Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи нақби Соланг



Чарлз Рекнайгел, Салими Аюбзод

То аввалин рӯзи моҳи феврал нақби Соланг дар шоҳроҳи миёни Кобул ва Мазори Шариф барои ҳаракати мошинҳо боз мешавад, аммо аз ҳоло ҳар рӯз садҳо нафар пиёда роҳи худро ба воситаи ин гузаргоҳ наздиктару осонтар мекунанд.



Нақби Соланг дар фосилаи чаҳор соат роҳи мошин аз Кобул, дар кӯҳдомани шимоли пойтахти Афғонистон воқеъ аст ва дар ин фасли сол кӯҳу камари он зери кӯрпаи ғафси барф қарор дорад. Ин нақби чандкилометра барои он сохта шудааст, ки роҳро аз Кобул ба самти шимоли мамлакат осонтар ва наздиктар кунад. Аммо чор соли охир нақб баста буд ва роҳи мошин аз Кобул то Мазори Шариф аз ҷои дигар гузашта, ба ҷои ҳашт соат 24 соат тӯл мекашид. Даромадгоҳи нақб дар соли 1997 бо супориши Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи машҳури Иттиҳоди Шимол тарконда шуд. Воқеа рӯзҳое ба амал омад, ки Мазори Шариф бар зидди толибҳо қиём кард ва нирӯҳои толиб аз ҳамин шоҳроҳ мехостанд ба Кобул ақиб нишинанд. Ҳадафи дигар ин буд, ки ба Толибон имкон дода нашавад, аз нақби Соланг ба сифати гузаргоҳи икмолотӣ истифода кунанд. Толибҳо борҳо кӯшиш карданд, назорати нақбро ба даст оранд. Вақте ки нақб хароб карда шуд, таъсири он ба ҳаракати автомобилӣ хеле кам буд, зеро бо сабаби ҷангҳо дар ин манотиқ кам касон ҷуръат мекарданд, аз Кобул ба Мазори Шариф ва ё баракс сафар кунанд. Аммо имрӯз баста будани нақб барои ҳама мушкил пеш оварда, тиҷорату иқтисодиёт ва расондани ёриҳои башариро таҳти таъсир мегузорад. Ин аст, ки созмони ғайридавлатии Бритониёӣ ва муҳандисон аз Русия дар ин ҷо шабурӯз кор мекунанд, то нақбро дубора боз кунанд. Созмони бритониёии Ҳало Траст, ки асосан ба поккории минаҳо машғул аст, бо булдозерҳои бузург даромадгоҳи нақбро тоза мекунад ва муҳандисони рус шабакаи барқ ва ҳавотозакунии нақбро тармим менамоянд. Намояндагони ҳарду тараф мегӯянд, агар корҳо ба ҳамин суръат пеш раванд, дар даҳ рӯзи оянда, нақб омодаи кор мешавад ва рӯзи якуми феврал аввалин қатори мошинҳо аз он ба ҳаракат хоҳад омад. Масъули Ҳало Траст ҷаноби Атиқуллоҳ мегӯяд, 65 дарсади кор иҷро шудааст ва вазифа ба сурати куллӣ хеле мураккаб аст. Ба гуфтаи Атиқуллоҳ даромадгоҳи нақб боз гашт ва муҳандисони рус шабакаи барқро тармим карданд. Чароғҳое, ки ҳанӯз дар фосилаҳои дур аз ҳамдигар даргирон шудаанд, даруни нақбро нимарӯшан мекунанд. Вале ин кофист, ки ҳазорон нафар аз паноҳандагони пешин бо истифода аз нақб роҳи худро ба манзилҳои деринаи хеш наздик кунанд. Ва садҳо нафар кӯдаку наврас ин ҷо пайдо шуд, ки ҳар кадом мехоҳад бору бухчаи шуморо аз дастатон бигирад ва дар ивази як музди ночиз онро то баромадгоҳи нақб бикашонад. Роҳи андаруни нақб низ чандон ҳамвор ва бемушкил нест. Ҳарҷо ҳарҷо шикофу чуқуриҳо ҳастанд, ки агар дар нимторикӣ кас эҳтиёт накунад, метавонад, камаш пойи худро маҷрӯҳ созад. Аз рӯбарӯ гурӯҳи дигари одамон ҳаракат мекунад ва баъзан ҳолатҳои булаҷаб иттифоқ меафтад. Чанд тане ки бори вазнинро аз чаҳор гӯшааш гирифта меомаданд, то фаҳмиданд, ки ба чуқурӣ афтоданд. Аммо бо ханда бархосат бори худро гирифта пеш рафтанд. Баъзе борҳо бо пои худ мерафтанд, манзур рамаи хурди гӯсфандон, ки дар нимторикӣ аз тарс садо намебарованданд ва аз рӯи чуқуриҳо меҷаҳиданд. Такси ва кирокашҳои зираки кобулӣ бо боз шудани даромадгоҳи нақб дар ин ҷо истгоҳи доимии худро ташкил доданд. Рӯзи дигар дар назди истгоҳ чойхона ва кабобпазӣ боз гашт. Дар ин сӯи нақб низ истгоҳи таксиҳо ба кор сар кард ва кирокашҳо мардумро то Мазори Шариф мерасонанд. Коргароне ки ба тоза кардани нақб машғуланд, ба гузаштани пиёдгардҳо мухолифат надоранд. Корманди Ҳало Траст Атиқуллоҳ мегӯяд, ҳар рӯз аз ин нақб то сесад нафар мегузарад ва ин адад рӯз то рӯз зиёд мешавад. Шумораи таксиҳо дар ду самти нақб низ зиёд мегардад ва ахиран зарур омад, ки дар ин ҷо постгоҳи нозирони роҳ ба кор сар кунад.

XS
SM
MD
LG