Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай дар пасманзараи таҳаввулоти ахир дар минтақа



Мирзои Салимпур

Нишасти навбатии вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин дар пуштманзари таҳаввулоте сурат гирифт, ки дар шаш моҳи аз нишасти қаблии созмони мазкур сипаришуда харитаи геополитикии минтақаро ба таври чашмгир тағйир додааст.

Нишасти навбатии вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин дар пуштманзари таҳаввулоте сурат гирифт, ки дар шаш моҳи аз нишасти қаблии созмони мазкур сипаришуда харитаи геополитикии минтақаро ба таври чашмгир тағйир додааст. Дар ин муддат муборизаи бомуваффақи Амрикову мутаҳидинаш ҷиноҳи Толибон ва созмони Алқоидаро аз саҳнаи қудрат дар Афғонистон пок кард. Дар ин муддат ҳузури низомии кишварҳои ғарб ҳадди аққал дар се кишвари узви созмони Шанхай - Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷои пой ёфт. Коршиносони умури минтақа мегӯянд, дар ҳоле ки моҳи июни соли гузашта созмони ҳамкориҳои Шанхай нишасти қаблии худро бо пахши як баёния дар мавриди мубориза бо терроризм ва тундгароӣ ва даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъсиси эътилофи муштарак дар ин замина анҷом дода буд, ин созмон дар чаҳорчӯбаи худ нақши амалие дар муборизаи ахири ҷомиаи ҷаҳонӣ бо терроризм дар Афғонистон бозӣ карда натавонист. Чу Фанг раиси донишгоҳи барномаҳои амниятии Пекин ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст: "Ҷанг дар Афғонистон тадриҷан ба поин мерасад вале Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ҳалли ин қазия нақши рӯшане надошт". Чу Фанг афзудааст: " Мушорикати кишварҳои узви ин созмон дар ҳамкориву мусоидат ба Амрико дар ҷанги Афғонистон муҳимтар ва рӯшантар буд зеро онҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Шанхай чунин имкониятро надоштанд". Бо вуҷуди ин қазияи Афғонистон дар нишасти ҷадиди вазирони умури хориҷии шаш кишвари узви созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин низ масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис буд. Сун Юси сухангуи вазорати умури хориҷии Чин ба мухбари Синхуа гуфтааст: "Баррасии масъалаи Афғонистон, маъракаи байналмилалии мубориза бо пойгоҳҳои террористӣ ва мубориза бо се нирӯи муқобил- ваҳшатафканӣ, ҷудоихоҳӣ ва тундгароӣ аз мавзӯъоти аслии нишасти мазкур мебошанд". Коршиносон изҳор доштаанд Амрико бо ҷалби пуштибонии ҷаҳон дар ҷанги алайҳи терроризм дар Афғонистон таъсири Чинро дар осиёи Марказӣ коҳиш додааст ва ин ҳол муҷиби нигаронии мақомоти Пекин шудааст. Аммо Чин умедвор аст, ки бо истиқрори эътибори қаблии Созмони Шанхай мавқеъҳои гумкардаашро дубора барқарор хоҳад кард. Соли гузашта Покистон низ иддаои узвият дар Созмони Шанхай карда буд, аммо мухолифати шадиди Маскаву Душанбе мавзӯъи пазироии Покистонро дар ин иттиҳод ба таъхир гузошт. Даъвои Русияву Тоҷикистон дар мавриди зиддият бо Покистон аслан рӯи масъалаи пуштибонии Покистон аз ҷиноҳи Толибон дар саҳнаи сиёсии Афғонистон тамом мешуд ва ҳамакнун бо рафтани Толибон аз сари қудрат дар Кобул имконияти Покистон дар мавриди қабул ба Созмони Шанхай воқеъитар арзёбӣ мешавад. Аммо дар нишасти Пекин на ин масъала балки баррасии шиддати ахири муносибати байни Ҳиндустону Покистон дар назар дошта шудааст. Ҳам Чин ва ҳам Русия дар ҳалли ин муноқиша даъвои миёнҷигарӣ кардаанд вале ташаббусҳои мушаххасе дар ин маврид садо надод балки нишасти Пекин бо даъвати тарафҳои мунозеъ ба ҷилавгирӣ аз ташануҷи бештари вазъият ва ҳалли бахушии мушкилоти мавҷуда иктифо намуданд. Зимнан созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар изҳор доштаанд, ки Пекин ва Маскав дар паи ҳамлаҳои террористии рӯзи 11-уми сентябр алайҳи Амрико сурат гирифта имконият ёфтанд, алайҳи гурӯҳҳои этникӣ ва динии мухолиф дар қарамрави худ шадидтар иқдом намоянд. Созмони Ҳуман Райтс Вотч марказаш дар Ню-Йорк бо пахши як номаи саркушода аз аҳли нишасти Шанхай дар шаҳри Пекин даъват намуд, дар мавриди мубориза бо терроризм дар минтақа меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро риоя кунанд. Ин муассисаи ҳуқуқи башар навиштааст, иқдомот дар мавриди мубориза бо терроризм бояд ҳусни тафоҳуми байни гурӯҳҳои қавмӣ ва динии муқими ин кишварҳоро низ дар бар бигирад. Ба гуфтаи "Ҳуман Райтс Вотч" таъқиби ин гурӯҳҳо ва сӯиистифода аз нирӯҳои қудратӣ боиси эҷоди шароите хоҳад шуд, ки фаъолиятҳои ваҳшатафканӣ дар минтақа идома пайдо намоянд. Даъвати созмонҳои ҳуқуқи башар ишора ба Пекину Маскав аст ки таъқиби мухолифони худро дар вилояти уйғурнишини Син Цзян ва дар Чеченистон идома медиҳанд. Ахиран мақомоти Пекин шумораи бузурги уйғурҳоро дар ин вилоят ба иттиҳоми мушорикат дар гурӯҳҳои ҷудоихоҳи уйғур ба ҳабс кашид. Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки соли 1996 барои ҳалли мушкилоти марзии байни кишварҳои ҳаммарз бо Чин таъсис ёфта буд, бо кушодани дарҳояш ва ба узвият пазируфтани Ӯзбакистон ки бо Чин марзҳои мустақим надорад ба як созмони муассири минтақавӣ табдил ёфт ва дар ин муддат муваффақ шуд, танишҳои марзии мавҷуда ва фаъолияти созмонҳои ҷудоихоҳ ва тундгарро дар минтақа як андоза маҳдуд намояд. Масоили муҳими рӯзномаи нишасти Пекин мавзӯъи ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви созмонро камаҳамият нишон медиҳанд аммо ба назари коршиносон бо коҳиши шиддати тундгароӣ дар минтақа ва ҳалли мушкилоти марзии кишварҳои узв бо Чин дар оянда маҳз масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ метавонад зербинои тақвияти нуфуз ва рушди созмони ҳамкориҳои Шанхай шавад.

XS
SM
MD
LG