Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори видеойӣ, ки дар он Усома Бин Лоден даст доштани худро дар инфиҷорҳои Амрико фош мекунад, дар телевизионҳои ҷаҳонӣ пахш шуд



Хиромон Бақозода

Гуфта мешавад, саҳнаи видеоӣ 9 ноябр дар яке аз қароргоҳҳои собиқи Толибон дар Қандаҳор сабт шуда, худи кассета як моҳ пеш дар Ҷалолобод ба даст афтод.

Навори видеоӣ, ки дар он Усома Бин Лоден даст доштани худро дар инфиҷорҳои Амрико фош мекунад, дар телевизионҳои ҷаҳонӣ пахш шуд. Ҷорҷ Буш дар муддати кӯтоҳ эълон карда буд, ки хадамоти махсус сабти видеоии террористи рақами 1-ро пайдо кардаанд ва дар он аз забони худи Бин Лоден исбот мешавад, ки вай гунаҳгори асосии он воқеаҳост. Гуфта мешавад, саҳнаи видеоӣ 9 ноябр дар яке аз қароргоҳҳои собиқи Толибон дар Қандаҳор сабт шуда, худи кассета як моҳ пеш дар Ҷалолобод ба даст афтод. Ҳукумати Амрико тафсилоти ба даст расидани навори мазкурро фош намекунад, вале ба ҳаққонияти он шӯбҳа надорад. Усома Бин Лоден дар сабт ба арабӣ гап задааст ва сифати тарҷумаро низ кормандони вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида баҳои хуб додаанд. Дар навор Усома Бин Лоден дар ҳалқаи чанд нафар аз ҳаммаслаконаш нишаста, воқеаҳои сентябриро баррасӣ мекунад. Чеҳраи вай хеле ором аст, аҳён аҳён изҳори хурсандӣ мекунад ва дида мешавад, ки аз кори террористони Ал-Қойида куллан розӣ аст. Усома Бин Лоден мегуяд: "Ҳамаи бародароне, ки дар амалиёт ширкат карданд, аз амалиёти фоҷиабор огоҳ буданд. Онҳо медонистанд, ки бояд ба Амрико раванд. Вале касе аз онҳо ҳатто ҳарфе дар бораи тафсилоти амалиёт чизе намедонист. Ба ҳар сурат, онҳо одамони ботаҷриба ва тайёр буданд, мо онҳоро санҷида баъд ба амалиёт раҳнамоӣ кардем". Дар ин бора, президенти Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, "Бин Лоден дилу виҷдон надорад". Тавре аз гуфтаҳои Бин Лоден дар сабт маълум мешавад, ҳатто худи вай дараҷаи ваҳшонияти амалиёти террористиро интизор набудааст. Бин Лоден мегӯяд: "Аз рӯи ҳисобҳои пешакии мо бояд 3 ё 4 ошёнаи бинои Маркази Савдо осеб медид ва теъдоди камтари одамон кушта мешуданд. Ин дар беҳтарин ҳолат, зеро аз рӯи таҷрибаи ман, ҳангоми дар оташ об шудани оҳан, одатан атрофи он макон ба оташ мепечаду халос. Ва умеди мо ҳам ҳамин буд. Сабти мазкур дар телевизионҳои СНН-у Би Би Си баъди 1 моҳи омӯзиш аз ҷониби ҳукумат ва хадамоти дахлдори Амрико ба мардуми ҷаҳон пешкаш шуд. Намоиши он бовари онҳоеро, ки мутмаин буданд ҳамлаҳои 11 сентябрро Бин Лоден таҳия кардааст, қавитар намуд. Даҳҳо нафар аз чеҳраҳои шинохта бори дигар ин ҳамлаҳо ва Бин Лоденро маҳкум намуданд. Садҳо созмонҳои мусулмонӣ бо изҳори бовар ба навори мазкур гуфтанд: Бин Лоден ва кору андешаи ӯ на танҳо бо ислом пайванде надорад, балки комилан зидди дини ислом аст. Дар айни ҳол, дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон нисбати навори видеоӣ изҳори шӯбҳа шуд, ки онро хадамоти Иёлоти Муттаҳида бо мақсадҳои таблиғотӣ таҳия ва нашр кардааст. Ба гуфтаи мутахассисон, навор қалбакӣ нест, вале эҳтимол дорад, он мавриди таҳрир қарор гирифта бошад. Дар бобати баргардони навор аз арабӣ ба англисӣ ин коршиносон мегӯянд, тарҷума дақиқ ва комил аст.

XS
SM
MD
LG