят содир накрадаанд ва ё дар хушунати ҳуқуқи башар бадномӣ надоранд, озод хоҳанд буд" Сухангӯи вазорати хориҷии Афғонистон Умар Самад мегӯяд, ки маъмурияти Кобул феълан рабти озодшудаҳоро ба ҷинояти ҷанг муаян мекунад. Яке аз онҳо собиқ вазири адлия Нуриддин Туробии якчашмаву якпо аст, ки бо иловаҳои худ ба қонуни шариат, аз ҷумла маҳдудияти ҳуқуқи занону мардҳо ва татбиқи ин қавонин тавассути пулиси мазҳабӣ, сокинони Афғонистонро ба даҳшат оварда буд. Дигари, вазири дифоъи Толибон Мулло Убайдуло, нафарест, ки ба фаъолияти кампҳои террористии созмони Ал Қоида дар қаламрави Афғонистон иҷозат додааст. Сухангӯи Департаменти Давлатии Амрико Ричард Боучер таслими мақомоти баладпояи Толибонро ба Иёлоти Муттаҳида амали ҳатмӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки Амрико айни ҳамин иқдомро аз ҷониби ҳукумати мувақатии Афғонистон интизор дорад. Музокироти қаблии Иёлоти Муттаҳида бо мақомоти маҳаллии Афғонистон дар заминаи таслими мақомоти Толибон ва шабакаи террористии Ал Қоида, ҷониби Амрикоро то руҳафтода кард. Мулло Умар дар муҳисира қарор дошт, аммо бо вуҷуди ваъдаи ҳамкории калонсолони қабилаҳо ва мақомоти маҳаллӣ бо низомиёни Амрико Иёлоти Муттаҳида раҳбари Толибон аз минтақаи кӯҳдомани Қандаҳор фирор кард. Ҷалол Хон, ёвари волии Қандаҳор Гул Оғо озодшавии мақомоти Толибонро таъид, вале имкони таслими онҳоро ба ҷониби Иёлоти Муттаҳида такзиб кард. Аз сӯи дигар ба гуфтаи сухангӯи вазорати хориҷӣ то ҳол ҳеҷ дархосте дар мавриди таслими чунин ашхос аз ҷонби Амрико ворид нашудаст. Пентагон мегӯяд, ҳукумати нави Афғонистон аз тасмими онҳо дар мавриди боздошту таслими мақомоти Толибон ва шабакаи террористии Ал Қоида огоҳии комил дорад. Намояндаи Департаменти Давлатӣ гуфт, Амрикро ин масъаларо раҳо намекунад ва бо мақомоти ҳукумати маҳаллӣ дар миён мегузорад. Ҳодисаи боздошт ва сипас озод гардидани раҳбарони баландпояи Толибон, дар баробари руҳафтодагӣ аз ҳамкорӣ бо сарварони қиблаҳои афғон шӯбҳаву гумонҳои Пентагонро дар мавриди воқеъияти боздошту озодшавии онҳо афзоиш дод. Ба гуфтаи сухагӯи аршади Фармондеҳии Марказии Амрико Греиг Куигли ҳеҷ шаҳодати боздошту раҳоии раҳбарони Толибон мавҷуд нест. Ӯ меафзояд, ман як зарра ҳам бовар надорам, ки ягон нафар боздошт ва баъдан озод шуда бошад. Аз сӯи дигар созиши байни мақомоти Қандаҳор ва собиқ раҳбарони Толибон амали бенамуна нест. Дар асоси чунин мувофиқат раиси ситоди Толибон, ҳамроҳ бо муовини вазири дифоъ озод ва Мазори Шарифу Қундуз ба оппозитсиюн супурда шуд.

XS
SM
MD
LG