Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидору гуфтушунидҳои вазири дифоъи Фаронса дар Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат

Вазири дифоъи Фаронса Ален Ришар дар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба нақши муҳими Тоҷикистон дар амалиёти зидди террор дар Афғонистон арҷ гузошта, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Фаронса бояд ҳамкориҳоро дар ин амалиёт ва ҳамчунин расондани кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон ва эҳёи баъдиҷангии он густариш диҳанд.



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва вазири дифоъи Фаронса Ален Ришар аз натиҷаҳои феълии амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карданд. Мулоқот замоне баргузор шуд, ки аввалин бахши нирӯҳои Фаронса ба воситаи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол ёфтанд, то дар ҳайъати нирӯҳои байнулмилали кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон иҷрои вазифа кунанд. Дар дидори мазкур ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуданд. Ален Ришар инчунин бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ва вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев гуфтушунид пеш бурд.

XS
SM
MD
LG