Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Созмони Шангҳай нирӯи воқеӣ дар минтақа аст?



Нурмуҳаммади Холзода

Гурӯҳи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангҳай дар мулоқоти якрӯзаи худ дар Чин талош карданд, нуфузи Амрикоро дар минтақа коҳиш диҳанд. Аммо нуфузи бе ин ҳам костаи ин ниҳод ҳоло зери сояи амалиёти Афғонистон афтодааст.

Гурӯҳи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангҳай дар мулоқоти якрӯзаи худ дар Чин талош карданд, нуфузи Амрикоро дар мантақа коҳиш диҳанд. Гарчӣ дар ин мулоқот ибтикори зиёде ба чашм нахӯрд, вале он шакку шубҳаҳо боқӣ гузошт, ки оё ин созмон метавонад замоне ба як нирӯи муҳим табдил шавад ва ё хайр? Охирин мулоқоти аъзои ин созмон моҳи июни соли гузашта баргузор шуда буд ва аъзои он номи ин созмонро аз "Паймон" ба "Созмон" номгузорӣ карданд, то салоҳиятҳои бештаре ба даст орад. Он вақт Созмони Шангҳай эълон кард, ки алайҳи терроризм, ҷудоихоҳӣ ва исломи ситезаҷӯй мубориза мекунад. Дар мулоқоти рӯзи душанбеи гузашта низ эълон шуд, ки ин созмон бар зидди терроризм мубориза хоҳад кард. Шаш кишвари узв-Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистон ва узви ҷадиди созмон, яъне Узбакистон ба тавофуқ расиданд, ки як барномаи муштараки раҳоӣ аз бӯҳронро таҳия хоҳанд кард ва моҳи июн дар Русия санаде роҷеъ ба усули аслии фаъолияти созмон ба имзо хоҳад расид. Таҳлилгарон мегӯянд, ки мулоқоти Шангҳай масъалаи ҷадиде матраҳ накардааст, танҳо ба барномаҳои шаш моҳи қабли худ хостҳое изофа кардааст ва дар ин хостҳо бештар пурҳарфӣ ба назар мерасад. Нақшае, ки беш аз ду соли пеш дар бораи таъсиси як маркази террористӣ дар Қирғизистон эълон шуда буд, то ҳол иҷро нашудааст ва рушан нест, ки кай ва чӣ гуна ин марказ ташкил хоҳад шуд. Ҳатто вазири хориҷаи Чин эътироф кард, ки дар оянда ин созмон барои таҳкими сохтори худ корҳои зиёд бояд анҷом диҳад, зеро ҳамкориҳои ин созмон дар марҳалаи муқаддамотӣ қарор дорад. Мулоқоти моҳи июни Шангҳай бо пешниҳодҳое дар бораи мубориза алайҳи исломи ситезаҷуй ва терроризм поён ёфта буд ва гуфта буданд, ки бояд аз барномаҳои дифоъи мушакии Амрико ҷилавгирӣ ба амал ояд, то он ба оғози мусобиқаи сартосарии таслиҳотӣ боъис нашавад. Вале оғози мубориза алайҳи терроризм дар Афғонистон ба сарпарастии Амрико ба барномаҳои созмони Шангҳай соя афканд. Чин акнун аз коҳиши нуфузи худ дар мантақаи Осиёи Марказӣ ва дастрасиаш ба манобеъи нафту гоз нигарон аст. Жу Фенг-Мудири барномаҳои амнияти байналмилалӣ дар донишгоҳи Пекин гуфтааст, ки Созмони Шангҳай сохтори дақиқ надорад ва робитаи кунунии кишварҳои узвро наметавон дар ҳадди робита арзёбӣ кард. Аз сӯи дигар касе наметавонад бигӯяд, ки кишварҳои Шангҳай, таври мисол, алайҳи терроризм даст ба як амалиёти ҳамоҳанги низомӣ мезананд. Ба гуфтаи Жу Фенг, сарнавишти ин созмон ба чигунагии равобити ояндаи Чину Руссия ва Амрико иртибот дорад. Жу мегӯяд, баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд дар масоили амният камтар ба Русия пойбанд бошанд ва ба ин далел фурудгоҳҳои низомии худро дар ихтиёри Амрико қарор доданд. Агар чунин ҳолат тӯл кашад, мумкин аст Созмони Шангҳай фазое барои ҷаҳду талошҳои худ дар мантақа пайдо накунад. Чин то ҳол умед дорад, ки нуфузи худро дар мантақаи нафтхези Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад ва дар ин замина бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигарон мусобиқа мекунад. Девид Зюнг-таҳлилгари масоили иҷтимоъӣ аз Ҳонг Конг Созмони Шангҳайро ба истилоҳ "Як бозори гап" номидааст. Созмони Шангҳай соли 1996 барои ҳалли идаъоҳои марзӣ таъсис шуда буд ва ба узвияти он кишварҳое даромаданд, ки бо Чин ҳаммарз ҳастанд. Аксарият мегӯянд, ки мумкин аст Созмони Шангҳай ба як нирӯи воқеъӣ дар мантақа табдил шавад, вале гурӯҳи дигар ба ин пешгӯиҳо бовар надоранд.

XS
SM
MD
LG