Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи панҷшанбе президентҳои Тоҷикистону Узбакистон мулоқоти алоҳидаи дуҷониба барпо карданд



Холидаи Қодир

Шояд дар байни Тоҷикистону Узбакистон режими виза аз байн бурда шавад. Узбакистон даҳ дар сади қарзҳои Тоҷикистонро бахшид. Аз дидгоҳи Тоҷикистон ин аст, ду нуқтаи муҳимтарини мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд.



Шояд дар байни Тоҷикистону Узбакистон режими виза аз байн бурда шавад. Узбакистон даҳ дар сади қарзҳои Тоҷикистонро бахшид. Аз дидгоҳи Тоҷикистон ин аст, ду нуқтаи муҳимтарини мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд. Раҳбарони чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқситон ва Қирғизистон дар мулоқоти Тошканд тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорати минтақавиро таҳким мекунанд. Дар ҳуҷҷате, ки раҳбарон имзо карданд, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар масъалаи тақсими манобеъи об, бахши нақлиёт, барқу газ ва масъалаи марз зикр гардид. Ҳамсояҳо ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки ҳукумати нави Афғоснитон ва раҳбари он Ҳомид Карзайро дастгирӣ мекунанд ва дар мубориза зидди терроризм ҳамкорӣ менамоянд. Албатта, дар гузашта низ ҳуҷҷатҳои зиёди ҳамкориҳои минтақавӣ имзо шуда ва амалан, ҳеҷ яке аз он барномаҳои ҳамкориву ҳамоҳангӣ иҷро нагардиданд. Вале тавре, президенти Қирғисзитон Аскар Оқоев дар мулоқоти Тошканд изҳор дошт, ҳуҷҷати кунунӣ дар шароити нав таҳия гардид. Яъне ҳоло дар робита бо таҳаввулоти Афғонистон, минтақа умед дорад, ки асосан аз хатари терроризм, бунёдгароии исломӣ ва шояд то андозае аз хатари паҳншавии маводи мухадира аз Афғонистон раҳо мешавад. Осиёи Марказӣ ҳоло мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи байнламлилалӣ аст ва аз ин сабаб, интизори сармоягузориҳои ва кӯмакҳои бештари хориҷӣ мебошад. Бо дар назардошти ин шароит, чунин умедворӣ вуҷуд дорад, ки ҳуҷҷати нави ҳамкории минтақавӣ, бар хилофи санадҳои қаблан имзо шуда, шояд шансҳои бештари иҷро шудан дошта бошад. Дар ҳошияи мулоқоти умумӣ, рӯзи панҷшанбе президентҳои Тоҷикистону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Ислом Каримов, мулоқоти алоҳидаи дуҷониба барпо карданд. Дар ин вохӯрӣ, тавре гуфтем, Ислом Каримов гуфт, ки Тошканд аз даҳ дар сади қарзҳои Тоҷикистон сарфи назар мекунад. Тоҷикистон дар маҷмӯъ, аз Узбакистон 120 миллион доллар қарздор аст ва акнун аз пардохти 12 миллиони он озод гардид. Ду раиси ҷумҳурӣ ҳамкориҳои иқтсиодиву фарҳангиии Тоҷикистону Узбакистон ва масъалаи амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. Ислом Каримов изҳор дошт, ки то ҳол аз хатари убури гурӯҳҳои тундрав аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон нигарон аст. Каримов мегӯяд, ки ҳанӯз машқгоҳҳои ҷумбиши исломии Узбакистон дар Афғонистон побарҷо мондаанд. Каримов гуфт, мо иттилоъ дорем, ки Тоҳир Юлдошев, раҳбари ин ҷумбиш ҳоло дар Покистон аст ва мақсади фирор ба Эронро дорад. Вале Имомалӣ Раҳмонов мегӯяд, гузаштани гурӯҳҳои террорист ба хоки Тоҷикистон аз эҳтимол дур аст. Раҳмонов гуфт, тибқи маълумоти мо Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи узбак дар Афғонистон кушта шудааст. Ба гуфтаи Раҳомнов, моҳи октябр гурӯҳи Намангонӣ кӯшиши убури марзи Тоҷикистонро кардааст, вале шикаст хӯрданд. Зеро нирӯҳои марзбон моҳҳои ахир ба тарви қобили мулоҳиза таҳким ёфтаанд. Президент Раҳмонов ҳамчунин иддаоҳоро дар бораи мавҷудияти машқгоҳҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон рад кард.

XS
SM
MD
LG