Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи сахти ҳукумати нави Афғонистон



Александра Пулос, Салими Аюбзод

Ҳукумати нави Афғонистон аз гурӯҳ ва шахсиятҳои гуногун ба ҳам омадааст. Ҳамкории бомуваффақияти ин амалдорони давлат ба ҳамзистӣ ва тафоҳуми гурӯҳҳое бастагӣ хоҳад дошт, ки онҳоро узви ҳукумат карданд, ба вижа гурӯҳҳое ки пойгоҳи ҳарбӣ доранд.

Ҳайъати 30-нафараи ҳукумати нави Афғонистон ба манфиатҳои миллат ва давлати Афғонистон савганди вафодорӣ ёд карданд ва аз ин лаҳза масъулияти таърихии ояндаи Афғонистон ба дӯши онҳо фуруд омад. Бо ҳама сангинӣ ва ҳазорон мушкили ҷиддии кишваре, ки бояд аз бунёд бозсозӣ шавад. Нозирони авзоъ мегӯянд, ин бозсохт шояд бо кӯмаки ҷомеъаи байнулмилал имконпазир гардад, аммо агар амнияти кишвар таъмин нашавад ва ҷангсолориву ҳокимиятрониҳои маҳаллӣ боқӣ бимонанд, мумкин аст, ягон барномаи ояндаи Афғонистон барор нагирад. Подшоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ, дар тафовут аз коршиносони умури минтақа, ба ояндаи Афғонистон хушбин аст ва дар мусоҳиба бо ФрансПресс рӯзи шанбе гуфт, ба лаёқати Ҳомид Карзай ва шарикони ӯ бовар дорад ва дуо мекунад, онҳо комёб бошанд. Шореҳи Ҷейнс Дефенсе Викли Томас Визингтон вазифаҳои аввалиндараҷаи идораи нави Афғонистонро ин тавр номбар мекунад: "Аввалин чизе ки бояд ҷиддан баррасӣ шавад, халъи силоҳи аҳолӣ мебошад. Зарурати ҳамкорӣ бо ҷомеъаи байнулмилалӣ мавҷуд аст, то назму қонун тазмин гардад. Ин махсусан муҳим аст, бо назардошти вазъи Кобул дар давраи гузаштаи ҳокимияти Эътилофи Шимол. Дуюм, бояд ба мардум дар фасли зимистон кӯмаки фавқулодда расонда шавад. Сеюм, бояд хоки Афғонистон аз мина тоза гардад. Эҳтимолан Афғонистон серминатарин кишвари рӯи замин аст. Ин мушкил бояд ҳал шавад."

Ҳукумати нави Афғонистон аз гурӯҳ ва шахсиятҳои гуногун ба ҳам омадааст. Се вазорати асосӣ: дифоъ, умури хориҷӣ ва дохилӣ дар дасти намояндагони Эътилофи шимол ҳастанд. Куллан ин эътилоф, ки аз тоҷикон, ӯзбакҳо, ҳазораҳо ва шумори ками дигар ақвом таркиб ёфтааст, 18 намояндаи худро ба ҳайъати синафараи ҳукумат дохил кард. Вале худи Карзай намояндаи гурӯҳи Рум буда, ҳамчунин хонум Симо Самар сарвари умури занон, Суҳайло Сиддиқӣ вазири беҳдошт ва Ҳидоят Амин Арсало масъули бахши молияи ҳукумати нав фиристодагони гурӯҳи Рум мебошанд. Ҳоҷӣ Мангал Ҳусайн, аз гурӯҳи Пешовар намояндагӣ мекунад ва гурӯҳи Қибрис ба идораи нав намоянда пешниҳод накард. Ҳамкории бомуваффақияти ин амалдорони давлат ба ҳамзистӣ ва тафоҳуми гурӯҳҳое бастагӣ хоҳад дошт, ки онҳоро узви ҳукумат карданд, ба вижа гурӯҳҳое ки пойгоҳи ҳарбӣ доранд. Ҳамчунин онҳое ки аз ҳайъати ин идора норозиянд, ба фазои мусойиди кори он таҳдид карда метавонанд. Таҳлилгарони ғарбӣ дар ин робита пеш аз ҳама ба чеҳраҳои бонфузуе монанди Бурҳонуддини Раббонӣ ва Абдулрашиди Дӯстум ишора мекунанд. Дӯстум, масалан, аз он ки се вазорати аслии ҳукумат ба дасти тоҷикҳо гузашт, изҳори хашму ғазаб кардааст. Лекин намояндаи Милали Муттаҳид Лахзар Иброҳимӣ мегӯяд, номаи Дӯстумро дар даст дорад, ки гуфтааст, сад дарсад бо ҳукумати нав ҳамкорӣ хоҳад кард. Томас Визингтон, таҳлилгари Ҷейнс Дефенсе мегӯяд, шахсиятҳое чун Раббонӣ ва Дӯстум агар бубинанд, ки ҳукумати нав воқеъан соҳиби нирӯст, бо он ҳамкорӣ хоҳанд кард. "Ба фикрам, афроде чун Раббонӣ ва дигар соҳибқудратон, вақте бинанд, ки аз ҳифзи ин идора ва пешрафти кори он баҳравар хоҳанд буд, ба он ворид мешаванд ва дар канор намеистанд. Ва агар кӯмаки густардаи башарӣ, мадади байнулмилал дар бозсохти харобиҳои ҷанг афзоиш ёфта, ҳузури ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар кишвар идома кунад, афроде чун Раббонӣ боиси ташвиш нахоҳанд шуд. Онҳо дар ҳолати худдорӣ боқӣ хоҳанд монд." Ба қавли Визингтон мушкили дигар аз бозиҳои геополитикии давлатҳои ҳамсоя бармеояд. Эрон, Покистон, Русия, Ӯзбакистон ва дигар кишварҳо, ҳар кадом мехоҳад дар Афғонистон низоми барояш хушоянд ҷорӣ ва ашхоси барояш наздик дар сари қудрат бошанд. Чунончи, рӯзи ҷумъа президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов гуфт, Афғонистон бояд давлати федеративӣ гардад ва ҳар минтақаи он соҳиби истиқлолияти нисбӣ бошад. Эрон ва Покистон гуфтушунид доранд, то сиёсати ояндаи худро дар баробари Афғонистон ҳамоҳанг кунанд. Вале ҳамсӯҳбати мо, Томас Визингтон бар ин аст, ки ин бор ҳузури дарозмуддати ҷомеъаи ҷаҳонӣ имкон нахоҳад дод, вазъи Афғонистон аз берун халалдор гардад ва кӯмаки байнулмилал фазои парокандагию хашмро аз байн хоҳад бурд. Аммо на танҳо хориҷиён қарор аст, ба Афғонистон кӯмак кунанд. Подшоҳи собиқи ин кишвар Муҳаммад Зоҳиршоҳ мегӯяд, умедвор аст, миллионҳо шаҳрванди Афғонистон, ки имрӯз дар сартосари ҷаҳон пароканда ҳастанд, бармегарданд, то таҷрибаи андӯхта ва нирӯи худро ба ватан ҳадия оранд.

XS
SM
MD
LG