Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди амрикоӣ сабабҳои маҳбубияти Иттиҳоди Шӯравии фурӯрехтаро арзёбӣ мекунад



Хоҷа Мирзода

Дар яке аз суханрониҳои таърихии худ дар соли 1983 президенти ИМА Роналд Рейган Иттиҳоди Шӯравиро "Империяи бадӣ" унвон дода буд ва бисёриҳо бо дар назардошти гузаштаи пурхуну золимонаи СССР ин кишварро бо ҳамин ном ёд мекунанд.

Дар яке аз суханрониҳои таърихии худ дар соли 1983 президенти ИМА Роналд Рейган Иттиҳоди Шӯравиро "Империяи бадӣ" унвон дода буд ва бисёриҳо бо дар назардошти гузаштаи пурхуну золимонаи СССР ин кишварро бо ҳамин ном ёд мекунанд. Аммо Стивен Коҳен таърихшинос аз Донишгоҳи Нюйорк мегӯяд, ки аксари сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ ва, ба хусус сокинони Русияи имрӯза, бо чунин номгузорӣ мухолиф мебошанд. Онҳо ба мисли шаҳрвандони мамолики дигар хубиҳои Иттиҳоди Шӯравиро ёд мекунанд: Бунёди босуръати муассисаҳои азимӣ маъдангудозӣ, роҳҳои оҳани тӯлонӣ, нерӯгоҳҳои барқиву обӣ, пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ё худ Ҷанги Бузурги Ватанӣ, парвози аввалин кайҳоннавард ва ғайраву ҳоказо ҳамчун исботи бузургии Иттиҳоди Шӯравӣ мисол оварда мешавад. Дар ҳамин ҳол моҳи декабри соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври ногаҳонӣ фурӯ рехта, аз як сӯ, имконоту озодиҳои бемаҳдудият ва аммо аз сӯи дигар, дилтангӣ ба ёди ватани нобудшударо ба вуҷуд овард. Ба қавли Стивен Коҳен мардуми солхӯрда, ки солҳои беҳтарини худро дар Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронидаанд, аз он хушҳол нестанд, ки кишвари онҳо дар партовгоҳи таърих ҷойгир шуд. Муаррихи амрикоӣ меафзояд: Сабаби дигари ёди нек аз Иттиҳоди Шӯравӣ мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии рӯзгори имрӯзаи бахши бузурги сокинони ин минтақа аст. Ба истиснои шаҳрвандони ҷамоҳири назди Балтик, чӣ дар Русия ва чӣ дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ озодиҳои демокративу иқтисоди бозорӣ фақат дар назария вуҷуд дорад. Стивен Коҳен мегӯяд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба мисли кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ дорои системаи мукаммали ҳифзи иҷтимоӣ буд: " Давлат тамоми анвои имтиёзу кӯмакро таъмин мекард. Шумо таваллуд мешудед, маълумот мегирифтед, соҳиби кор мешудед, ҳаёти одилонаву осуда доштеду рӯзҳои шумо ба оромӣ мегузаштанд. Шарти асосӣ ин буд, ки ба қонунҳои сиёсӣ мухолифат накунед. Ин ҳамон чизест, ки ба истинои ҷамоҳири Балтик тахминан ҳаштод- навад дар сади сокинони ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ аз даст додаанд. Ҳамон амнияти зиндагӣ ё худ эҳсоси дастрасӣ ба имтиёзҳову кӯмакҳо аз байн рафт."

Дар давраи гузариш сатҳи зиндагии мардуми ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ поин шуда, сирояти бемориҳои фаромӯшшуда, ҷинояткорӣ ва фавт ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Стивен Коҳен мегӯяд, ки Иттиҳоди Шӯравиро бо империяҳои қаблӣ муқоиса кардан мумкин нест. Дар баробари он, ки Русия ба мисли Британия сарватҳои зиёдеро ба Маскав мебурд, раҳбарони коммунист сармоягузориҳои зиёдеро ба ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ масраф менамуданд. Пажӯҳишгари амрикоӣ бар ин ақидааст, ки агар перестройкаи Горбачев муваффақ мешуд, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бурд мекарданд. Ӯ мегӯяд:

" Ин суоли муҳим барои пурсидан аст, зеро демократизация дигар дар Осиёи Марказӣ мавҷуд нест... ва на танҳо дар Осиёи Марказӣ, ин ба як шакли нави ҳукмронии худкома мубаддал шудааст. Раҳбарони кӯҳнаи коммунист сарватҳо ва саҳнаи сиёсии кишварҳояшонро ба хешу табор ва ҳамқавмҳояшон тахсис додаанд. "

Стивен Коҳен мегӯяд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ то ҳанӯз ҷои Иттиҳоди Шӯравиро ишғол накарда бошад ҳам, тамоми имконро дорад, ки рӯзе ба Иттиҳоди беҳтар аз СССР табдил ёбад.

XS
SM
MD
LG