Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Қирғизистон барои ҷалби сармоягузориҳои нав



ЕвразияНет

Қирғизистон сахт талош дорад, то аз таваҷҷӯҳи нав ба Осиёи Марказӣ ва аз кӯмакҳои бузурге, ки минтақа интизор дорад, бебаҳра намонад. Вале аз тарафи дигар, раҳбарони Қирғизистон дарк мекунанд, ки қарзҳои бузурги ҷумҳурӣ шояд садди роҳи сармоягузориҳои нав мешаванд.



Қирғизистон сахт талош дорад, то аз таваҷҷӯҳи нав ба Осиёи Марказӣ ва аз кӯмакҳои бузурге, ки минтақа интизор дорад, бебаҳра намонад. Вале аз тарафи дигар, раҳбарони Қирғизистон дарк мекунанд, ки қарзҳои бузурги ҷумҳурӣ шояд садди роҳи сармоягузориҳои нав мешаванд.

Қирғизистон кишвари нисбатан хурди Осиёи Марказӣ аст ва ба гуфтае, ҳамсояҳои бонуфуз ва сарватманди он Қазоқистону Ӯзбакистон ба Қирғисзитон соя меафкананд. Дар муқобили он, раҳбари Қирғизситон Аскар Оқоев кӯшиш кард, ки ҷумҳуриро ба минтақаи бештар аз ҳама озоди иқтсиодӣ табдил диҳад. Андерс Аслунд аз Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Карнеги мегӯяд, раҳбарони Қирғизистон барои озод кардани нарх ва ислоҳоти демократӣ кӯшишҳои ҷиддӣ ба харҷ доданд. Вале вазъият чандон тағйир наёфт. Зеро мавқеъи ҷуғрофии Қирғисзитон барои тиҷорат зиёд мусоид нест. Ин кишвар, агарчи, сангҳои гаронбаҳо ва захираи об дорад, вале вобастаи нафту гази берунӣ мебошад. Дар миёнаи солҳои навадум Қирғизистон чун ҷазираи демокартӣ дар Осиёи Марказӣ ном баровард. Дар ҳамин робита, Бишкек назар ба ҳар кишвари дигари Осиёи Марказӣ сармоягузориву кӯмакҳои бештари Ғарбро ба даст овард. Ҳоло Қирғизистон 1.4 миллиард доллар қарзи хориҷӣ дорад, ки аз ҳамон солҳо боқӣ мондааст. Вале барои бозгардони қарзҳо, ҷумҳурӣ ягон манбаъи муҳими даромад надорад. Дар Қирғизистон маоши миёна моҳе 30 доллар аст, аксари аҳолӣ дар сатҳи поинтарини нодориву камбизоатӣ зиндагӣ мекунад.

Раҳбарони ҷумҳурӣ роҳи ҳалли мушкилро дар сармоягузории хориҷӣ мебинанд. нахуствазири Қирғисзитон Курманбек Боқиев моҳи ҷорӣ дар мулоқоти гурӯҳи Евразия дар Ню Йорк дархости кӯмакҳои бештари хориҷӣ намуд. Боқиев дар ин мулоқот ҳангоми арзёбии кишвараш гуфт, ки Қирғизистон манбаъи маҳсулоти аз лиҳози экологӣ пок мебошад. Ӯ афзуд, ҷумҳурӣ соҳиби манобеъи бузурги табиӣ ва сангҳои гаронбаҳо аст, вале барои коркарди он пул надорад. Дар воқеъ, инфраструктураи Қирғисзитон низ заиф аст. Масалан, бо қариб чаҳоруним миллион аҳолӣ, дар ин ҷумҳурӣ танҳо 351 ҳазор нуқтаи телефон вуҷуд дорад.

Евразия Нет менависад: Мутахассисони хориҷӣ ҳанӯз Қирғизистонро ситоиш мекунанд, ки барои ҳамкориҳои иқтсиодӣ фазои нисбатан боз дорад. Вале нодориву камбағалии густарда ва қарзи бузурги хориҷӣ барои ба по хестани иқтисоди кишвар монеа эҷод мекунад. дар ҳамин ҳол, ҳамсояи Қирғисзитон Ӯзбакистон аз Банки Воридоту Содироти Амрико ваъдаи 50 миллион доллар гирифт. Ин нукта ба кӯшиши эҳёи иқтисоди Қирғизистон зарбаи дигар мезанад. Зеро мутахассисон мегӯянд, Ӯзбакистон он 50 миллион долларро барои ислоҳоти иқтсиодӣ масраф нахоҳад кард. Алекс Кулий, профессори коллеҷи Бернард аз Ню Йорк ба мусоҳиба ба Евразия Нет гуфтааст: кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мисли Қирғизистон фазои боз надоранд. Қарзҳои хориҷӣ ба ин ҷумҳуриҳо бояд бо гузоштани шарти ислоҳот дода шаванд. Қарзҳое, ки бе шартгузорӣ дода мешаванд, баръакс барои дар ҳолати кунунӣ боқӣ мондани минтақа мусоидат мекунанд. Мушкили дигари Қирғизистон ин аст, ки аксари ҳамсояҳо ба ҳамкориву тиҷорати минтақавӣ таваҷҷӯҳ надоранд. Баръакс онҳо марзҳои худро ҳарчи бештар маҳкам мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон ба манбаъи оби худ умед мебандад. Дар мулоқоти Ню Йорк нахуствазир Курманбек Боқиев гуфт: ҳамсояҳо оби моро амалан, ройгон, яъне бепул истияфода мекунанд, дар ояндаи наздик ҳукумати мо баррасӣ хоҳад кард, ки дар муқобили об аз ҳамсоя чӣ метавон гирифт. (Баргардони Холидаи Қодир)

XS
SM
MD
LG